Иштирок дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
27.09.2019
http://www.president.tj/node/21499

27 сентябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар нӯҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои дохили ҳизбӣ, аз ҷумла даъвати Анҷумани навбатии ҳизб ва корҳои омодагӣ ба он ҳаллу фасл карда шуд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис “Дар бораи ҷараёни корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ”-ро ба муҳокима гузоштанд.

Масъалаи дувум ва асосии ҷаласа даъвати Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.

Зимни суханронӣ Раиси ҳизб таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

Зикр гардид, ки ба кор даромадани ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки чархаи дувуми он дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди ҷашни истиқлол мавриди истифода қарор дода шуд, барои рушди иқтисодиёти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав ва рӯйдоди тозаи таърихӣ мебошад. Хусусан, дар сохтмони ин иншооти бузурги аср кормандони зиёди он узви фаъоли ҳизб мебошанд ва дар остонаи ҷашни истиқлол 40 нафари онҳо бо сипосномаҳои ҳизб ва дигар мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Пешвои миллат дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ин хусус таъкид карда буданд, ки – ““Роғун” омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад”.

Бинобар ин, вазифаи ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбияро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки масъалаи дигаре, ки имрӯзҳо барои ҳизб афзалият дорад ин дар соли оянда баргузор гардидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад. Вазифаи ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ он аст, ки барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳимми сиёсӣ омода бошад.

Мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа муайян аст, вале талош бояд кард, ки ба василаи таъмин кардани ниёзҳо ва талаботи мардум, хусусан фаровонии маҳсулоти ғизоӣ, ба эътидол овардани нарху наво, фароҳам овардани барқу гармӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста ба маъракаи интихобот омодагӣ бинем.

Масъалаи дигаре, ки Раиси ҳизб ба он таваҷҷуҳи махсус доданд, пешбарии номзадҳои арзанда ба маъракаҳои интихоботи оянда мебошад. Албатта, дар сафи ҲХДТ чунин шахсон зиёданд ва мо бояд беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем ва бо ин роҳ раванди таҳияи қонунҳое, ки барои пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мусоидат менамоянд, амалӣ созем.

Ташкилотҳои ҳизбӣ низ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи матлуб, шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шудани интихобот омодагӣ бинанд. Аз ҷониби Раиси ҳизб таъкид гардид, ки Анҷумани навбатӣ дар моҳи декабр баргузор карда шавад.

Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Раиси ҳизб аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Раҳмонзода Абдулло – раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сатториён Матлуба – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷонибек Қозибек – раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Дадабоева Гулхумор – директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор, Маҳмадов Раҳматҷон – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва Ҳамидиён Илҳомҷон – муовини якуми раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баромад намуданд.

Дар ҷамъбасти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамаи мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем: узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.

АҲСАН БА КОРМАНДОНИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ ВА ОҶОНСИИ ОҒОХОН ОИД БА МУҲИТИ ЗИСТ

АҲСАН БА КОРМАНДОНИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ ВА ОҶОНСИИ ОҒОХОН ОИД БА МУҲИТИ ЗИСТ
Чор нафар сайёҳӣ исроили, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Помир раҳгум заданд наҷот дода шуданд. Кормандони ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва наҷотбахшони ихтиёрии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои наҷоти сайёҳон чор шабонаруз бо малакаи баланди касбӣ талош карданд ва хушбахтона сайёҳонро бе бардошти ягон осеби ҷисмонӣ ба шаҳри Хоруғ интиқол доданд

