ҶАМЪБАСТИ ШАШ МОҲИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ.

Субҳи имрӯз бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов, намояндагони вазоратҳои нақлиёт, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, адлия, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ҷамъбасти шаш моҳи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баргузор карда шуд

САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.


Имрӯз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмонони олиқадрро муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов пешвоз гирифтанд. Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Хоруғ аз бозори марказии шаҳри Хоруғ иншоотҳое, ки аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд дидан намуданд. Маҳмадтоҳир Зокирзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни сохтмонҳо дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намуда ба муттасадиён барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд. Баъди боздид гурӯҳи кори бо ҳамроҳии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Роштқалъа сафар намуданд. Дар ноҳияи Роштқалъа ҳайати расми аз сохтмони иншоотҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз наздик шинос гардиданд. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ки сарпарасти ноҳияи Роштқалъа мебошанд дар ҳамкори бо ширкати Помир Энержи корҳои зиёдеро баҳри ободонии ин диёр ба анҷом расондааст. Аз ҷумла таъмири муассисаҳои таълими, сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Тусиён ва деҳаи Қалъаи ноҳияи Роштқалъа далели ин гуфтаҳо мебошад. Инчунин зимни сафари корӣ Маҳмадтоҳир Зокирзода бо мардум сӯҳбати ошкоро баргузор намуданд. Дар баробари ин сокинони ноҳияи Роштқалъа низ дар ин фурсати муносиб миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста баён намуданд.
Баъди ҷамбасти сафари кори ба ноҳияи Роштқалъа гурӯҳи кори ба шаҳри Хоруғ баргаштанд.

Оғози сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Роштқалъа

Оғози сафари кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Роштқалъа.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншоотҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти маҳаллӣ ва сектори хусусии ноҳияи Роштқалъа дидан менамоянд.
Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Помир Энержи муассисаи таълимӣ рақами 10 деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа таъмир гардидааст. Инчунин сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа оғоз гардидааст.

Зимни сафари кори ба ноҳияи Роштқалъа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо сокинони ноҳияи Роштқалъа суҳбату вохӯриҳоро баргузор намуданд.

Боздиди намоядагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохтмонҳои шаҳри Хоруғ. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода аз ҷараёни сохтмони иншоотҳои шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ карда барои вусъат бахшидани корҳои сохтмони дар иншоотҳои мазкур ба муттасадиён супоришҳои қатъӣ доданд.

Боздиди намоядагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохтмонҳои шаҳри Хоруғ.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода аз ҷараёни сохтмони иншоотҳои шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ карда барои вусъат бахшидани корҳои сохтмони дар иншоотҳои мазкур ба муттасадиён супоришҳои қатъӣ доданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир, муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ва дигар шахсони расмӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нарху наво ва ҳолати санитарӣ бозори марказии шаҳри Хоруғ дидан намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир, муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ва дигар шахсони расмӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нарху наво ва ҳолати санитарӣ бозори марказии шаҳри Хоруғ дидан намуданд.

уовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов кормандони корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ Морено де Барреда ва Баҳриддин Наҷмуддиновро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов кормандони корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ Морено де Барреда ва Баҳриддин Наҷмуддиновро ба ҳузур пазируфтанд. 
Раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хайра мақдам гуфта барои амалишавии барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон пирузиро таманно намуданд.
Мавзӯи асосии вохӯри ин давра ба давра гузаштан аз пардохти нақди ба ғайри нақди дар марказҳои хизматрасонӣ мебошад. Бо сабаби паҳн гаштани технологияи муосир дар тамоми ҷаҳон имрӯз ин системаро бараъло истифода мебаранд. Гузаштан ба пардохти ғайри нақди, бахусус пардохти хароҷотҳо таввасути телефонҳои мобилӣ имконият медиҳад, ки шахс метавонад набаромада аз хонаи истиқомати пули барқ, об ва дигар хизматрасониҳоро пардохт намояд. Инчунин сайёҳон ва соҳибкорон дигар эҳтиёҷи бо худ пули нақдро гирифтан нахоҳанд дошт. 
Албатта ҷори намудани ин намуди системаи пардохт вақти зиёдро талаб мекунад, чунки дар мадди аввал бояд постерминалҳо дар мағозаҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ насб карда шаванд.
Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ дар давоми ду рӯз барои амалӣ намудани ин барномаҳо бо роҳбарони ташкилотҳо, корхонаҳо, соҳибкорон ва дигар марказҳои хизматрасонӣ сӯҳбату вохӯриҳоро баргузор менамоянд.

НОМАИ ШОДБОШИ

Дар таърихи 9 уми июли соли равон муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати 62 умин солгарди рузи ба тахти Имомат нишастани Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохон ба Волоҳазрат номаи шодбоши ирсол намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: 
” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои заҳматхои хастанопазир ва шабонарӯзии 62 солаи Волоҳазрат Оғохон 4 ум баҳри кӯмак ба башарият, ҳифзи дини мубини ислом аз ифротгарои ва зохирпарасти, ташвики тахаммулгарои ва рушди кишварҳои осебпазир сипоси беандоза баён менамояд. Даъват гардидани Волоҳазрат Оғохони 4 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон ва дидори пайравони шиаи имоми исмоили бо Имоми давр воқеаҳои таърихи унвон гардид, ки он ба ҳамкории ҳамаҷониба миёни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои Оғохон заминаи боэътимод гузошт. Кӯмакҳои модели ба мардум дар он солҳои мудҳиш, дастгирии сулҳу субот ва ваҳдати милли дар Тоҷикистон саривакти буда, бисёр воқеахои мудхишро пешгири намуданд. Фаромини Волохазрат Оғохони 4ум оиди дури ҷустан аз гуруҳҳои террористи ва ҷинои, маводи мухаддир ва одатҳои ғайриахлоқиву ғайриқонуни, шаҳрванди беҳтарин будан, илму ҳунар омухтан ва ватандору ватандусти асилу ҳамкофияи сиёсати давлат будан сармашқи ҳаёти ҳар як муриди баихлоси Мавлоно Ҳозиримом мебошад. Рохбарияти Олии мамлакат тибки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд озодии виҷдонро таъмин кардааст ва фаъолияти Марказҳои исмоилия дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хоруғ, инчунин бе ягон мамоният иҷро гардидани расму оини мазҳаби далели ин гуфтахоянд.” 
Инчунин раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба Волохазрат Оғохони 4ум умри дароз, саломатии бардавом ва идомаи нерӯи бузург орзу намуда, ба ҷамоати шиаи имоми исмоилӣ тавфик дар зиндагӣ ва иҷрои фаромини он Волохазратро таманно намуданд. Умедвори карда шуд, ки ҳамкориҳои судманди ҳамаҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои Оғохон минбаъд низ сифатану миқдоран густариш меёбанд.

Кумак барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон тавассути барномаи Лоиҳаи нигоҳдорӣ ва рушди роҳҳо, дар асоси Созишномаи грантӣ ва қарзӣ бо Бонки Аврупои

Боиси хушнудист, ки имрӯз бо иқдоми некбинона ва кӯмаки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон тавассути барномаи “Лоиҳаи нигоҳдорӣ ва рушди роҳҳо, ки дар асоси Созишномаи грантӣ ва қарзӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд боз 28 адад техника вориди вилоят гардид. Дар чорабинӣ мазкур муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар Иматшо иштирок намуда сокинони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро бо ин рӯзи таърихи табрику муборакбод намуданд