МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон машварати назоратии назди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баргузор гардид. Дар машварат муовини якуми раиси вилоят, муовинон, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар машварат ду масъалаи муҳим дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Муовини сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят Гулмамадов Г баромад намуда қайд карданд, ки аз тарафи раёсат барои ҳимоя намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ, мағозаҳо ва марказҳои савдо гузаронида шуд ва маҳсулотҳои пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаги аз фурӯш бардошта шуданд. Раиси вилоят афзуд, ки Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоятро зарур аст, ки барои ҳифз намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни соҳибкорон пурзӯр намояд ва дар бартараф намудани маҳсулотҳои пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаги кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилоят вазифадор гардиданд, нисбати чунин соҳибкорон чораҳои зарури андешанд.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов як қатор соҳибкорони фаъоли вилоят, ки дар шаҳри Хоруғ фаъолият доранд ба ҳузур пазируфт.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов як қатор соҳибкорони фаъоли вилоят, ки дар шаҳри Хоруғ фаъолият доранд ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот инчунин муовини якуми раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, сардори рушди иқтисод ва савдои вилоят, масъулини сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят иштирок намуданд. Мавзӯи асосии мулоқот ин омодагӣ ба ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Раиси вилоят аз соҳибкорони фаъол даъват ба амал овард, ки дар ободони ва сохтмони иншоотҳои ҳозиразамон саҳмгузор бошанд. Сохтмонҳо бояд аз сеошёна боло ва ба талаботҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ бошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар навбати худ соҳибкоронро дастгири ва ҳавасманд менамояд. Дар анҷоми мулоқот соҳибкорон ҷиҳати пешрафт намудани соҳа дар вилоят пешниҳодҳоро баррасӣ намуданд.

БОИСИ ИФТИХОР АСТ

Моҳи январи соли ҷори маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2019» баргузор гардид.
Мураббиёни насли истиқлол ба майдони таълиму тарбияи кўдакон гом ниҳодаву аллакай ба муваффақияту комёбиҳо даст ёфтаанд, ки ин зимни баргузории даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» мушоҳида карда шуд.
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии«Мураббии соли Тоҷикистон-2019» насиби мураббии Маркази инкишофи Кўдак- и Хадамоти Оғохон оид ба Маориф дар ​ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ангома Атомамадова гардид.
Аз намояндагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ мураббии кўдакистони №15-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Розия Нурматова ва мураббии кўдакистони №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Мураббии кўдакистони №1-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ойтилло Тағоева ҷойи дувум ва мураббии кўдакистони №1-и ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ғолибон аз тарафи кумитаи тадорукот ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба ҳамаи ғолибон роҳхат ба истироҳатгоҳҳои кишвар супурда шуд.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Ҷумъазода Ҷ.Ш.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси ноҳияи
Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Ҷумъазода Ҷ.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
13 январи соли 2020
№1396

Дар конфронси минтакавии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон , ки субҳи рузи 13 январ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ баргузор гардид, номзадии Гиёзода Азиз Кодир-раиси нохияи Шуғнон аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ 41 ба вакилии Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбари карда шуд.

Дар конфронси минтакавии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон , ки субҳи рузи 13 январ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баргузор гардид, номзадии Гиёзода Азиз Кодир-раиси нохияи Шуғнон аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ 41 ба вакилии Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбари карда шуд.

Дурдасттарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон фаъолияти яксолаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ҷамъбаст намуд.

Дурдасттарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон фаъолияти яксолаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ҷамъбаст намуд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии ноҳияи Мурғоб муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Носирзода Умедҷон иштирок ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ноҳияро натиҷагирӣ намуданд. Раиси ноҳияи Мурғоб аз фаъолияти яксолаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гузориш дода қайд карданд, ки бо дастгири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳия дар соли 2019 ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Носирзода Умедҷон зимни баромад худ аз нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои роҳбарияти вилоят сухан намуда барои ҷалб намудани сайёҳон ва ба роҳ мондани саноати кӯҳи ва дигар масъалаҳо ба масъулини ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.

