Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, №1380 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» рўзи 27 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он ба тарафдории номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВМКБ овоз дода шуд

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019, №1380 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» рўзи 27 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он ба тарафдории номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон овоз дода шуд.
Тибқи талаботи моддаҳои 32 ва 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадон ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон номзадии Файзов Ёдгор Доёрович- раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон- раиси ноҳияи Дарвоз аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, Додихудо Фаррух Муборакшо- раиси ноҳияи Рўшон аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рўшон, Мирзозода Мусо Одининамаҳмад- раиси ноҳияи Ишкошим аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим ва Қонунзода Шодигул Худобахш аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ дар иҷлосияҳои якуми (даъвати шашуми) пешбарӣ карда шудааст. Интихобот ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи овоздиҳии пушида сурат гирифта вакилони Маҷлисҳои маҳалли вилояти, шаҳриву ноҳияви ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз доданд. Пас аз анҷоми райдиҳи маълум гардид, ки раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо касби 100 фоизи овозҳо ва номзадҳои дигар бо соҳиб шудан ба беш аз 90 фоизи овозҳо вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилоят Ёдгор Файзов ба интихобкунандагон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки сазовор шудан ба боварии мардум боиси ифтихори бузург буда дар як вақт маъсулияти дучандро талаб мекунад.
Таъкид рафт , ки бояд баҳри рушди минбаъдаи ин давлати ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳаёти арзанда барои ҳар сокин тавассути қабули қонунҳои мутобиқ ба талаботи замон заминагузори намоем.

СОХТМОНИ ПУЛИ МАҲАЛЛАИ СЕЛХОЗТЕХНИКАИ ШАҲРИ ХОРУҒ АЗ ҶОНИБИ ШИРКАТИ ” ТЕМЕЛСУ” – и ДАВЛАТИ ТУРКИЯ АМАЛИ ХОҲАД ШУД.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар​ ​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ​ аз ҷумла ; ” Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ’’ гурӯҳи мутахассисони ширкати туркии​ ,, ‘’Темелсу​” ​ ба шаҳри Хоруғ омаданд. Ширкати мазкур аз тарафи Вазорати наклиет​ барои тайёр намудани лоиҳаи ​ таҷдиди роҳи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ва бунёди пули мошингузар​ дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ​ интихоб карда шудааст.
Намояндагони ширкат бо Раиси ВМКБ ва дигар шахсони масъул вохури намуда вазифаҳои тарафҳо​ ​ ​ мушаххас карда шуданд. Бахусус дар маҳаллаи Шарифобод​ макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Хоруг бояд​ ҷойи сохтмонро​ омода созад. Хонахои истиқоматӣ ,​ дигар сохтмонхо ва​ партовҳо аз ҷои сохтмон бардошта т мешаванд.​
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмонро аз ҷиҳати иқтисоди, экологӣ, иҷтимои ​ ва аҳамияти ин купрукро дар ҳолатҳои фавқуллода ва садамави асосонок намуда ба Бонки Ҷаҳонӣ ки маблаггузори барнома аст, пешниход менамояд​
Раиси вилоят саҳми ширкатҳои сохтмонии давлати Туркияро дар бунёд намудани роҳи мошингарди Кӯлоб -Қалъаи Хумб, Маркази Тибби Оғохон ва Маркази Исмоилияи шаҳри Хоруғ муҳим арзёби намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ин ширкати​ муҳандисӣ аз кори ба ӯҳдагирифта​ саривақт баромада корҳои сохтмониро ​ бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Умедворӣ меравад, ки лоиҳа то​ оғози​ ташрифи навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон омода гардида, Пешвои миллат санги асосро хоханд гузошт.

СОКИНОНИ ВИЛОЯТ БОЯД ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДОДА БА ОВОЗАҲОИ БАРДУРУҒ ВА БЕПОЯ ДОДА НАШАВАНД.

