СОКИНОНИ ВМКБ 24 СОАТ БО БАРҚ ТАЪМИН ҲАСТАНД.

Зимни нишасти матбуотӣ Директори генералии “Помир Эненрҷи” Далер Ҷумаев изҳор доштанд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2019 Ширкат 96%-и истифодабарандагони неруи барқи шабакаи марказӣ, яъне муштариёни шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ва Ишкошиму Рӯшон (ба ғайр аз муштариёни деҳоти алоҳидаи дурдасти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон) ва инчунин муштариёни ноҳияҳои Ванҷу Дарвозро дар давоми 24 соат дар як шабонарӯз аз қувваи барқ таъмин намуд. Инчунин муштариёни деҳоти дурдасти ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз аввали сол қисман, яъне 16 соат ва аз охири моҳи март – 24 соат аз барқ таъмин ҳастанд

Новобаста аз ин дар рӯзҳои хунуки моҳҳои январ то нимаи моҳи марти соли 2019 ҷиҳати аз таъсири яхсел кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо норасоии қувваи барқ ҳар рӯз дар давоми 3 то 5 соат дар ҳаҷми 7 МВт мушоҳида гардид, ки ин муҳиммияти сохтмони НБО-и нав, аз ҷумла НБО-и “Себзор”-ро нишон медиҳад.

Оид ба лоиҳаи сохтмони НБО-и “Себзор” дар дарёи Шохдара бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон кор бо маблағгузорони мувофиқ, аз ҷумла бо Бонки Уммиҷаҳонӣ Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон , Барномаи ЮСАИД-и Амрико ва Ҳукумати Швейтсария идома дошта, то охири соли 2019 маблағи зарурӣ ҷудо карда хоҳад шуд. Дар якҷоягӣ бо сохтмони НБО инчунин бунёди ХИБ-и 110кВ “Себзор-Хоруғ” дар масофаи 18 км ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон корҳои иловагӣ оид ба тарҳрезӣ ва санҷишҳои геологӣ идома дошта, дар назар аст, ки ин кор то охири моҳи июни соли 2019 ба анҷом расонда шавад. Мақсад аз ҷалби ин сармоягузорон дар он аст, ки на фақат НБО-и “Себзор”, балки инчунин сохтмони 63 км ХИБ-110кВ дар самти Ишкошим аст. Яъне мақсад аз он иборат аст, ки қисми маблағи дар боло қайдшуда барои пурзӯр кардани таъминоти барқ дар ноҳияҳои Шуғнон ва

Ишкошим ва афзоиш додани содироти барқ ба тарафи Афғонистон, аз ҷумла ш. Файзобод истифода шавад. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки барои арзёбии лоиҳа Бонки Умумиҷаҳонӣ фақат 6 моҳ талаб карда, Ҳукумати Олмон барои ин кор 18 моҳ талаб мекунад. Аз ин лиҳоз агар корро бо Бонки Умумиҷаҳонӣ сар кунем, корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз шуда, соли 2021 ба анҷом расонда мешаванд, вале бо Ҳукумати Олмон бошад бо назадошти 18 моҳи арзёбии лоиҳа корҳои сохтмониро фақат соли 2021 оғоз кардан ва соли 2023 ба анҷом расондан имконпазир аст. Вобаста ба ин аллакай дар шаҳри Душанбе гуфтушнид байни Ширкати “Помир Энерҷӣ” ва Бонки Умумиҷаҳонӣ гузаронида шуд. Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ пешниҳод намуданд, ки тадқиқотҳои геологӣ аз нав гузаронида шаванд. Дар ин асос аллакай озмуни тендерӣ гузаронида шуда, дар моҳи феврал натиҷаи озмун ба анҷом расонида шуда, моҳи май шартнома ба имзо хоҳад расид.

Инчунин моҳи феврал озмун оиди иҷрои корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони хати интиқоли барқи дузанҷираи 110кВ “Себзор – Хоруғ” гузаронида шуд ва дар моҳи апрел ширкати ватании “Тоҷикэнергосетпроект” корҳои ҷустуҷӯӣ -саҳроиро ба анҷом расонида, ҳоло корҳои лоиҳакашӣ давом доранд.

