30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегирем.

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрии судманди Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, раиси ВМКБ Файзов Ëдгор ва и.в. раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер бо кормандони мақомоти шаҳр, фаъолон, шуърои занон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ доир гардид. Вохӯриро и.в. раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер ифтитоҳ намуда меҳмонони олқадрро ба шаҳри Хоруғ хайри мақдам намуданд. Сипас Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон баромад намуда, қайд доштанд, ки дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15.12.2020 баргузор гардида буд, роҳбари давлат ба тамоми аъзои ҳукумат ҷиҳати дастгирии табақаи ниëзманд, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳо супориши қатъӣ дода шуд. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон зикр доштанд, Пешвои миллат бори дигар барои баргузор намудани маъракаҳои сиëсие, ки дар соли 2020 ба вуқуъ пайваста буданд, ва инчунин сафари корие, ки ба вилояти Бадахшон доштанд, ба мардуми ин сарзамин изҳорӣ сипос баëн намуданд. Мазкур қайд намуд, ки дар соли оянда боз дигар санаҳои муҳими давлатӣ дар якҷоягӣ таҷлил хоҳем намуд. Аз ҷумла баҳри истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, ин ҷашни умумимиллиро бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем. Ва зикр доштанд, то ҷашни 30 солагии Истиқлолият дар шаҳр ва умуман дар ВМКБ чандин иншоотҳои замонавӣ ба истифода дода мешаванд, ки ин барои пайдо шудани ҷойи кори мусоидат менамояд. Давлатзода Зулфия Вазири Фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ арзу сипос ва миннатдории самимии Роҳбариятӣ Олии мамлакат ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи сиëсати мамлакат ба саҳми ҳозирин расонидаанд. Ҳамзамон қайд доштанд, ки дар баргузори тамоми чорабиниҳои соли 2021 аз Наврӯзи Аҷам сар карда то ҷашни бузурги умумимиллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд ҳар як сокини мамлакат омодагии ҷиддӣ дида дар руҳияи баланди миллӣ ва хештаншиносӣ ин ҷашнҳоро таҷлил намоем. Раиси ВМКБ Файзов Ëдгор қайд доштанд, мардуми сарбаланди ВМКБ минҷумла сокинони шаҳри Хоруғ сиëсати Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда боварии комил дорем ҳар як супориши Сарвари давлатро сарбаландона иҷро менамоянд ва дар ободии диëри худ саҳми босазо мегузоранд. Дар охир и.в. риаиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер бори дигар ҷиҳати дастгирӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар ободии шаҳр аз номи ҳамаи бошандагони шаҳр ба Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, меҳмоноро бовар кунонд, ки тамоми қувваву нерӯи худро дар ҳамдастӣ бо сокинон баҳрӣ ободӣ ва шукуфоии ин гушаи биҳиштосои кишвари маҳбубамон равона хоҳад намуд.

“Якҷоя бар зиди маводи нашъадор мубориза мебарем”

Таҳти чунин унвон субҳи имрӯз бо иштироки муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода, Сардори шубаи пешгирии нашъаманди ва мубориза бо маводи нашъаовари назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Бозорали Сафарализода аксияи ,”Корвони зиддимуходироти 2020″ дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ баргузор гардид.Дар аксияи мазкур зиёда аз 780 нафар ҷавонону наврасон иштирок намуда аз ҷониби масьулин ба иштирокдорон маводҳои таблиғоти тақсим карда шуданд. Инчунин дар ҷамъбасти чорабин ғолибони мусобиқаҳои варзиши ки аз намудхои валейбол, шохмот ва шашка байни хонандагони МТМУ_и шаҳри Хоруғ сабқат доштанд бо медалу ифтихорнома, ҷому туфаҳои арзишманд қадри гардиданд.

