Governor of GBAO, Mr Yodgor Fayzov sent a farewell message to HE Mr Hajima Kitaoka, who finished his mission in Tajikistan and now appointed Ambassador of Japan in Estonia

Its sad that great friend of Tajikistan,​ HE Ambassador Haj­ime KITAOKA​ ​ is leaving Tajikistan, but unfortunately its​ the life of diplo­mats. Behalf of peop­le of GBAO and perso­nally i wish to thank very much​ ​ HE Mr. Hajime Kitaoka for his highest commit­ment​ and huge supp­ort to this country, officially opening of Japan Embassy in Dushanbe and building great relationship of Tajikistan – Jap­an governments.​
Despite of remotene­ss and other difficu­lties of GBAO​ HE​ managed to visit​ all​ projects​ fun­ded by Embassy in GB­AO,kindly met with people and responded to all their need and requests.​
It was great pleasure to talk and work with Him and other co­lleagues from Japan Embassy and we are looking forward to co­ntinue such​ cooper­ation with new ambas­sador and embassy st­aff in the future​
​ Wish HE​ ​ Mr. Haj­ime KITAOKA good hea­lth, long and happy life and success in his new country and​ new job. Will be great honor for us​ ​ to welcome Him​ again to GBAO any time these days or in the future​

With many thanks and warm regards​

Yodgor Fayzov

Governor of GBAO

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов муовини раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Олимҷон ва Бибидавлат Афзалшоеваро ба ҳузур пазируфтанд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов муовини раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Олимҷон ва Бибидавлат Афзалшоеваро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон миннатдории худро ба намояндагони Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии масъалаҳои марбут ба вилоят дошта баён намуданд. Мо умеди зиёди дорем, ки барномаҳо ба хотири пешрафти вилоят якдилона дастгири меёбанд.
Акрамшо Фелалиев муовин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки имрӯз барномаҳои зиёд барои пешрафти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида истодаанд. Мо кӯшиш менамоем, ки ҳар чи зудтар ин барномаҳо тасдиқ гарданд ва амали шаванд. Инчунин зимни сафари худ гурӯҳи кори тибқи нақша вохӯриро бо тамоми табақаҳои ҷомеа баргузор менамоянд. Вохӯриҳо дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят баргузор мегарданд.

Пешвозгирии ҷавондухтароне, ки дар мусобиқаи варзишӣ ҷои аввал гирифтанд

Бо супориши муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов чавондухтароне, ки дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди баскетбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аввал гирифтанд, дар сатҳи баланд пешвоз гирифта шуданд.

БОИСИ ИФТИХОР АСТ.

Варзишгарони дастаи баскетболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди Баскетбол байни бонувон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бар ҳамаи ҳарифони худ ғолиб баромада дар бозии финали бо варзишгарони дастаи вилояти Суғд рақобат намуда сазовори ҷойи якум гардиданд

Рафти тамошои дастаҷамъонаи ҳамаи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо роҳбарии муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи обии барқии Роғун, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Рафти тамошои дастаҷамъонаи ҳамаи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо роҳбарии муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи обии барқии Роғун, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон

Табрикномаи
муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон

Хамдиёрони гиромӣ!