Охири соли 2018 корҳои омодагӣ барои сохтмони НБО-и хурди “Хатфат” дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бомуваффақият давом дода шуда, аввали соли равон озмуни тендерӣ оид ба марҳилаи лоиҳакашӣ ва корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ байни пудратчиёни ватанӣ гузаронида шуд. Аз рӯи натиҷаи озмун дар охири моҳи феврал бо ширкати ватании “Таис-2011” шартнома ба имзо расид ва дар моҳи апрел корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ-геологӣ оғоз гардиданд. Инчунин моҳи феврал озмунҳои тендерӣ оиди дастрас намудани маводҳои сохтмонӣ барои сохтмони хатҳои интиқоли барқ гузаронида, дар моҳи апрели соли равон шартномаҳо оиди дастрас намудани таҷҳизотҳо ва маводҳои сохтмонӣ бо ширкатҳои мувофиқ ба имзо расонида шуданд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар кушодашавии Фестивали Боми Ҷаҳон иштирок ва суханрони намуданд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар кушодашавии Фестивали Боми Ҷаҳон иштирок ва суханрони намуданд. Раиси вилоят пеш ҳамаи иштирокдорони ин фестивалро ба маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон шаҳри Хоруғ хайра мақдам гуфта изҳор доштанд, бо баргузор намудани Фестивали Боми Ҷаҳон теъдоди сайёҳон ба вилоят зиёд мегардад. Бадахшон маконест, ки диққати сайёҳонро бо табиати зебо ва дилфиребаш ба худ ҷалб мекунад. Фазое, ки имрӯз мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зиндагӣ дорем бояд ба қадри он бирасем. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз Тоҷикистон дар маркази диққати тамоми оламиён қарор дорад. Қабул гардидани пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттахид ин албатта аз сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Имрӯз ҳам намояндагони шаш давлати дунё ки дар як канори зебои кишварамон Бадахшон ҷамъ омаданд нишонаи Ваҳдати комили мамлакат ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

ТАҶДИДИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ КӮЛОБ-ҚАЛЪАИХУМ ОҒОЗ ШУД

Вазири нақлиёти кишвар Худоёрзода Худоёр ва менеҷери департаменти маркетинги ширкати хитоии JV оf СSСЕС Хingiang Соnstraction & Еnginiring (Сгоuр) Со.,Ltd. and СSСЕС АЕСОМ Соnsultations Со, Ltd ҷаноби Зханг Нао Қарордоди иҷрои корҳои сохтмонии Қитъаи А-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумро бо иштироки намояндагони ҳарду ҷониб ба имзо расонданд.

Вазири нақлиёт нахуст намояндагони ширкатро барои ғолибият дар озмуни Паймонкор табрик намуда, изҳор дошт, ки аз байни 42 ширкат маҳз ширкати шумо барои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ будан ғолиб омад. Агар дар рафти сохтмон фаъолияти хуб нишон диҳед, шояд дар дигар сохтмонҳо ҳам шуморо таклиф кунем. Ӯ аз ширкати паймонкор даъват ба амал овард, ки корро босифат ва дар муддати муайяншуда бояд ба итмом расонанд.

Роҳбари гуруҳи чиноӣ изҳор дошт, ки мо дар сохтмони роҳҳо таҷрибаи калон дорем, дар давлатҳои Африқо ва Туркия роҳҳо сохтаем. Шуморо бовар мекунем, ки корро ҳам босифат ва ҳатто пеш аз муҳлат анҷом хоҳем дод.

Қитъаи А-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихум масофаи 32,7 километрро дар бар гирифта, шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайваст менамояд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур роҳҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб – 3,3 киллометр -роҳи дараҷаи 2-юм бо назардошти ободонии шафати роҳ, чароғонкунӣ, истгоҳҳо барои нақлиёти мусофирбар, пиёдароҳҳо, ҷуйборҳои обпарто ва ғайра, ҳудуди ноҳияи Муъминобод – 18 киллометр – роҳи дараҷаи 3-юм ва ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 11,4 километр – роҳи дараҷаи 3-юм таҷдиду азнавсозӣ карда мешаванд.

Дар ин қитъа сохтмони 1 пул бо дарозии 42 метр ва 2 пули дигар бо дарозии ҳар кадомаш 33 метр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, нишебиҳо дар минтақаҳои куҳӣ, ҳамчунин тарҳи деворҳои ҳимоявӣ, корҳои пармакунӣ, сохтмони обпартоҳои оҳану бетонӣ, лӯлаҳои обгузар, сохтмони деворҳои ҳимоявӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум – қитъаи F

Рӯзи 24 майи соли равон вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр ва Менеҷери генералии Ширкати Хитоӣ оид ба сохтмони Роҳҳо ва пулҳои Чин (Сhina Roud Bridg Corporation) ҷаноби Ли Чанвэй Қарордоди иҷрои корҳои сохтмонии Қитъаи F-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумро ба имзо расонаданд. Дар ҷаласа аз тарафи ширкати хитоӣ Чжи Бинь – муовини директори Генералии Ширкат ва Давлатбекова Мадина – сардори шуъбаи робитаҳои берунаи ширкати мазкур, аз тарафи Тоҷикистон – муовини аввали вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб, директори МД МТЛ Душанбе-Чанак Зафар Шарифзода ва муовини директори МД МТЛ Душанбе-Чанак Раҳимов Зафар иштирок намуданд.