Иди меҳргон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ

17 октябр муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Носирзода Умедҷон дар шахри Хоруғ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот боздид карда, дар чорабинии Иди меҳргони шахри Хоруғ иштирок карданд.Дар намоишгоҳ сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ обу заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, самари меҳнати худро ба маъраз гузоштанд. Хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, коргоҳҳои банду басти меваи хушк, сабзавот, асал ва соҳибкорони инфиродӣ намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро дар иди Меҳргон – ҳамчун иди ҳосилу фаровонӣ муаррифӣ намуданд.Ин натиҷаи истифодаи оқилонаи обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида, истифодаи тухмӣ, ҷорӣ намудани агротехникаю технологияҳои пешрафта, заҳмату кордонӣ ва маҳорати кишоварзон мебошад.Муовини раиси вилоят диккати кишоварзони вилоятро барои истифодаи самараноки заминҳо ва боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб намуданд.

Табрикоти муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати таҷлили Иди Меҳргон

Ҳамдиёрони азиз! Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои халқи тоҷик, тантанаи ҷамъоварии ҳосили деҳқон, иди фаровоӣ ва рамзи дўстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат мебошад. Ин ид, тибқи маълумоти таърихнигорон, таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ҷашнгирии он ба нимаи аввали моҳи октябр рост меояд. Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Меҳргон бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 ин ҷашни кўҳан ҳамасола дар тамоми гўшаю канори кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯзу Сада аз кӯҳантарин идҳои машҳури халқи тоҷик аст. Пайдоиш, рушду такомул ва таҳаввули он ба шуғлу рӯзгори деҳқонон марбут мебошад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар солшумории ниёгони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12 рӯз бо номи моҳҳо ҳамном буда, ҳар cоле, ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ ояд, мутантан таҷлил мегардид. Рӯзи меҳр бошад, ба муносибати ғундоштани ҳосили боғу зироат ва шукргузорӣ аз неъматҳои Замин-Модар аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешавад. Аҷдодони мо ба таҷлили ин ҷашн чун Иди Мехргон омодагии комил медиданд, барои ҳарчи тезтар ғундоштани ҳосил ҳашарҳо ташкил мекарданд, сару либоси нав медўхтанд ва сайру базмҳои идона меоростанд. Дар замони Шўравӣ калимаи Меҳргон муддате аз забонҳо дур гашту қариб ба фаромўшӣ мерафт. Хушбахтона, баъди соҳибистиқлолии кишвар, бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ин вожа вирди забонҳо гашт ва акнун ин иди миллӣ ҳамасола дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Боиси қаноатмандӣ аст, ки деҳқонони ҳимматбаланди вилоят бо масъулияти баланду эҳсоси ватандӯстӣ дар ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, маводҳои ниёзи мардумро пешниҳод менамоянд ва бо ин амали неку хайрхоҳонаи хеш ба хонадони ҳазорҳо сокинони вилоят шодиву нишот зам карда истодаанд. Меҳргон ҷашни баракату фаровонӣ ва шукргузорӣ аз хоки ҳосилхезу замини пурэҳсон аст. Аз ҳамин нуқтаи назар, бо таманнои он ки деҳқонони ризқофари мо ҳамеша тансиҳату рӯҳбаланд бошанд ва дар фазои сулҳу суботи Ватан бо хотири осуда кору фаъолияти пурсамар намоянд, бори дигар ин ҷашни баракату эҳсонро ба ҳамаи шумо ва ба кулли сокинони вилоят муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон осудаҳолӣ, саодатмандӣ ва дастархони пур аз нозу неъмати меҳргонӣ орзу менамоям.Ҷашни меҳргон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию-иқтисодии шаҳри Хоруғ дар 9 моҳи соли 2020