Бисту ҳашт сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи моро, манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ, яъне 28 –умин солгарди истиқлолияти давлатӣ хурду бузурги Тоҷикистони азиз ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар фарди соҳибватан хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва кушоиши кор орзу менамоям.
Гарчӣ хишти аввалини истиќлолият ханўз дар соли 1990 гузошта бошад ҳам, 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати муҳим “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро қабул намуданд, ки ин ҳуҷҷати таърихӣ расман Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард, вале ташкили давлати хақиқии сохибистиклол ва соҳибихтиёрии воқеӣ ба Иҷлосияи XVI – уми тақдирсоз сахт марбут аст. Баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ миллати точикро аз гирдоби нобудшавӣ наҷот дод ва фарзанди фарзонаи миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари давлати навистиқлол интихоб намуд. Ҷаноби Олӣ ин нуктаро чунин тавзеҳ додаанд: “Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиклолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сўи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”.
Ба дўши Пешвои миллат вазифаи мураккаб, вале муққадас – бунёди давлати воқеан соҳибистиклол гузошта шуда буд ва ба бахти мардуми тоҷик Ҷаноби Олӣ ҳамчун сармеъмор на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷиконро тармим кард, балки появу рукнҳои фалаҷгаштаи давлатдориро аз нав эҳё сохт. Баъдтар дар рўзҳои аввали соҳибистиқлолии ватан Пешвои миллат таъкид намуданд: “Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии соҳибистиқлол комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷахои дилхоҳи он на ба таври оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад’’. Гузашти 28 сол воқеи будани суханҳои Ҷаноби Олиро тасдик намуданд.
Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад, ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст.
Бо шарофати истиқлолият ва талошхои пайвастаи Ҷаноби Олӣ нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.
Аз файзу баракат ва нерӯи истиқлолият симои шаҳру дехоти кишвар, минҷумла ВМКБ ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Маркази ноҳияҳои вилоят ба шаҳрак табдил ёфта истодааст. То ҷашнгирии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зиёда аз 570 иншооти гуногун сохта ба истифода дода хоҳанд шуд, ва корҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар вилоят бо маром идома доранд. Дастгирӣ ёфтани сохтмони 56 мактаб ва 65 муассисаи тиббӣ аз тарафи Пешвои миллат, сохтмони мактабхои замонавӣ, ташкили литсей ва мактабҳо барои кўдакони болаёқат, ба фаъолият шурўъ намудани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази тиббии Оқохон дастрасӣ ба маориф ва хизматрасонихои тиббиро боз хам беҳтар хоҳад кард. Шоҳроҳи Душанбе – Кўлоб – Дарвоз – Қулма Бадахшонро хақиқатан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил дод ва ҷудо намудани зиёда аз 50 техникаи роҳсозӣ ба роҳсозони вилоят имконият медиҳад, ки ин дарвоза доимо кушода бошад ва на фақат Тоҷикистон, балки давлатҳои ҳамсоя тавассути кўпрукҳои байнисарҳадӣ ва роҳҳои транзитӣ аз он баҳра баранд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани вилоят ва мамлакат дар умум, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, бахусус ба истифода додани агрегати якуми НОБ – Роғун ва дар вилоят таввасути ташкили ширкати “Помир энерҷӣ” ва сохтмони як қатор нерўгоҳҳои барқӣ ва ба ин васила интиқол додани қувваи барқ берун аз қаламрави вилоят, ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тӯлонӣ музаффариятҳои азими истиқлолияти давлатӣ ҳастанд.
Пешниҳоди Ҷаноби Олӣ оид ба ҳадафи чоруми милли – саноъатикунонии босуръати мамлакат ва эълон шудани солҳои 2019 – 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ воқеан ҳам пояҳои асосии истиқлолияти иќтисодӣ ва сиёсии давлатамонро хеле устувор месозанд ва барои ВМКБ айни муддао ҳастанд.
Ғамхорӣ дар ҳаққи мардуми кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии онҳо, ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар хонадони мамлакат мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бояд тамоми чораву тадбирҳоро амалӣ созем, ки ҳар як сокини кишвар аз самараву неъмати истиқлолият баҳравар гардад.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо, озодии виҷдон, иҷрои озодонаи расму русуми динӣ, сохтмони масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.
Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Аз хама гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, гурўҳҳои ҷиноӣ ва амалхои ғайриқонунӣ дар канор бошанд ва бинокори ояндаи Точикистони соҳибистиқлол бошанд. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо – яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Ҷавонони мо бояд аз забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Аз ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, гурўҳҳои ҷиноӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ дар канор бошанд ва созандаи оянда Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Бо арзи чунин ниятҳои нек тамоми ҳамватанони азизро бо ҷашни бошукӯҳи сарзамини азизамон – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ бори дигар самимона табрик намуда, ба ҳар як хонадони мардуми диёр ободиву хушбахти ва файзу баракат орзу менамоям.
Пояндаву ҷовидон бод истиқлолияти миллати кўҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик!

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд.

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.

Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад.

Ба ифтихори 28-умин солгарди ин рӯйдоди таърихӣ сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди соҳибватан иқболи нек, рӯзгори пурфайзу баракат, саодат ва комёбиву хушбахтӣ орзу менамоям.

Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.

Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.

Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои гузашта, аз ҷумла буҳронҳои шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мо муваффақ шудем, ки иқтисодиёти кишварро ба маҷрои рушди устувор равона созем.

Натиҷаи ҳамин аст, ки тайи 15 соли охир суръати афзоиши солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна на камтар аз 7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин раванд, мо беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар сархати фаъолияти ҳаррӯзаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем ва тавре ки ҳамватанони азизамон эҳсос мекунанд, ин сиёсатро бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо устуворона идома дода истодаем.

Қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз қабили Парчам, Суруд ва Нишон, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид.

Ҳамчунин, тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул шудани санади сарнавиштсоз – Конститутсия, ки барои бунёди давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон замина гузошт, самараи даврони истиқлолу озодии давлати тоҷикон мебошад.

Дар зарфи 28 сол мо ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расонидем ва имрӯз дилпурона изҳор медорем, ки дар қалби онҳо муҳаббати Тоҷикистони азиз нақши устувор пайдо кардааст.

Ҳоло мо метавонем бо ифтихору сарфарозӣ эълон кунем, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ беназиранд.

Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.

Истиқлоли миллӣ, ҳамчунин, ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.

Интихоби дурусти роҳи минбаъдаи пешрафт имконият фароҳам сохт, ки Тоҷикистон равобити худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд дода, дар байни давлатҳои мутамаддини олам мавқеи сазовори худро пайдо намояд.

То имрӯз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.

