уовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов кормандони корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ Морено де Барреда ва Баҳриддин Наҷмуддиновро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов кормандони корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ Морено де Барреда ва Баҳриддин Наҷмуддиновро ба ҳузур пазируфтанд. 
Раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хайра мақдам гуфта барои амалишавии барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон пирузиро таманно намуданд.
Мавзӯи асосии вохӯри ин давра ба давра гузаштан аз пардохти нақди ба ғайри нақди дар марказҳои хизматрасонӣ мебошад. Бо сабаби паҳн гаштани технологияи муосир дар тамоми ҷаҳон имрӯз ин системаро бараъло истифода мебаранд. Гузаштан ба пардохти ғайри нақди, бахусус пардохти хароҷотҳо таввасути телефонҳои мобилӣ имконият медиҳад, ки шахс метавонад набаромада аз хонаи истиқомати пули барқ, об ва дигар хизматрасониҳоро пардохт намояд. Инчунин сайёҳон ва соҳибкорон дигар эҳтиёҷи бо худ пули нақдро гирифтан нахоҳанд дошт. 
Албатта ҷори намудани ин намуди системаи пардохт вақти зиёдро талаб мекунад, чунки дар мадди аввал бояд постерминалҳо дар мағозаҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ насб карда шаванд.
Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ дар давоми ду рӯз барои амалӣ намудани ин барномаҳо бо роҳбарони ташкилотҳо, корхонаҳо, соҳибкорон ва дигар марказҳои хизматрасонӣ сӯҳбату вохӯриҳоро баргузор менамоянд.