СОКИНОНИ ВМКБ 24 СОАТ БО БАРҚ ТАЪМИН ҲАСТАНД.

Зимни нишасти матбуотӣ Директори генералии “Помир Эненрҷи” Далер Ҷумаев изҳор доштанд, ки дар давоми шаш моҳи соли 2019 Ширкат 96%-и истифодабарандагони неруи барқи шабакаи марказӣ, яъне муштариёни шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ва Ишкошиму Рӯшон (ба ғайр аз муштариёни деҳоти алоҳидаи дурдасти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон) ва инчунин муштариёни ноҳияҳои Ванҷу Дарвозро дар давоми 24 соат дар як шабонарӯз аз қувваи барқ таъмин намуд. Инчунин муштариёни деҳоти дурдасти ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб аз аввали сол қисман, яъне 16 соат ва аз охири моҳи март – 24 соат аз барқ таъмин ҳастанд

Новобаста аз ин дар рӯзҳои хунуки моҳҳои январ то нимаи моҳи марти соли 2019 ҷиҳати аз таъсири яхсел кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо норасоии қувваи барқ ҳар рӯз дар давоми 3 то 5 соат дар ҳаҷми 7 МВт мушоҳида гардид, ки ин муҳиммияти сохтмони НБО-и нав, аз ҷумла НБО-и “Себзор”-ро нишон медиҳад.

Оид ба лоиҳаи сохтмони НБО-и “Себзор” дар дарёи Шохдара бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон кор бо маблағгузорони мувофиқ, аз ҷумла бо Бонки Уммиҷаҳонӣ Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон , Барномаи ЮСАИД-и Амрико ва Ҳукумати Швейтсария идома дошта, то охири соли 2019 маблағи зарурӣ ҷудо карда хоҳад шуд. Дар якҷоягӣ бо сохтмони НБО инчунин бунёди ХИБ-и 110кВ “Себзор-Хоруғ” дар масофаи 18 км ба нақша гирифта шудааст. Дар айни замон корҳои иловагӣ оид ба тарҳрезӣ ва санҷишҳои геологӣ идома дошта, дар назар аст, ки ин кор то охири моҳи июни соли 2019 ба анҷом расонда шавад. Мақсад аз ҷалби ин сармоягузорон дар он аст, ки на фақат НБО-и “Себзор”, балки инчунин сохтмони 63 км ХИБ-110кВ дар самти Ишкошим аст. Яъне мақсад аз он иборат аст, ки қисми маблағи дар боло қайдшуда барои пурзӯр кардани таъминоти барқ дар ноҳияҳои Шуғнон ва

Ишкошим ва афзоиш додани содироти барқ ба тарафи Афғонистон, аз ҷумла ш. Файзобод истифода шавад. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки барои арзёбии лоиҳа Бонки Умумиҷаҳонӣ фақат 6 моҳ талаб карда, Ҳукумати Олмон барои ин кор 18 моҳ талаб мекунад. Аз ин лиҳоз агар корро бо Бонки Умумиҷаҳонӣ сар кунем, корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз шуда, соли 2021 ба анҷом расонда мешаванд, вале бо Ҳукумати Олмон бошад бо назадошти 18 моҳи арзёбии лоиҳа корҳои сохтмониро фақат соли 2021 оғоз кардан ва соли 2023 ба анҷом расондан имконпазир аст. Вобаста ба ин аллакай дар шаҳри Душанбе гуфтушнид байни Ширкати “Помир Энерҷӣ” ва Бонки Умумиҷаҳонӣ гузаронида шуд. Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ пешниҳод намуданд, ки тадқиқотҳои геологӣ аз нав гузаронида шаванд. Дар ин асос аллакай озмуни тендерӣ гузаронида шуда, дар моҳи феврал натиҷаи озмун ба анҷом расонида шуда, моҳи май шартнома ба имзо хоҳад расид.

Инчунин моҳи феврал озмун оиди иҷрои корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони хати интиқоли барқи дузанҷираи 110кВ “Себзор – Хоруғ” гузаронида шуд ва дар моҳи апрел ширкати ватании “Тоҷикэнергосетпроект” корҳои ҷустуҷӯӣ -саҳроиро ба анҷом расонида, ҳоло корҳои лоиҳакашӣ давом доранд.

Охири соли 2018 корҳои омодагӣ барои сохтмони НБО-и хурди “Хатфат” дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бомуваффақият давом дода шуда, аввали соли равон озмуни тендерӣ оид ба марҳилаи лоиҳакашӣ ва корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ байни пудратчиёни ватанӣ гузаронида шуд. Аз рӯи натиҷаи озмун дар охири моҳи феврал бо ширкати ватании “Таис-2011” шартнома ба имзо расид ва дар моҳи апрел корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ-геологӣ оғоз гардиданд. Инчунин моҳи феврал озмунҳои тендерӣ оиди дастрас намудани маводҳои сохтмонӣ барои сохтмони хатҳои интиқоли барқ гузаронида, дар моҳи апрели соли равон шартномаҳо оиди дастрас намудани таҷҳизотҳо ва маводҳои сохтмонӣ бо ширкатҳои мувофиқ ба имзо расонида шуданд.