НОМАИ ШОДБОШИ

Дар таърихи 9 уми июли соли равон муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати 62 умин солгарди рузи ба тахти Имомат нишастани Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохон ба Волоҳазрат номаи шодбоши ирсол намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: 
” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои заҳматхои хастанопазир ва шабонарӯзии 62 солаи Волоҳазрат Оғохон 4 ум баҳри кӯмак ба башарият, ҳифзи дини мубини ислом аз ифротгарои ва зохирпарасти, ташвики тахаммулгарои ва рушди кишварҳои осебпазир сипоси беандоза баён менамояд. Даъват гардидани Волоҳазрат Оғохони 4 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон ва дидори пайравони шиаи имоми исмоили бо Имоми давр воқеаҳои таърихи унвон гардид, ки он ба ҳамкории ҳамаҷониба миёни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои Оғохон заминаи боэътимод гузошт. Кӯмакҳои модели ба мардум дар он солҳои мудҳиш, дастгирии сулҳу субот ва ваҳдати милли дар Тоҷикистон саривакти буда, бисёр воқеахои мудхишро пешгири намуданд. Фаромини Волохазрат Оғохони 4ум оиди дури ҷустан аз гуруҳҳои террористи ва ҷинои, маводи мухаддир ва одатҳои ғайриахлоқиву ғайриқонуни, шаҳрванди беҳтарин будан, илму ҳунар омухтан ва ватандору ватандусти асилу ҳамкофияи сиёсати давлат будан сармашқи ҳаёти ҳар як муриди баихлоси Мавлоно Ҳозиримом мебошад. Рохбарияти Олии мамлакат тибки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд озодии виҷдонро таъмин кардааст ва фаъолияти Марказҳои исмоилия дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хоруғ, инчунин бе ягон мамоният иҷро гардидани расму оини мазҳаби далели ин гуфтахоянд.” 
Инчунин раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба Волохазрат Оғохони 4ум умри дароз, саломатии бардавом ва идомаи нерӯи бузург орзу намуда, ба ҷамоати шиаи имоми исмоилӣ тавфик дар зиндагӣ ва иҷрои фаромини он Волохазратро таманно намуданд. Умедвори карда шуд, ки ҳамкориҳои судманди ҳамаҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои Оғохон минбаъд низ сифатану миқдоран густариш меёбанд.