Дар ҷаласаи фаврии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов чораҳои пешгири бемории короновирус ё ба истилои дигар вируси тоҷдор ва хотима додани ба овозаҳои бардуруғ оиди норасои ва баланд гардидани нархи маҳсулоти озуқавори мавриди таҳлилу барраси қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон кодир аст, ки таъминоти кули сокинони ҷумҳуриро дар ҳолатхои эҳтимои ба муддати ду сол бидуни мушкилот ҳалу фасл намояд.
Имрузҳо дар саросари ҷаҳон чораҳои пешгирии бемории сироятии короновирус ба таври ҷидди ба роҳ монда шуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳони ва давлати мутамаддину соҳибистиқлол бо дарназардошти ҳамарзу ҳамсарҳад будан бо Ҷумхурии Марудмии Чин чораҳои таҳирнопазирро руӣи даст гирифтааст. Зимни ҷаласаи фаври раиси ВМКБ Ёдгор Файзов таваҷҷуҳи роҳбарони идораву муассисаҳо, сохторҳои низомиву интизомӣ ва фаъолони ВМКБ-ро ба он ҷалб намуд, ки давоми чанд рӯзи охир бино ба паҳн гардидани маълумотҳои бардурӯғу носаҳеҳ дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ боис гардидаст, ки бештари сокинони шаҳру навои вилоят ба харидории маҳсулоти барзиёди озуқавори дар бозору мағозахои қаламрави вилоят машғул мебошанд. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти мушаххас андешида кодир аст, ки таъминоти кули сокинони ҷумҳури дар ҳолатҳои эҳтимоӣ бидуни мушкилот ҳалу фасл намояд.
Рохбари вилоят аз солҳои 90-уми асри гузашта ёдовари намуда қайд кард, ки дар он замон бо номуси баланд ва умед ба ояндаи нек сокинони вилоят тавонистанд, ки рӯзҳои сангини он давраро бо мутаҳидиву дастаҷамъи паси сар намоянд. Аммо муттасифона овозаҳои бардурӯғу беасос ва тарғиботи гурӯҳҳои алоҳида боис гардидаст, ки дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хуроквори теъдоди зиёди харидорон дар навбат истодаанд. Сокинони вилоят бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ба овозаҳои бардурӯғ ва бепоя дода нашаванд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов он нуқтаро қайд намуд, ки Ҷумуҳрии Қазоқистон ва Федератсияи Русия аз давлатҳое мебошанд, ки асоси таъминкунандаи бозори истеъмолии мамалкат бо маводи озуқа ба ҳисоб рафта имрӯз низ миқдори зиёди маҳсулоти хӯроквори ба ҳудуди Ҷумуҳрии Тоҷкитсон бидуни ягон мушкилот ворид шуда истодааст. Вобаста ба масъалаи таъминоти маҳсулоти хӯроквори дар ВМКБ Ёдгор Файзов таъкид дошт, ки айни ҳол дар амборхонаи корхонаи коркарди ғаллаи ноҳияи Шуғнон микдори зиёди гандум ва орди нави якуму дуюм захира гардида метавонад тамоми таъминоти бошандагони вилоят бидуни мушкилот сокинонро бо маҳсулот таъмин намояд. Роҳбари вилоят аз расму оинҳои мардумии бошнадагони вилоят, ки дар маъракаҳои хурсандиву аъзодори ки ҳамдигарро ба оғуш мегиранд ёдовари намуда ҳамагонро баҳри пешгирии аз ин бемории сирояти то ҷойе худдори намуданро тақозо намуд. Мардуми ВМКБ ба ҳангомахои бе асоси гурӯҳҳои иғвогар, ки боиси халалдор сохтани авзоъи ҷомеа мегардад махсусан таъкид намуд, ки аҳли ҷомеа бо фарҳанги баланди худ ба эҳсосот бояд дода нашаванд. Гарчанде ин бемори аз Ҷумуҳрии Тоҷикитон ҳазорҳо километр дур бошад ҳам мардум бояд оддитарин ҳолати санитариро риоя намоянд. Роҳбарияти вилоят аз таҷриби зиёди кори солҳои 94-95-и ёдовари намуд, ки мардум бояд ба давлат ва Ҳукумати имрӯза бовари комил дошта бошанд, ки имруз Ҳукумати марказӣ побарҷо буда имконияти зиёди таъмини бошандагон бо маҳсулоти ғизоиро дорад. Ҷумуҳрии Мардумии Чин, ки дорои аҳолии зиёд мебошад аз вазъияти имрӯза дар ҳарос набуда чиҳати пешгирии ин бемории сироятӣ дастаҷамъона чораҳои мушаххас адешида истодаст. Раиси вилоят мақомоти қударти ва дигар сохторҳои назоратии вилоятро супориш дод, ки бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулоти хӯроквори назорати қатъиро ҷори намуда дар мавриди роҳ додан ба болоравии нархҳо соҳибкорон на танҳо ҷарима балки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР ВМКБ

Дар театри вилояти ба номи Меҳрубон Назаров чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси вилоят зимни суханронии худ ҳозирин ва кулли мадарони мушфиқ ва бонувони ғамхори вилоятро ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори осударо таманно намудаанд. Роҳбарияти вилоят қайд карданд, ки бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон соли гузашта қайд карданд, ки ” Ман ба нерӯи занону модарон ва чавондухтарон такя карда онҳоро борҳо нигини пурҷилои тоҷи миллат гуфтаам”. Мо бо ифтихор ва такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур ва номбардорони миллатро ба дунё оварда дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.
Дар чорабинӣ мазкур ба хотири саҳм гузоштан дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят як қатор фаъолзанон бо ифтихорнома, тӯҳфа ва мукофоти пулӣ раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод шуд, ки боиси болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ гардид.

Иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Субҳи 1-уми марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Таъкид бояд кард, ки дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар участкаи интихоботии №15 дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.

Дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар сокинони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд.

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ИНТИХОБОТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН АЗ СУБҲ БАРВАҚТ ОҒОЗ ГАРДИД.

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ
МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ИНТИХОБОТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН АЗ СУБҲ БАРВАҚТ ОҒОЗ ГАРДИД.
Ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки аз ҳуқуқи конститутсионии худ самаранок истифода намуда, вакилони арзандаро дар ин чорабинӣ интихоб намоял. Зеро интихобот ҳастии ҷомеаи демократии миллати тоҷик аст!

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон, фармон медиҳам:

1. Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигаре, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлати се моҳ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
31 январи соли 2020
№1445

САДА – ҶАШНИ НИЁГОН

Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бошукўҳ таҷлил карда шуд. Дар ин маросим раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳр Кишвар Шамирӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат ҷустанд. Ибтидо роҳбарияти вилояту шаҳр ва шахсони масъул намоишгоҳи ба ифтихори ҷашн ташкилшударо тамошо карданд. Дар намоишгоҳ анвои таоми марбут ба ҷашни Сада, дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда буд, намоишгоҳ мақбули тамошобинон ва харидорон гардид. Дар миёнаи майдон гулхани азиме чун як ойини ин ҷашни бостонӣ афрўхта шуд. Чорабиниро раиси шаҳр ифтитоҳ намуда, ба раиси вилоят сухан дод. Роҳбари вилоят аз таърихи пайдоиши ҷашн, вижагиҳои он, моҳияти инсонгароӣ доштани ҷашн сухан ронда, иштирокдоронро бо фарорасии Сада табрику таҳният ва шодбош гуфта, барояшон саломатию рўзгори обод таманно намуд. Барномаи фарҳангие, ки ба истиқболи ҷашн таҳия шуда буд, ба ҳозирини чорабинӣ хеле писанд омад.

ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ ГРАНТҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОҲИБКОРЗАНОН

1. Маълумот дар бораи соҳибкор

1.1. Насаб, ном, номи падари соҳибкор, шарҳи ҳол, РМА
1.2. Суроға, рақами телефон, факс, почтаи электронӣ
1.3. Ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ (нусха)
1.4. Маълумот дар бораи суратҳисоби бонкӣ ва қарздорӣ
1.5. Маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва ӯҳдадориҳо
1.6. Маълумотнома аз ҷойи истиқомат, нусхаи шиноснома
1.7. Маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ
1.8. Мактуби дастгирї аз раиси ноҳия ё шаҳр
2. Маълумот дар бораи Лоиҳа
2.1. Номи лоиҳа
2.2. Тавсифи лоиҳа ва асосноккунии лоиҳа ( барнома ё пешниҳод)
2.3. Аҳмият ва зарурияти лоиҳа барои маҳал
2.4. Мақсадҳои лоиҳа
2.5. Мӯҳлати татбиқи лоиҳа (на камтар аз 6 моҳ)
2.6. Маблағи дархостшаванда
2.7. Макони амалигардонии лоиҳа
2.8. Саҳми соҳибкор
2.9. Буҷети лоиҳа дар барномаи Excel

Шумораи номгӯй
Давомнокӣ
Саҳмисоҳибкор
Саҳмидигарташкилотҳо
Маблағипурсидашуда


2.10. Натиҷаҳои.пешбинишавандаи.татбиқи лоиҳа
Эзоҳ: Лоиҳаи грантӣ ба комиссия дар шакли чопӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешавад.
Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз панҷ (5) саҳифа, дар барномаи MS WORD бо истифода аз шрифти Times New Roman Tj андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод карда шавад.

4. Оё Шумо таҷрибаи истифодабарии воситаҳои молиявии грантиро доред?
Агар ҳа, онро тавсиф намоед.
_________________________________________________________
5. Грантҳо аз 10 000; 20 000; 30 000 то 40 000 барои 80 нафар соҳибкорзанон
Суроғаи Кумита: шаҳри Душанбе, Хиёбони Лоҳутӣ 14.
Маълумоти иловагиро метавонед аз сомонаи (сайти) Кумита дастрас намоед: www.comwom.tj
Қабули дархостҳо: аз 20 январ то 20 феврали соли 2020

Телефон барои тамос: (992 37) 2 50-58, 2 12- 96

Тасдиқи рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст.

Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, офтоби оламоро, манзараҳои зебои ҳаёти деҳот, роҳу нақбҳо ва сайёҳ чун нишонаи рушди сайёҳӣ, рубоб, кӯза ва анору ангур ҳамчун рамзи кишоварзӣ ҷой дода шудааст, ки таҷассумкунандаи макони меваҳои шаҳдбор будани диёри зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, мусаввараҳо бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудааст, ки идомаи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, рамзи мазкур чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарғот, нақб, роҳ ва меваҷот ифода мекунад.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.