ВОХӮРИИ РАИСИ ВМКБ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

Рузи 29 уми августи соли ҷори муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ вохӯри доир намуданд. Дар вохӯри раиси вилоятро як қатор роҳабарони муассисаҳои вилояти моля, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигарон ҳамроҳи намуданд. Зимни мулоқот раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хайри мақдам гуфта миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ баён намуданд. Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ иброз доштанд, ки мақсади ташрифи мо ба ин минтақаи зебои Тоҷикистон ин пешниҳод намудани барномаҳо барои беҳбудии соҳаи иҷтимоии вилоят аз ҷумла маориф ва тандурустӣ мебошад. Ҷори намудани ҳарчи бештар барномаҳои рушди барвақтии кудак дар деҳаҳои дурдаст мебошад. Қайд карда шуд, ки на ҳамаи кӯдакон дар деҳотҳои дурдаст дастрасӣ ба барномаҳои рушди барвақтии кӯдак доранд. Имрӯз мо мехоҳем аз шароити барномаҳое, ки алакай ҷорӣ гардиданд дидан намоем ва баҳри рушди зеҳнии ва саломатии кӯдакони куҳистон дигар барномаҳоро низ пиёда намоем. 
Раиси вилоят пешниҳодҳои намояндагони Бонки Ҷаҳониро қабул намуда иброз доштан, ки дар ҳақиқат дар баъзе ҷамоатҳои дурдаст имрӯз кудакони ба барномаи рушди барвақтии кӯдак дастраси надоранд, лекин бояд қайд намоем, ки маҳз сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсат одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки соҳаи маорифро ҳама тарафа дастгири намуда истодаанд Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд мо тавонистем дар бештари ноҳияҳои вилоят ин барномаҳоро амалӣ намоем. Бояд қайд намоем, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ҳамаи муассисаҳои таълимии ВМКБ таъмир ва аз навсозӣ карда шаванд, ки ин хело ба маврид мебошад.