14 октябри соли 2020 дар толори МИҲД-и вилоят таҳти раёсати раиси шаҳри Хоруғ ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию-иқтисодии шахр дар 9 моҳи соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа як қатор роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо роҳбарони сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд. Мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Сафар Қурбоншоев оиди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2020-ум баромад намуда иброз дошт, ки дар ин муддат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ барои тақвияти фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр корҳои натиҷабахшро анҷом додааст. Барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ ,ки барои солҳои 2020- 2025 таҳрези шудааст аз 46 банди лоиҳа иборат буда ба он рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими шаҳри Хоруғ ворид гардидааст. Дар робита ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет қайд шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020-ум нақшаи қисми даромади буҷет барзиёди иҷро гардида он 101 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар шаҳри Хоруғ 42 корхона ва коргоҳҳои саноати фаъолият доранд ,ки дар нуҳ моҳи соли равон ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомони маҳсулот истеъсол намудаанд, ки ин рақам нисбати соли гузашта 22 фоиз кам арзёби мегардад. Дар робита ба иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон қайд шуд ,ки тибқи нақша дар шаҳри Хоруғ бунёди 70 иншооти таъиноти гуногун дар назар дошта шудааст. Дар муҳокима ба масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ дар нуҳ моҳи соли 2020-ум ҳамзамон роҳбарияти раёстаи молия, андоз, корхонаи хоҷагии манзиливу камуналии шаҳри Хоруғ, корхонаи таъминоти об ва канализатсия, баромад намуда барои бартараф намдуани мушкилоту камбудиҳои дар соҳа дошта таклифу пешниҳод ба миëн гузоштанд.Дар фарҷом Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба сокинони шахри Хоруг барои иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ намуда, аз номи сокинони вилоят Пешвои муаззами миллатро бо пирӯзӣ дар интихоботи Президентӣ табрик намуда, ба шахсияти у сиҳативу саломатӣ ва барои Тоҷикистони азизи мо пешравиҳоро таманно намуд.

Изҳори сипоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон

Дирӯз, 11 -уми октябри соли 2020 дар кишвари азизи мо боз як чорабинии муҳимму сарнавиштсози таърихӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аксари интихобкунандагон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйи худро ба тарафдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доданд.Ба ин муносибат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва дастгирӣ намудани номзадиашон самимона изҳори сипосу миннатдорӣ мекунанд.Пешвои миллат, ҳамчунин, бо қаноатмандиву ифтихор хотирнишон месозанд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт.Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, таъкид мекунанд, ки интихоботи доиргардида ҳамчун рамзи сулҳу суботи комили сиёсии кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик, бешубҳа, боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.Дар баробари ин, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, бори дигар хурду бузурги мамлакатро даъват мекунанд, ки раванди корҳои ободониву созандагиро барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони мамлакат саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд

Паёми табрикии раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бахшида ба таҷлили «Рӯзи забон»

