БОИСИ ИФТИХОР АСТ

Моҳи январи соли ҷори маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2019» баргузор гардид.
Мураббиёни насли истиқлол ба майдони таълиму тарбияи кўдакон гом ниҳодаву аллакай ба муваффақияту комёбиҳо даст ёфтаанд, ки ин зимни баргузории даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» мушоҳида карда шуд.
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии«Мураббии соли Тоҷикистон-2019» насиби мураббии Маркази инкишофи Кўдак- и Хадамоти Оғохон оид ба Маориф дар ​ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ангома Атомамадова гардид.
Аз намояндагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ мураббии кўдакистони №15-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Розия Нурматова ва мураббии кўдакистони №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Мураббии кўдакистони №1-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ойтилло Тағоева ҷойи дувум ва мураббии кўдакистони №1-и ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ғолибон аз тарафи кумитаи тадорукот ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба ҳамаи ғолибон роҳхат ба истироҳатгоҳҳои кишвар супурда шуд.

Дурдасттарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон фаъолияти яксолаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ҷамъбаст намуд.

Дурдасттарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон фаъолияти яксолаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ҷамъбаст намуд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии ноҳияи Мурғоб муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Носирзода Умедҷон иштирок ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ноҳияро натиҷагирӣ намуданд. Раиси ноҳияи Мурғоб аз фаъолияти яксолаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гузориш дода қайд карданд, ки бо дастгири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳия дар соли 2019 ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Носирзода Умедҷон зимни баромад худ аз нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои роҳбарияти вилоят сухан намуда барои ҷалб намудани сайёҳон ва ба роҳ мондани саноати кӯҳи ва дигар масъалаҳо ба масъулини ноҳия супоришҳои мушаххас доданд.

БОИСИ ИФТИХОР АСТ!

Корманди ташкилоти Ҷамьиятии Де-Памири(Dе Pamiri) Бердова Зуҳро дар шаҳри Душанбе, дар маросими ҷоизасупории армуғони беҳтарин сазовори ҷойи аввал, диплом ва ҷоми Кумитаи рушди сайёхии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон гардид.

Сотрудник общественный организации Де-Памири (De- Pamiri) в городе Душанбе в номинации Лучший подарочный ручной изделии заняла первое место и награждена дипломом и кубком Комитет по развитии туризма при Правительстве Республики Таджикистан.

De Pamiri handicraft worker Berdova Zuhro has won first place in the nomination Best Handicraft present and got diploma in Dushanbe. The award was given by the Committe of Tourism Development under the Goverment of Republic of Tajikistan.

Ҷамъбасти сол

Рўзи 09.01.2020 дар маҷлисгоҳи МИҲД – и вилоят ҷамъбасти фаъолияти яксолаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва воҳидҳои сохтории он таҳти раёсати раиси вилоят Ёдгор Файзов сурат гирифт. Дар кори ҷаласа аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири фарҳанг Орумбекзода Ш., вазири нақлиёт Худоёрзода Х., муовини якуми вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Шоимзода Ҷ., муовини якуми ВКД – и ҷумҳурӣ Аламшозода А., раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоят иштирок доштанд. Дар бораи «Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020» муовини раиси вилоят Иматшозода А. маърўза кард. Ҳамчунин сарварони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар сохторҳо роҷеъ ба рушди соҳа ва беҳдошти фаъолият мулоҳизаҳои худро изҳор намуданд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири фарҳанг Орумбекзода Ш. ҷамъбасти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳояшро баён намуд. Раиси вилоят ҷаласаро ҷамъбаст ва дар фароварди он вазифаҳоро барои соли 2020 мушаххсан муайян намуд.

ПИРУЗӢ МУБОРАК!

ПИРУЗӢ МУБОРАК!
Рузҳои охир варзишгарони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи кишвар пирузиҳоро ба даст оварданд, ки ин барои кулли мардуми Бадахшон боиси ифтихор мебошад. Варзишгарӣ машуҳри тоҷик Шакармамад Мирмамадов, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе соҳиби шоҳҷоизаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид далели гуфтаҳои боло мебошад.
Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза фарзандони ба номуси миллат Шакармамад Мирмамадовро барои пирузӣ Ёқуб Боқиев, Сорбон Эркаев ва Раҳматуллоев Фарҳод барои пирузиҳояшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям. Амалӣ ҷавонмардонаи Шумо барои тамоми ҷавони Тоҷикистон намунаи ибрат хоҳад буд. Пирузӣ муборак!

Бо эҳтиром Раиси Вилояти
Мухтори Куҳистони Бадахшон
Ёдгор Файзов

Пешвозгирии ҷавондухтароне, ки дар мусобиқаи варзишӣ ҷои аввал гирифтанд

Бо супориши муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов чавондухтароне, ки дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди баскетбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввал гирифтанд, дар сатҳи баланд пешвоз гирифта шуданд.

Ҷаласаи назоратии назди раиси ВМКБ


Ҷаласаи назорати назди раиси ВМКБ аз руи ду масъала баргузор гардид. Масъалаи якум ин фаъолияти сомонаҳои мақомоти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ ва масъалаи дуюм ин назорати ҳуҷҷатҳои аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ва саривақт ҷавоб надодан ба онҳо мебошад. Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов изҳор доштанд, ки сомонаҳои мақомоти шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ягона роҳе мебошад, ки фаъолияти роҳбарият ва мақомотҳоро иникос мекунад, ки тамоми ҷаҳон ин ахборотро мебинад.

Марафони велосипедрони ва дави наврузи бахшида ба ҷашни байналмиллалии НАВРУЗ

Дар Шаҳри  Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон марафони велосипедрони ва дави наврузи бахшида ба ҷашни байналмиллалии НАВРУЗ бо иштироки муовинони раиси Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон ва роҳбари  дастгоҳи раиси ВМКБ баргузор гардид.

Таҷлили Рузи Модар дар Маркази Исмоилияи шаҳри Хоруғ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов

Таҷлили Рузи Модар дар Маркази Исмоилияи шаҳри Хоруғ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов

Тачлили <Рузи Модар> дар театри вилояти ба номи М. Назаров бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мухтарам Ёдгор Файзов

Тачлили <Рузи Модар> дар театри вилояти ба номи М. Назаров бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мухтарам Ёдгор Файзов