РАИСИ ВМКБ БА САВОЛҲОИ РУЗНОМАНИГОРОН ПОСУХИ ҚОНЕЪКУНАНДА ДОДАНД.

Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба саволҳои зиёди намояндагони васоити ахбори омма посух гардонданд. 
Дар нишасти Раиси вилоятро муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Аминҷон Мирзоқандов, ёрдамчии раиси вилоят Шараф Атобеков, роҳбарияти рушди иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шоҳзодаев, роҳбарияти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Ҷумъа Ҷумаев, мудири бахши таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят Ғолиб Ниятбеков ҳамроҳи намуданд. 
Раиси вилоят оиди шаш моҳи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҳисобот дода қайд намуданд, ки пешравиҳо дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёд ҳастанд, лекин камбудиҳо низ вуҷуд доранд. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои зиёд дар соҳаи иқтисод ва иҷтимоӣ ноил гардидем. Ворид гардидани техника барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят, кӯмаки мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои соҳаи тандурустии вилоят, кӯмаки 8 миллион евро аз тарафи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд барои аз нав барқарор намудани обу ташноб ва партовгоххои сахти маӣши, баргузор гардидани чорабинии муҳими иқтисодии “Помир Инвест” ин ва дигар чорабиниҳои муҳим барои ояндаи вилоят баргузор гардиданд. 
Дар охир рӯзноманигорон саволҳои худро оиди ҳамаи самтҳо дар вилоят ба роҳбарият пешниҳод намуданд ва посухи қонеъкунанда гирифтанд. Маълумоти пурра оиди нишасти матбуотӣ бо раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят www badakhshan.tj инъикос мегардад.