Ҳамдиёрони гиромӣҚабули қонуни забон дар Ҷумҳурӣ яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти Тоҷикистон ба хотири рушди бузургтарин сарвати милли-забон мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки пойдориву ҳастии ҳар қавму миллат ба ҳастии забон, ғамхори ва бунедниҳии заминаҳои рушди он вобастаги дорад. Дар асоси сарчашмаҳои таърихии тоҷикон, ибтидои ташаккулёбии забону ислоҳоти тоҷики ба ҳазораи дуюми пеш аз милод, ки роҳи басо тӯлони ва мураккаб будааст, рост меояд. Ин ибтидои ифтихоромез имкон дод, ки минбаъд ва бахусус, дар аҳди Оли Сомон забони тоҷикии мо ба мартабаи баланди ташаккул ва шуҳратёби расид.Боиси фахр аст, ки имрӯз забони давлати таҳти ҳимояи давлат ва сарпарастию таваҷҷуи ҳамешагии сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Суханони Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳо бо зиёиёни кишвар, «Масъалаи рушди забон, покизагии забони адабӣ ин сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забон мебошад» далели гуфтаҳои боло мебошад. Имрӯз, ин ҳақиқати таърихи бо ғамхори ва пуштибонии пайвастаи Президенти мамлакат, ба баланд бардоштани мақоми забони тоҷики тавассути тахрезии барномаҳои навин ба субут расида истодааст. Ҳар яки мо бояд, ин хақиқати таърихиро дарëбем ва қадри модару Ватан, давлатдори ва арзишҳои волои аҷдоди, аз тариқи муқаддас донистани забони милли бирасем. Иҷлосияи 10-уми Шуърои Олии ҶШС Тоҷикистон, 22 июли соли 1989 Қонуни забонро қабул намуда, ба забони тоҷики мақоми забони давлати дод ва хушбахтона имруз иди Забонро ҳамчун иди умумимилли ҷашн мегирем. Инчунин он миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқи озодона истифода аз забони модарӣ доранд. Дар моддаи чоруми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи озодона ва инкишофи забонҳои маҳаллӣ аз ҷумла Бадахшонӣ (помери) шароит фароҳам овардааст, ки ин аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забону фарҳанги мардуми мо дарак медиҳад.Забон нахустомили ташаккулёбии ҳар халқу миллат ва тарзи давлатдории уст. Бақои миллат ва пешрафти ҳамаҷонибаи давлати мо аз тавонои ва мақоми забони тоҷики, ки ба қавли Ҷаноби Оли Эмомалӣ Раҳмон «бо номҳои забони дари ва форси низ маълум аст» вобастагии зич дорад. Имрӯз забони тоҷики дар Осиёи Миёна, Афғонистону Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин ва дигар мамолики дуру наздик густариш дошта, мартабаи байналмиллали касб намудааст. Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон масъалаи рушди забони тоҷикиро дар пешрафти ҳаёти ҷомеаи муосир басо мухим шуморида дар ин самт чорабинихои зиёди илми-фархангиро руйи кор овардааст. Забони миллии мо бояд мақоми устувори худро дар таҳсилот, илму фарханг иттилоот, иҷтимоиёту иқтисод пурра биёбад. Тарзи баёни ҳар фарди тоҷик бояд фасеху равон, сода ва оммафаҳм гардад, вале мутаасифона ҳоло мо ба ин пурра ноил нагардидаем. Аз ин ру дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонидан лозим меояд. Президенти мамлакат таъкид карда буданд, ки «зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амик, донистани технологияи навтарин ва забондониро ба таври қатъи талаб мекунад». Аз ин лиҳоз басо лозимист, ки дар баробари забони давлати омузиши забонҳои хориҷи, хусусан русию англисӣ ба таври лозими ба роҳ монем. Дар анҷом мехостам, ҳамаи Шумоëн-ҳамватанони азизамонро бо Рӯзи Забон –иди умумимлию давлати сидқан табрику таҳният гуям, дар амалу фаъолияти ҳаррузаатон комёбиҳо ва рӯзгоратон осудагиву хушбахти таманно намоям!Ид муборак!Ҳамватанони азиз!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳимисиëсӣ – Баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳимисиëсӣ – Баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз гардид. Мутобиқи нақшаи пешниҳодшудаи вилоят интернет- пурсиш аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, аз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ëдгор Доëрович оғоз гардид.

