Имрӯз муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба хотири шиносоӣ бо сатҳи зиндагии мардум ва ба истифода додани як қатор иншоотҳои ҷашни ба деҳаи Басиди ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.

Имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба хотири шиносоӣ бо сатҳи зиндагии мардум ва ба истифода додани як қатор иншоотҳои ҷашни ба деҳаи Басиди ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.
Дар ин деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшон нерӯгоҳи хурди барқии 200 квт, касалхонаи деҳот барои 10 кат бо таҷҳизоти ҳозиразамон, ҳоҷатхона ва ҳамом сохта бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мавриди истифодабари қарор дода шуданд. Иншоотҳои мазкур аз ҷониби сармоягузорони хориҷи ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуданд. 
Раиси вилоят миннатдории самимиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои саҳм гузоштан дар ободонии вилоят ба сохтмончиён баён намуда ,қайд карданд, ки маҳз сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди сиёсати дарҳои кушод ва эълон намудани солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ буд, ки имрӯз теъдоди сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар вилоят зиёд шуда истодааст. 
Сокинони ҷамоати Бартанг низ дар ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон миннатдории самимии худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷӣ барои баён намуданд.

ВОХӮРИИ РАИСИ ВМКБ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Рузи 29 уми августи соли ҷори муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ вохӯри доир намуданд. Дар вохӯри раиси вилоятро як қатор роҳабарони муассисаҳои вилояти моля, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигарон ҳамроҳи намуданд. Зимни мулоқот раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хайри мақдам гуфта миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ баён намуданд. Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ иброз доштанд, ки мақсади ташрифи мо ба ин минтақаи зебои Тоҷикистон ин пешниҳод намудани барномаҳо барои беҳбудии соҳаи иҷтимоии вилоят аз ҷумла маориф ва тандурустӣ мебошад. Ҷори намудани ҳарчи бештар барномаҳои рушди барвақтии кудак дар деҳаҳои дурдаст мебошад. Қайд карда шуд, ки на ҳамаи кӯдакон дар деҳотҳои дурдаст дастрасӣ ба барномаҳои рушди барвақтии кӯдак доранд. Имрӯз мо мехоҳем аз шароити барномаҳое, ки алакай ҷорӣ гардиданд дидан намоем ва баҳри рушди зеҳнии ва саломатии кӯдакони куҳистон дигар барномаҳоро низ пиёда намоем. 
Раиси вилоят пешниҳодҳои намояндагони Бонки Ҷаҳониро қабул намуда иброз доштан, ки дар ҳақиқат дар баъзе ҷамоатҳои дурдаст имрӯз кудакони ба барномаи рушди барвақтии кӯдак дастраси надоранд, лекин бояд қайд намоем, ки маҳз сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсат одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки соҳаи маорифро ҳама тарафа дастгири намуда истодаанд Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд мо тавонистем дар бештари ноҳияҳои вилоят ин барномаҳоро амалӣ намоем. Бояд қайд намоем, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ҳамаи муассисаҳои таълимии ВМКБ таъмир ва аз навсозӣ карда шаванд, ки ин хело ба маврид мебошад.

Субҳи имруз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов дар машқҳои омадабоши ба ҳолатҳои фавқуллода, ки аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждани дар вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ташкил карда шуд, иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Субҳи имруз муовини раиси Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов дар машқҳои омадабоши ба ҳолатҳои фавқуллода, ки аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждани дар вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ташкил карда шуд, иштирок ва сухаронӣ намуданд. Дар чорабинии мазкур кормандони ташкилоти мададгори мудофиаи вилоят, Агентии Оғохон оид ба муҳити зист, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, Хадамоти давлатии оташнишони, табибони ёрии таъҷили, ва дигар идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.

Имруз дар Қасри миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни давлатӣ аз ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳури бо мукофотҳои давлатӣ созовор гардиданд

Имруз дар Қасри миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни давлатӣ аз ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳури бо мукофотҳои давлатӣ созовор гардиданд. Дар баробари онҳо хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар роҳбарон, аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки дар таъмини сулҳу субот ва ободонии вилоят саҳм доштанд, бо пешниҳоди Раиси Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадридони гардиданд.

Имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов як гурӯҳ сармоягузорнои хориҷи аз давлатҳои Швейтсария ва Олмонро ба ҳузур пазируфтанд.

Имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов як гурӯҳ сармоягузорнои хориҷи аз давлатҳои Швейтсария ва Олмонро ба ҳузур пазируфтанд. 
Инвесторон дар солҳои 2016 ҳамчун сайёҳ бо роҳбарии Петер Бондес ба Тоҷикистон ворид гардиданд ва бо шароити зиндагии дурдасттарин ҷамоати ноҳияи Рӯшон деҳаи Басид шиносоӣ пайдо намуданд. Баъди шиносоӣ бо мардум сайёҳон ба худ мақсад гузоштанд, ки баҳри беҳтар намудани сифати зиндагии мардум саҳми худро мегузоранд. 
Имсол аз ҷониби ин шахсони саховатманд сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии 200 квт, касалхонаи деҳот барои 10 кат бо таҷҳизоти ҳозиразамон, ҳоҷатхона ва ҳамом сохта мавриди истифодабари қарор дода шуданд. Инчунин аз ҳисоби ин сайёҳон ҳар сол табибон аз хориҷи мамлакат даъват карда мешавад ва ба мардум ҷамоати Бартанг хизмати тиббӣ мерасонад. Дар оянда ният доранд, ки мардуми деҳаи Басиди ҷамоати Бартангро бо оби ошомиданӣ таъмин намоянд.
Раиси вилоят миннатдории самимиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои саҳм гузоштан дар ободонии вилоят баён намуда ,қайд карданд, ки маҳз сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди сиёсати дарҳои кушод ва эълон намудани солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ буд, ки имрӯз теъдоди сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар вилоят зиёд шуда истодааст. Бо ин роҳ мо метавонем сатҳи зиндагии мардуми куҳистонро баланд бардорем.

Дар ноҳияи Рӯшон зимни сафари кори раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо шароити зиндагии мардум дар маркази ноҳияи Рӯшон аз наздик шинос гардиданд.

Дар ноҳияи Рӯшон зимни сафари кори муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо шароити зиндагии мардум дар маркази ноҳияи Рӯшон аз наздик шинос гардиданд.

Сафари кории муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Рӯшон

Сафари кории муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Рӯшон. 
Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо мақсади шиносои бо иншоотҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия ба ноҳияи Рӯшон сафар карданд. Зимни боздид раиси вилоят ба сохтмонҳои ҷашни баъои баланд доданд. Сохтмонҳо аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҳунарпеша, овозхони маъруф Далер Назаровро ба ҳузур пазируфтанд.

Имруз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҳунарпеша, овозхони маъруф Далер Назаровро ба ҳузур пазируфтанд. 
Зимни суҳбат раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қайд карданд, ки чеҳраи ҳунарии Шумо ҳамчун сарояндаи соҳибҳунар дар ҷодаи эстрадаи навин тоҷик, ки мусиқи фолклори тоҷикро дар сабти оҳангҳои эстрадии “поп-фолк” таълиф намуда месароед. Ин барои мо боиси ифтихор аст, ки Шумо фарзанди ҳамин диёр дар тамоми давлатҳои Осиё ва Аврупо мардумро бо оҳанг ва эҷодиёти нависандагон ва шоирони тоҷик шинос менамоед.
Далер Назаров қайд намуданд, ки имрӯз шароити хеле хуб барои нигоҳ доштани фарҳанги аҷдоди мо фароҳам оварда шудааст. Овозхонони ҷавони Бадахшон имрӯз хеле машҳур шуда истодаанд. Мо мақсад дорем, ки овозхонони ҷавони вилоятро дастгири намоем. Мақсади омадани ман ба зодгоҳам Бадахшон ин аст, ки бештар бо дунёи овозхонони ҷавони вилоят, шароити кории онҳо шинос шавам. Овозхонони ҷавони вилоят маҳорати хуби овозхони доранд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар низ иштирок карда истодаанд. Ман боварии комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баҳри ба даст овардани манфиатҳои натичабахш дар соҳаи фарҳанги вилоят ба мо кӯмаки худро дареғ намедорад.

Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони Бонки Рушди Олмон Андрес Шинайдер, Франк Марсиал, Манучеҳр Бақоев ва роҳбарияти Ширкати Помир Энерҷи Далер Ҷумъаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони Бонки Рушди Олмон Андрес Шинайдер, Франк Марсиал, Манучеҳр Бақоев ва роҳбарияти Ширкати Помир Энерҷи Далер Ҷумъаевро ба ҳузур пазируфтанд. 
Раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хайри мақдам гуфта барои саҳм гузоштан дар сохтмони НОБ- Себзор миннатдориро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баён намуданд. 
Зимни суҳбат масъалаи сохтмони НОБ – Себзор барарси гардида намояндагони Бонки Рушди Олмон иброз доштанд, ки ба хотири шурӯъ намудани корҳои сохтмони имрӯз гузаронидани якчанд тадқиқотҳо бояд гузаронида шаванд, чунки мувофиқи стандартҳо ва талаботҳои байналмиллалӣ шурӯъ намудани корҳои сохтмони бе тадқиқот номумкин мебошад. Айни замон тадқиқотҳои оиди таъсири сохтмони НОБ- Себзор ба муҳити зист, ҳаёти иҷтимоӣ мардум, кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ, сохтмони канал ва обанбор ва дигар масъалаҳо идома доранд. Инчунин тендер барои қабули мушовирони хориҷи ва дохилӣ, лоиҳаҳои иншоот бо тамоми мушаххасоти ҷузви, қабули мутахассисони лоиҳа идома дорад. Дар нақша аст, ки қабули ҳамаи кадрҳои лозими то охири моҳи ноябр ҷамъбаст мегардад. 
Сохтмони асоси неругоҳ дар семоҳаи дуюми соли 2020 оғоз мегардад. Ширкатҳои сохтмони тавассути тендери байналхалқӣ интихоб карда мешаванд. 
Ёдовар мешавем, ки сохтмони НОБ – Себзор бо дастгири бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ сохта ва истифода дода хоҳад шуд. Дар сохтмони нерӯгоҳи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва панҷ донори хориҷи саҳмгузор хоҳанд шуд. Аз ҷумла давлати Олмон тавассути Бонки Рушди Олмон (БРО), USAID Амрико, Созмони Аврупо, СЕКО- Швейтсария ва Бонки Ҷаҳонӣ мебошанд. Маблағи умумии барои сохтмони НОБ- Себзор 35,6 млн долларро ташкил медиҳад.

ТАМАННИЁТИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН МУҲТАРАМ ЁДГОР ФАЙЗОВ БА ИФТИХОРИ РЎЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Табибони ҳозиқ ва гиромӣ!

Ҳамасола дар остонаи ҷашни Соҳибистиқлолии кишвар, дар фазои сулҳу субот, дар руҳияи баланди ифтихор аз давлату миллат, созандагиву бунёдкорӣ, ҳисси меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ – Рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи табиби бузурги миқёси ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯали ибн Синоро бо шукӯҳу шаҳомати хосае таҷлил мегардад ва бояд ёдовар шуд, ки ин Ид нафақат иди кормандони тиб, балки иди ҳар як сокини кишвар аст, чаро, ки табибон ҳомиёни ҳифзи саломатии кулли инсониҳо мебошанд. Мо аз он ифтихор дорем, ки дар фазои сулҳу субот ва оромии кишвар Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тандурустиро ҳамчун сиёсати афзалиятноки давлат дар мақоми аввал гузоштанд ва онро боигарӣ ва ё сарвати бебаҳои давлату миллат маънидод намуданд.
Аз ҳамин лиҳоз давоми фақат ду соли охир чандин биноҳои замонавӣ сохта шуда ҳамаи иншоотҳои тиббӣ бо технология муосир таҳҷизонида шуданд. Сохтмон ва аз навсозии иншоотҳои тиббӣ ва омузондани кадрҳо идома ёфта, имсол 98 нафар бо квоти Президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Тиббӣ дохил гардиданд. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати панҷ соли оянда ҳамаи иншоотҳои тиббӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, таъмир ва ё аз нав сохта мешаванд.
Маввудият, тақдир ва ҳастии ҳар инсон дар бисёр маврид ба меҳнату заҳмати тоқатшикани табибон ва тамоми кормандони соҳа алоқаманд аст ва ман ба Шумо барои талошҳои зиёди шабонарузиатон ва наҷоти ҳаёти садҳо маризон ташаккури самими изҳор намуда аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамаи Шуморо ба иди касбиатон табрик мегӯям ва бароятон бахту саодат, тансиҳатӣ ва дар кори пурифтихори ҳамарӯзаатон барои нигоҳдошти саломатии аҳолӣ комёбиҳои беназир таманно менамоям.