БОИСИ ИФТИХОР АСТ!

Корманди ташкилоти Ҷамьиятии Де-Памири(Dе Pamiri) Бердова Зуҳро дар шаҳри Душанбе, дар маросими ҷоизасупории армуғони беҳтарин сазовори ҷойи аввал, диплом ва ҷоми Кумитаи рушди сайёхии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон гардид.

Сотрудник общественный организации Де-Памири (De- Pamiri) в городе Душанбе в номинации Лучший подарочный ручной изделии заняла первое место и награждена дипломом и кубком Комитет по развитии туризма при Правительстве Республики Таджикистан.

De Pamiri handicraft worker Berdova Zuhro has won first place in the nomination Best Handicraft present and got diploma in Dushanbe. The award was given by the Committe of Tourism Development under the Goverment of Republic of Tajikistan.

Ҷамъбасти фаъолият

Дар толори Сарраёсати молияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҷамъбасти фаъолияти як солаи раёсати молия ва андоз бо иштироки муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар баргузор карда шуд. Додихудоев Уқбол сардори раёсати андози вилоят зимни суханрони худ аз фаъолияти солонаи андози вилоят ҳарф зада қайд кардан, ки мақомоти андози Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар соли 2019 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷети ба андозаи 106,2% таъмин гардид.
Вафобекзода Хурсанд сардори раёсати молияи вилоят дар баромади ҷамъбастии худ қайд карданд, ки соли 2019 аз рӯи даромадҳои худии буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 105,9% таъмин гардид. Сари вакт пардохт намудани музди меҳнати кормандони, нафақа, кӯмакпулиҳо, ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ барои кормандони мақомоти молия аввалиндараҷа буда баҳри иҷро намудани он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.
Муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар дар ҷамъбасти ҷаласа аз фаъолияти соҳаҳои андоз ва молияи вилоят натиҷагири намуда ба кормандони андоз ва молия барои иҷрои сифатнокии нақшаи буҷети вилоят ва пардохти сари вақти маош ва нафақа изҳори сипос намуданд.

Ҷамъбасти сол

Рўзи 09.01.2020 дар маҷлисгоҳи МИҲД – и вилоят ҷамъбасти фаъолияти яксолаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва воҳидҳои сохтории он таҳти раёсати раиси вилоят Ёдгор Файзов сурат гирифт. Дар кори ҷаласа аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири фарҳанг Орумбекзода Ш., вазири нақлиёт Худоёрзода Х., муовини якуми вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Шоимзода Ҷ., муовини якуми ВКД – и ҷумҳурӣ Аламшозода А., раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоят иштирок доштанд. Дар бораи «Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020» муовини раиси вилоят Иматшозода А. маърўза кард. Ҳамчунин сарварони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар сохторҳо роҷеъ ба рушди соҳа ва беҳдошти фаъолият мулоҳизаҳои худро изҳор намуданд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири фарҳанг Орумбекзода Ш. ҷамъбасти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳояшро баён намуд. Раиси вилоят ҷаласаро ҷамъбаст ва дар фароварди он вазифаҳоро барои соли 2020 мушаххсан муайян намуд.

Таърихи 8 январи соли 2020 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ Конфренсияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ рақами 40, бо иштироки раиси В МКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов, вакилон аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва Шуғнон баргузор гардид.

Таърихи 8 январи соли 2020 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Конфренсияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ рақами 40, бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, вакилон аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва Шуғнон баргузор гардид.
Дар Конфренсияи мазкур 101 нафар вакилон аз ҳамаи кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои номбурда иштирок намуданд.
Дар Конфренсияи зикркардашуда номзадии Қодири Қосим Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Ванҷ #40 пешбарӣ гардид.
Дар кори Конфренсия раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов, вакилон роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ суханронӣ намуда, номзадии Қодири Қосимро ҷиҳати пешбарӣ гардидан ҳамчун номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандаи Ванҷ рақами 40 дастгирӣ намуданд