Номаи табрикотии муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати фаро расидани Иди Қурбон

Ҳамдиёрони арҷманд!

Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусулмони мо мебошад, ҳамаи шумо ҳамдиёрони азизро аз сидқи дил табрик ва таҳният гуфта, барои якояки шумо аз даргоҳи Худованди олам пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Иди Қурбон яке аз ҷашнҳои муқаддаси исломӣ ва суннатҳои писандидаи мардуми мусулмон ба ҳисоб меравад ва он дорои фазилат, ҳикмат ва воҷиботи хоси худ мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониҳои худ қайд намуданд, ки “Ҳар як сокини мамлакат бояд амиқ дарк намояд, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон мо бояд сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ҳама ҳолат ҳимоя кунем ва манфиати давлату миллатамонро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем” 
Ин Идро ҷашн гирифта, аз он қабл аз ҳама саодати рӯҳонӣ мегирем, сонӣ бояд донист, ки ин ҷашнвора рисолати созандагӣ ва ободонӣ, дӯстию бародарӣ бо ҳамдигар, поксозии қалбҳо, дастгирии ниёзмандон ва мустамандон, таҳкими ахлоқи ҳамида, ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизорикунии мавзеъу маҳалҳо, пос доштани хотири гузаштагон, арҷгузории падару модарон, аёдати беморону барҷомондагон, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва дигар фазилату хислатҳои некро дорад. Бинобар ин, ҳар як мусулмони покэътиқод бояд аз ин фазилатҳои Иди саиди Қурбон бархӯрдор бошад.
Бинобар ин, ба мақсади амалӣ намудани фазилатҳои идона воҷиб аст, ки қурбонӣ ба ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои иҷтимоӣ тақсим карда шуда, маблағҳои садақаи қурбонӣ дар баробари расонидани кумакҳои хайриявӣ ба ниёзмандон, инчунин барои ободонӣ, таъмину тармими кӯчаю маҳалҳо ва иншооти иҷтимоӣ равона карда шавад. Дар рӯзи ид дастархони камхарҷу маънавӣ ороста шуда, идгардаки кӯдакон зери назорати волидайн қарор гирад. 
Ба ҳама маълум аст, ки барои бо тантана баҷоории маросиму иди ҷашнвораҳои динӣ ва дигар фароизу воҷиботи марбут ба имондорӣ мавҷуд будани сулҳу осоишӣ, суботи сиёсӣ, инчунин ваҳдат ва ҳамбастагии афроди ҷомеа шарти зарурист ва кӯшишу талоши раҳбарияти олии сиёсии кишвар ҳам бо ин мақсад нигаронида шудааст. Фақат дар ин шароит мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои аслии худ, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва сохтани давлати дунявию ҳуқуқбунёди демократӣ ноил гардем 
Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳар як фарди ҷомеа тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки ба хотири беҳтар гардонидани сатҳи некӯаҳволии худ, пешрафти давлат ва ободии Ватани маҳбубамон софдилона заҳмат кашида, дар таъмини ҳаёти осудаи сокинони мамлакат фаъолона иштирок намояд ва дар ин амри хайр саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.
Дар охир, бори дигар, бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шумоёнро ба ифтихори фарорасии иди саиди Қурбон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадонатон баракат, раҳмат ва махфирати ин Идро таманно дорам!