Қитъаи F-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъаихум масофаи 26 км-ро дар бар гирифта деҳаи Шкевро бо шаҳраки Қалъаихум пайваст менамояд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур роҳҳои ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – роҳи дараҷаи 3-юм бо назардошти ободонии шафати роҳ, чароғонкунӣ, истгоҳҳо барои нақлиёти мусофирбар, пиёдароҳҳо, ҷӯйборҳои обпарто ва ғайра азнавсозӣ карда мешаванд.

Дар ин қитъа сохтмонӣ 1 пул бо дарозии 26 метр ва таҷдиди 2 пули дигар бо дарозии 24 метр ҳар кадомашон, 1 нақб бо дарозии 360 метр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва нишебиҳо дар минтақаҳои куҳӣ, ҳамчунин тарҳи деворҳои ҳимоявӣ, корҳои пармакунӣ, сохтмони обпартоҳои оҳану бетонӣ ва лӯлаҳои обгузар, сохтмони деворҳои ҳимоявӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур харид ва васл намудани ду Пойгоҳи боркашӣ ва боз якчанд навъҳои гуногуни техникаву таҷҳизот дар назар дошта шудааст, ки дар оянда аз ҷониби Вазорати нақлиёт барои нигоҳдории роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихум, ки масофаи умумии 168 км-ро ташкил медиҳад, истифода бурда мешавад.

Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва маблағи умумии лоиҳа

Дар доираи лоиҳа аз ҳисоби Фондҳои маблағгузор аз ҷумла: Бонки Исломии Рушд, Фонди Саудии Рушд, Фонди Қувейтии Рушд, Фонди Абу Даби, Фонди ОПЕК ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 115,5 млн. доллари ИМА маблағ пешбинӣ гардидааст, ки барои ҳар ду қитъа тақсим карда шудааст.

Амали гардидани барномаҳо

Имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз, Директори дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон Валбурга Рус, Директори иҷроияи филиали Агенти Оғохон оид ба макони зист Ҳоло Ҳусайнӣ ва дигар меҳмонони сатҳи олӣ дар ноҳияи Шуғнон як қатор барномаҳоро, ки аз тарафи шарикони рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардиданд ба истифода доданд. Аз ҷумла ифтитоҳи лоиҳаи хати оби нушоки дар шаҳри Хоруғ, купруки пиёдагарди деҳаи Барсем, хати оби нӯшокии деҳаи Ғорҷвин, таъмири ҷӯйбори ирригатсионӣ деҳаи Боғев барномаҳое мебошанд,ки имрӯз бо иштироки меҳмонон сатҳи олӣ ба истифода дода шуданд.

ОБИ НӮШОКӢ ВА ИДОРАКУНИИ БЕҲДОШТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар толори Маркази Исмоилияи шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон, раиси шаҳри Хоруғ, раисони ноҳияҳои вилоят, Директори дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбурга Рус, Директори иҷроияи филиали Агентии Оғохон оид ба рушд Ҳади Ҳусайнӣ ҷаласа таҳти унвони “Лоиҳаи оби нӯшокӣ ва идоракунии беҳдошт дар Тоҷикистон” баргузор карда шуд. 
Лоиҳаи идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон солҳои 2017- 2021 амалӣ гардида, он аз тарафи Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Фонди Оғохон маблағгузори карда мешавад. Мақсади лоиҳа ин беҳтар намудани дастрасии ба хизматрасониҳои оби ошомидани ва беҳдошт барои маҳаллаҳои деҳот мебошад. Фаъолиятҳои лоиҳа дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва инчунин ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо фарогирии 77,000 аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа ба ҳадафҳои рушди устувор ва даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028, ки ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттахид қабул гардид, мусоидат менамояд.
Мақсади лоиҳа бошад ин беҳбудсозии сифати зиндагии мардум дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон тавассути механизмҳои устувори идоракунии об ва беҳдошт мебошад.

