Комиссияи доимии танзиму анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз шаш моҳи фаъолияти худ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҳамчун раиси комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҷамъбаст намуданд

Комиссияи доимии танзиму анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз шаш моҳи фаъолияти худ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҳамчун раиси комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҷамъбаст намуданд. Дар маҷлиси ҷамъбастии шаш моҳи фаъолияти комиссия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ғуломнабӣ Собиров мудири шӯъбаи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон зимни ҳисоботи худ қайд намуданд, ки комиссияи доими танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақша ва Низомномаи тасдиқшуда дар шаш моҳи соли 2019 фаъолияти худро ба роҳ монда барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарури меандешад.
Раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз фаъолияти комиссияи мазкур изҳори нигарони намуда таъкид карданд, ки ҳанӯз ҳам камбудиҳои зиёд дар ин самт ҷой доранд. На ҳамаи аъзоёни комиссия фаъол ҳастанд ва аз вазифаҳои тасдиқшудаи Низомнома дарак доранд. Комиссияи мазкур бояд бо мардум сӯҳбату вохӯриҳоро баргузор намоянд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҳисоботро пешниҳод намоянд.