Тоҷикистони соҳибихтиёри мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавӣ дар ҳалли мушкилоту масоили мубрами замон саҳми назарраси худро мегузорад.

Дар муддати начандон тӯлонӣ чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди байналмилалии кишвари азизамон ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои муассири муқовимат ба хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ самти дигари талошҳои пайгиронаи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Ба хотири таъмин намудани пешрафти босуботи иқтисодии мамлакат илова ба се ҳадафи стратегӣ мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем.

Маҳз ҳамин ҳадаф Тоҷикистони моро аз кишвари аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил дода, барои рушди бемайлони он роҳи васеъ мекушояд.

Фардо агрегати дуюми иншооти азими аср – нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор андохта мешавад, яъне мо ба сӯи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ боз як қадами устувор мегузорем.

Ба кор оғоз кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи “Роғун” дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, яъне 28-умин солгарди истиқлоли Ватани маҳбубамон мебошад.

Эътимоди комил дорам, ки халқи бошарафу сарбаланди тоҷик бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати бунёдкорона ҳамаи ҳадафу нақшаҳои пешбинигардидаро амалӣ карда, Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздик ба як кишвари нерӯманду пешрафта табдил медиҳад.

Албатта, мо ҳанӯз бе мушкилоту камбудӣ нестем. Дар назди мо ҳоло вазифаҳои зиёде қарор доранд.

Бовар дорам, ки мо тамоми мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳои созандагиро бо сарҷамъиву муттаҳидии халқамон ва бо заҳмати аҳлонаи сокинони сарбаландамон бартараф ва ҳаллу фасл мекунем.

Бо итминон изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навини худ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беш аз пеш саъю талош карда, ба сӯйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор мегузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонанд.

Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар хурду бузурги кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори 28-солагии истиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Директори генералии Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануел Загерро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Директори генералии Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануел Загерро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси вилоятро муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ҳамроҳи намуданд.
Давлати Швейтсария аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимод буда, кӯмаки худро аз соли 1994 тавассути расонидани кӯмаки ғизои оғоз намуд. Инчунин кӯмаки давлати Швейтсария дар соҳаи
маориф, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва паст кардани хатари оқибатҳои табии назаррас мебошанд. Бо кӯмаки Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ 170 адад бунгоҳи тиббӣ таъмир ва аз навсози карда шуданд, наздики 200 деҳа бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд, зиёда аз 3000 ҳоҷатхонаҳо дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят сохта ва ба истифода дода шуданд. Инчунин баҳри бехатарии аҳолии шаҳри Хоруғ аз болои маҳаллаҳои шаҳр девориҳо муҳофизаткунанда, дар ноҳияҳо бунёди ҷангалҳо барои муҳофизати аҳоли аз тарма ва сангчарх роҳандозӣ карда шуданд. Аз тарафи Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ 10 миллион доллари амрикои субсидия ҳамчун кӯмак барои пардохт намудани қувваи барқ ҷудо карда шуд.
Дар мулоқот бо раиси ВМКБ роҳбарияти Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ аз ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда омодаи ҳамкориҳои минбаъда ҳастанд. Ба мувофиқа расида шуд, ки Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд дар масъалаи кашидани хати қувваи барқи Себзор- Хоруғ, паст кардани хатари оқибатҳои офати табии ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ минбаъд ҳам кӯмаки худро хоҳанд расонд. Барномаи махсус бо номи “Барномаи тобоварии Хоруғ” ба Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ барои маблағгузорӣ пешниҳод карда шуд. Афзоиши шумораи аҳолӣ, хизматрасонии номукаммал ба монанди таъмини об, идоракунии партовҳо, таъмири роҳҳо, тобовари ба ивазшавии иқлим таркиби ин барнома буда маблағи зиёда аз 8 миллион доллари амрикои баҳри ин барнома дар назар аст.
Меҳмонон аз зебогии табиати ВМКБ аз сулҳу субот изҳори хушнуди намуданд ва ваъда доданд, ки омодаи ҳамкориҳои минбаъда ҳастанд.

Баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 28 умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Хоруғ

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 28 умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри баргузор гардид иштирок ва суханронӣ намуданд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро бо 28 умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар суханронии худ қайд карданд, ки ВМКБ дар тӯли 28 соли Истиқлолият ба бисёр дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои вилоят ба кулли тағир ёфтаанд. Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар дасти худамон мебошад ва ҳар фарди миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Бо арзи чунин ниятҳои нек тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик ободиву хурсандӣ , хушбахтиву хушрузӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Инчунин мукофотҳои давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ собиқадорон ва дигар табақаҳои ҷомеа аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд. Дар охир чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳияҳои вилоят пешкаши тамошобинон гардид.

Дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Хоруғ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар назди пайкараи Қаҳрамони миллати тоҷик Шириншоҳ Шотемур гулчамбар гузоштанд.

Дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Хоруғ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар назди пайкараи Қаҳрамони миллати тоҷик Шириншоҳ Шотемур гулчамбар гузоштанд.