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Яке аз сабабҳои шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба гуруҳҳои ҷинои ин бекорӣ ё ба кор таъмин нашудани онҳо мебошад. Бекории ҷавонон яке аз мушкилоти асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои худ ба ин масъала махсус таваҷҷуҳ мекунад, ба сохторҳои марбута супоришҳои қатъӣ медиҳад, вале бо вуҷуди ҳама чораҷӯиҳо боз ҳам ин масъала доғ мемонад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки намояндагони гурӯҳҳои манфиатхоҳ шахсони пуртаҷриба ва корчалоне ҳастанд, ки аз ин ҳолатҳо хуб истифода мекунанд. Ин ва дигар масъалаҳои доғи рӯз дар нишасти матбуотии бо сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барраси гардиданд.

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Баргузории нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019 дар раёсату идора ва муассисаҳои вилоятӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, АП 1729.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон оиди баргузор намудани нишастҳои матбуоти бо роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ аз тарафи раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон имрӯз бо роҳбарони соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла маориф, ҷавонон ва варзиш, шуъбаи сайёҳӣ, шуъбаи занон, шуъбаи фарҳанг, шуъбаи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, нишасти матбуотӣ баргузор карда шуданд. Роҳбарони идораҳои мазкур аз шаш моҳи фаъолияти худ дар назди намояндагони васоити ахбори омма ҳисобот доданд. Рӯзноманигорон низ дар навбати худ саволҳоро оиди мушкилот ва пешравиҳо ба роҳбарони идораҳо пешниҳод намуданд.

Бегоҳи имрӯз гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз сохтмонҳои шаҳри Хоруғ дидан намуданд.

Бегоҳи имрӯз гурӯҳи кори бо роҳбарии муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз сохтмонҳои шаҳри Хоруғ дидан намуданд. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон то 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар шаҳри Хоруғ як қатор иншоотҳои соҳаи иқтисодию иҷтимоии сохта ва ба истифода дода мешаванд. Сохтмони омӯзишгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Хоруғи боло низ яке аз сохтмонҳои ҷашни ба ҳисоб рафта сохтмони он бомаром идома дорад. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баҳри вуссат бахшидани сохтмони мазкур ба муттасадиён супоришҳои қатъӣ доданд. Дар назди бозори марказии шаҳри Хоруғ раиси вилоят аз сохтмони бинои Амонатбонк дидан намуданд. Дар ҳамин ҷо раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов пешниҳод намуд, ки сохтмони як таваққуфгоҳ муосир барои мошинҳои мусофиркаши дохили шаҳри хеле ба маврид мебошад. То ҳанӯз бо дастгирии бевоситаи Ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят тамбашавии нақлиёт дар назди бозори марказии шаҳри Хоруғ бартараф карда шуд. Агар таваққуфгоҳ барои мошинҳои мусофиркаши дохили шаҳри дар назди бозори марказии шаҳри Хоруғ бо ҳамаи талаботҳои муосир сохта шавад ба зебои шаҳр таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

КӮМАКИ СОҲИБКОР БАРОИ ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ


Ба мақсади бо оби нӯшокӣ таъмин намудани як қисми маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ «Ассотсиасияи шикорчиёни ВМКБ» ба идораи обу ташноби вилоят ду адад дастгоҳи обкаш бо маблағи 65 000 сомонӣ кӯмак намуданд. Дар ин рӯзҳои гарми тобистон ин ниҳоят туҳфаи арзишманд ба ҳисоб меравад. 
Аз ин ҷиҳат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба унвонии намояндаи ассотсиасияи шикорчиёни Бадахшон Соҳибқулов Қарақул мактуби миннатдорӣ ирсол менамояд.
Мақомот ният дорад боз 2 адад асбоби обкашро барои беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дастрас намояд. Боиси нигаронӣ аст, ки аз сабаби бенизомӣ дар системаи истифодаи об, яъне миқдори зиёди оби нӯшокӣ барои обёрии заминҳои назди ҳавлигӣ истифода мешавад, инчунин сари вақт пардохт нанамудани ҳаққи истифодаи об, ҳанӯз баъзе маҳаллаҳои шаҳр аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд

Имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Давлатзода Сулаймон- раиси Кумитаи дин, танзими аньана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баротзода Файзулло Директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд.

Имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Давлатзода Сулаймон- раиси Кумитаи дин, танзими аньана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баротзода Файзулло Директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хайри мақдам гуфта қайд намуданд, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо туйю маъракаҳоро ба як чаҳорчубаи муайян дароварда барои шароити имрузаи мардум хеле ба маврид мебошад Анъана ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун аркони муҳими фарҳанги иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале таи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард.
Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯйу маъракаҳо боиси хароҷот ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил доданд. Маҳз қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросимҳо тавонист ҳамаи ин зиёдаравиҳоро барҳам диҳад. Дар вилоят имрӯз хушбахтона зиёдарави дар туйю маракаҳо хеле кам ба назар мерасад.