ҲАМКОРӢ БА ХОТИРИ ФАРДОИ НЕК

Ҳамкориҳои мутақобиланд судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон бо шарикони рушд дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар миқёси кишвар як қатор лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ гардиданд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар оғози мулоқот меҳмононро ба маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ хушомадед намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар ифтитоҳи чандин иншоотҳои ҳаётан муҳим иштирок намуда барои бунёди як қатор барномаҳои нав санги асос гузоштанд. Директори дафтари Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон хонума Валбурга Рус бошандагони ВМКБ –ро бо 29-умин солагрди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон табрик намуда иброз дошт, ки хушнуду сарфароз аз он аст, ки ҳамкори дар асоси лоиҳаи мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ бо роҳбарии бевоситаи раиси ВМКБ амали шуданд, амалишавии дигар лоиҳаҳо дар якҷоягӣ ҳамоҳанг хоҳанд гардид. Қайд гардид, ки вохурии имруза як мулоқоти муҳим барои амлаишавии лоиҳаи барномаи «Устуворгардонии шаҳри Хоруғ» дониста шуда он, барои таҳрезии инфрасохтори шаҳри Хоруғ аз ҷумла роҳҳо, обу коррезӣ, хати қувваи барқ ва инчунин устувории қистмаҳое, ки дар асоси лоиҳаи мазкур амали карда шуданд, таҳрези гардида он аҳамияти баланд дорад. Зеро вазифаи асосии лоиҳаи мазкур ин устувории иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Хоруғ ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд ,ки амали гардидани лоиҳаи мазкур давлати Шветсария имконият дорад, минбаъд тавонад, дар асоси натиҷаи ин лоҳияи дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва дигар давлатҳо ин намудани амалишавии лоиҳаро ба таври васеъ истифода намояд.Директори Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист дар Тоҷикитсон Ҳоддӣ Ҳусайни ба таври фишурда оиди аз ҷаласаи аввал то ба имруз амали шудани нақшаҳои барномаи устуворгардонии шаҳри Хорғ сухан намуда иброз дошт, ки ки фаъолияти мо дар асоси 6 унсур ба роҳ гузошта шуда он пеш аз хама гирифтани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ВМКБ ба ҳисоб меравад. Ҷонибҳо ба таври васеъ оиди таъсис додани кумитаи роҳбарикунандаи барномаи устувории шаҳри Хорғ ва ҳайҳати кумитаи идоракунии барномаи мазкур табодули назар намдуанд. Иттилоъ дода шуд, ки кумитаи рохбарикунанда оид ба устувории шаҳри Хоруғ дар доираи ташаббуси банақшагии устувории шаҳр ва исботи консепсия дар шаҳри Хоруғ ,ки аз ҷониби шарикони рушд маблағгузори карда мешавад, таъсис дода шуда онҳо тибқи наќшаҳо ва уҳдадорихо фаъолият хоханд намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҷиҳати ворид намудани аъзоёни ҷомеаи шаҳрванди ба кумитаи идоракунии Барномаи «Устувории шаҳри Хоруғ» ба шарикони рушд пешниҳод намуда ба ҳар як аъзои кумита фаҳмондани ҳадафи лоиҳа ва мақсади онро супориш дод. Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот аъзоёни ҳайҳати кумитаи идоракунии барномаи «Устувории шаҳри Хоруғ» пешниҳодҳои судмандро ҷиҳати истифодаи нақшҳои миллӣ дар бунёди инфрасохтори муосир ба миён гузоштанд. Баъди муҳокимаи амалишавии нақашҳои барномаи устувории шаҳри Хоруғ ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки аъзоёни кумитаи роҳбарикунанда моҳе 1 маротиба аз фаъолияти корӣ натиҷагири намоянд. Роҳбарияти вилоят дар фарҷоми мулоқот ба шарикони рушд барои дастгириҳои пайваста арзи сипос намуда чун нишон аз урфу одат ва оинҳои миллии мардуми куҳистони Бадахшон ба директори Дафтари Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикитсон туҳфа тақдим намуд.

Дар доираи сафари корӣ раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Ишкошим дар Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров дар деҳаҳои Гармчашма ва Деҳлох хатҳои оби нӯшокиро ки аз тарафи Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Манотиқи Куҳистони Фонди Оғохон ва саҳми сокинони деҳа сохта шуд мавриди истифода қарор гирифт.

Дар доираи сафари корӣ раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Ишкошим дар Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров дар деҳаҳои Гармчашма ва Деҳлох хатҳои оби нӯшокиро ки аз тарафи Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Манотиқи Куҳистони Фонди Оғохон ва саҳми сокинони деҳа сохта шуд мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин сафари корӣ раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар деҳаи Деҳлох аз муассисаи таҳсилотии № 34 низ дидан намуд. Ҳамчунин раиси вилоят дар суханронии худ ба сокинони ин ду деҳа ҷиҳати саҳми арзанда доштан дар корҳои ободониву созандагӣ миннатдорӣ баён намуд.