МИЗИ МУДАВВАР


Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгири ва шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” бо ҷавононе, ки дар идораву муассисаҳои давлатӣ кору фаъолият карда истодаанд, баргузор гардид.
Солеҳҷони Адабҷон намоянда аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ҷавонони имрӯз бояд бо истифода аз имконоти мавҷуда ба солим гардонии ҷомеа ва ташвиқи варзиш миёни ҷавонон фаъол бошанд. Ба варзиш ҷалб намудани наврасону ноболиғон яке аз роҳҳои муҳими пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. 
Ғолиб Ниятбеков мудири бахши таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят изҳор доштанд, ки дар фазои иттилоотӣ имрӯз хеле бо суръат ташвиқу тарғиби ҳамагуна равияҳо рафта истодаанд. Ҷавонон бояд ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоиро зиёдтар намоянд. Фазое, сиёсие ки мо имрӯз мо дар он зиндагӣ дорем бояд ба қадри он бирасем ва дар ободонии диёри худ саҳмгузор бошем. 
Сураҷ Чоршанбиев сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят низ аз фаъолияти раёсат дар вилоят ёдоварӣ намуда қайд кардан, ки масъулини кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят оиди пешгири намудани шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ семинарҳо ва чорабиниҳо миёни ҷавононро баргузор намуд. 
Дар анҷоми мизи мудаввар баҳсу мунозираҳо оиди мавзӯи мазкур дар байни ҷавонону ноболиғон ба роҳ монда шуд.

НАТИҶАҲОИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОМИРИНВЕСТ

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва Фонд барои зиндагии беҳтар дар Тоҷикистон шартномаи тарафайн оиди таъсиси корхонаи истеҳсоли духти либосҳои мактабӣ дар шаҳри Хоруғ имзо намуданд. Тибқи шартномаи тарафайн корхона дар се марҳила сохта ба истифода дода мешаванд. 
– марҳилаи якум 10 ҳазор дона истеҳсоли либоси мактабӣ дар як сол 
– марҳилаи дуюм 20 ҳазор дона истеҳсоли либоси мактабӣ дар як сол 
– марҳилаи сеюм 30 ҳазор дона истеҳсоли либоси мактабӣ дар як сол 
Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мухтарам Ёдгор Файзов баъд аз имзонамудани шартнома диққати сармоягузоронро бо он ҷалб намуд, ки пеш аз ҳама бояд сатҳи зиндагии мардуми вилоят ба инобат гирифта шавад ва либосҳои мактабӣ низ бо нархи дастрас барои мардуми вилоят ба фурӯш бароварда шаванд