Имруз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Музаффар Ҷорубов Директори иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Дастанбуй Мамадсаидов менеҷери барномаи рушди шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Музаффар Ҷорубов Директори иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Дастанбуй Мамадсаидов менеҷери барномаи рушди шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат роҳбарияти ДОМ оиди шароити фароҳам овардашуда дар шаҳраки ДОМ ба раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ахборот доданд. Донишҷӯёни ДОМ бо тамоми шароитҳои муосир ва талаботи ҷаҳони ҷавобгӯ таъмин мебошанд. Дар донишгоҳ имрӯз аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва давлатҳои Осиёи Марказй таҳсил карда истодаанд. Онҳо ба фарҳангу тамаддуни тоҷиконаи мардуми Бадахшон шинос мегарданд ва бо ҳамдигар муносибати хеле хуб доранд, ки ин яке аз ниятҳои неки ДОМ мебошад. Соли 2019 дар ДОМ 145 нафар донишҷӯ дохил гардидааст, ки 74 % донишҷӯёнро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Боқимонда аз давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Афғонистон мебошанд. Дар ДОМ омӯзиши забони давлатӣ ва омӯзиши фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин ДОМ бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамкориҳои судманд дорад. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба омӯзишҳои илми ва технологияҳои муосир фаро гирифта мешаванд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингхро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингхро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҷаноби сафирро ба вилоят хайри мақдам гуфта аз таърих, фарҳанг ва муҳаббату эҳтироми миллати тоҷику ҳинд ҳарф зада дар шахсияти сафир Ҳукумати Ҳиндустон ва мардуми онро барои ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сафир низ дар навбати худ аз зебогии табиати Тоҷикистон, мехмоннавозии халқи тоҷик ва корҳои ободонию созандагӣ дар кишвар ибрози андеша намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳои ба масъалаҳои зерин диққати асоси равона намуданд.
– соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дорои имконияти бузург мебошад. Ҳиндустон ҳар сол 300 миллион шаҳрвандони худро ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон аз ҷумла Ӯзбекистон мефиристонад. Имрӯз муносибати сиёси миёни Тоҷикистону Узбакистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст, ки ин барои мо имконият медиҳад, мо метавонем, ба шаҳрвандони Ҳиндустон хатсайри сайёҳӣ тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хусусан ба ВМКБ тавсия диҳем.
– Ҳиндустон истеҳсолкунандаи бузурги дорувори, ки аз гиёҳҳои табии тайёр мешаванд мебошад. Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон низ дорои гиёҳҳои шифобахши табии зиёд мебошад, ки мо метавонем дар ин соҳа ҳамкориро ба роҳ монем.
– Имрӯз донишҷӯёни зиёд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан аз Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар Ҳиндустон ба таҳсил машғул ҳастанд. Дар ин масъала мо мехоҳем ҳамкорӣ хубтарро ба роҳ монем.
– Сафорати Ҳиндустон ба беморхонаҳои вилоят мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар маркази ноҳияи Мурғоб чоҳҳои оби нӯшокӣ сохта ба истифода доданд ва имрӯз ҳам омода аст, ки чунин барномаҳоро маблағгузори намоянд.
– Ҳиндустон дар истеҳсол ва истифодабарии батареяҳои офтобӣ хеле пешрафт кардааст ва масъалаи бо батареяҳои офтобӣ таъмин намудани деҳаҳои дурдаст аз ҷумла водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб дида мебарояд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррея Мендес ва намояндаи барномаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Гулазор Мамадризобековаро ба ҳузур пазируфтанд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррея Мендес ва намояндаи барномаи мазкур дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Гулазор Мамадризобековаро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси вилоятро дар мулоқот бо намояндагони Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ва Сардори Раёсати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Одинашо Мардов ҳамроҳи намуданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оиди беҳтар намудани ғизои солим барои муассисаҳои таълимии аз ҷумлаи барои синфҳои ибтидоӣ таклифҳоро пешниҳод намуданд. Директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Алберто Коррея қайд намуданд, ки бо ду ҳазор муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, ки 131 ададашон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мебошанд. Барои толибилмони макотибҳои вилоят таи чанд сол хуроки гарми ғизонок таъмин карда шуд. Бо шуруъ шудани Барномаи Фонди Сабз ки бо мушкилотҳои ивазшавии иқлим ва таъмини устувори ё мутобиқшавии ҷомеа бо оқибатҳои он сару кор дорад. Аз мохи январи соли оянда як қатор фаъолиятҳои нав ба нақша гирифта хоҳанд шуд. Аз ҷумла сохтмони гармхонаҳо дар назди мактабҳо, усулхои бехтари хушк кардани мева, сохтмони анборхонаҳо барои озуқа ва ғайрахо аз қабили фаъолиятҳои нав мебошанд. Масъалаи қадпасти ва камвазнии кӯдакон ки сабаби асосиаш камчинии ғизои пастсифат мебошад, як масъалаи доғи рӯз мебошад, чунки он ба афзоиши минбаъдаи ҷисмони ва аклонии кӯдак таъсири зиёди манфи мерасонад
Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба намояндагони Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон миннатдории самимии худро баҳри кӯмаки чандинсолаашон оиди расонидани кумаки гуманитари дар солҳои ҷанги шахрванди , баъдан таъмини ғизо барои кӯдакон ва садхо барномаҳои инфрасохтор минатдории самими баён намуданд ва қайд карданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро баҳри рушд додани ҳамкории минбаъда омода аст.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфтанд

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оиди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Қайд карда шуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат хеле рушд ёфтааст.
Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) кӯшиши байналмилалӣ барои талаф додани гуруснагӣ ва дастгирии рушди кишварҳои аъзо дар соҳаҳои кишоварзӣ, моҳигирӣ ва ҷангалҳо мебошад. Мушкилоти ФАО ба баланд бардоштани сатҳи ғизогирӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ, беҳбудии зиндагии аҳолии деҳот ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону FAO, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзии вилоят мубодилаи афкор анҷом доданд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласа собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳамаи ноҳияи вилоят, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони Раёсати маориф, тандурустӣ, ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигарон иштирок намуданд. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба собиқадорони меҳнат барои хизмати шоиста ва саҳм гузоштан дар ободонии вилоят миннатдории самими баён намуда изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст то , ки барои собиқадорони ҷангу меҳнат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шаванд. Шумо имрӯз ба синну сол нигоҳ накарда дар хизмати халқ ҳастед. Хизмате, ки Шумо ба халқу давлат ҳанузам карда истодаед ин барои мо намунаи ибрат мебошад. Собиқадорони меҳнат аз ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов истифода бурда пешниҳодҳои худро оиди нигоҳ доштани ҷойҳои таърихи, шароити фароҳам овардан барои зисту зиндагонии собиқадорони ҷангу меҳнат ва хизмати тиббии ройгон таклифҳои худро пешниҳод намуданд.

ПИРУЗӢ МУБОРАК!

ПИРУЗӢ МУБОРАК!
Рузҳои охир варзишгарони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи кишвар пирузиҳоро ба даст оварданд, ки ин барои кулли мардуми Бадахшон боиси ифтихор мебошад. Варзишгарӣ машуҳри тоҷик Шакармамад Мирмамадов, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе соҳиби шоҳҷоизаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид далели гуфтаҳои боло мебошад.
Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза фарзандони ба номуси миллат Шакармамад Мирмамадовро барои пирузӣ Ёқуб Боқиев, Сорбон Эркаев ва Раҳматуллоев Фарҳод барои пирузиҳояшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям. Амалӣ ҷавонмардонаи Шумо барои тамоми ҷавони Тоҷикистон намунаи ибрат хоҳад буд. Пирузӣ муборак!

Бо эҳтиром Раиси Вилояти
Мухтори Куҳистони Бадахшон
Ёдгор Файзов