Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Директори генералии Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануел Загерро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Директори генералии Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануел Загерро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси вилоятро муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ҳамроҳи намуданд.
Давлати Швейтсария аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимод буда, кӯмаки худро аз соли 1994 тавассути расонидани кӯмаки ғизои оғоз намуд. Инчунин кӯмаки давлати Швейтсария дар соҳаи
маориф, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва паст кардани хатари оқибатҳои табии назаррас мебошанд. Бо кӯмаки Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ 170 адад бунгоҳи тиббӣ таъмир ва аз навсози карда шуданд, наздики 200 деҳа бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд, зиёда аз 3000 ҳоҷатхонаҳо дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят сохта ва ба истифода дода шуданд. Инчунин баҳри бехатарии аҳолии шаҳри Хоруғ аз болои маҳаллаҳои шаҳр девориҳо муҳофизаткунанда, дар ноҳияҳо бунёди ҷангалҳо барои муҳофизати аҳоли аз тарма ва сангчарх роҳандозӣ карда шуданд. Аз тарафи Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ 10 миллион доллари амрикои субсидия ҳамчун кӯмак барои пардохт намудани қувваи барқ ҷудо карда шуд.
Дар мулоқот бо раиси ВМКБ роҳбарияти Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ аз ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда омодаи ҳамкориҳои минбаъда ҳастанд. Ба мувофиқа расида шуд, ки Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд дар масъалаи кашидани хати қувваи барқи Себзор- Хоруғ, паст кардани хатари оқибатҳои офати табии ва дастрасӣ ба оби ошомиданӣ минбаъд ҳам кӯмаки худро хоҳанд расонд. Барномаи махсус бо номи “Барномаи тобоварии Хоруғ” ба Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ барои маблағгузорӣ пешниҳод карда шуд. Афзоиши шумораи аҳолӣ, хизматрасонии номукаммал ба монанди таъмини об, идоракунии партовҳо, таъмири роҳҳо, тобовари ба ивазшавии иқлим таркиби ин барнома буда маблағи зиёда аз 8 миллион доллари амрикои баҳри ин барнома дар назар аст.
Меҳмонон аз зебогии табиати ВМКБ аз сулҳу субот изҳори хушнуди намуданд ва ваъда доданд, ки омодаи ҳамкориҳои минбаъда ҳастанд.

Баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 28 умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Хоруғ

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 28 умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри баргузор гардид иштирок ва суханронӣ намуданд. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшонро бо 28 умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар суханронии худ қайд карданд, ки ВМКБ дар тӯли 28 соли Истиқлолият ба бисёр дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардид. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои вилоят ба кулли тағир ёфтаанд. Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар дасти худамон мебошад ва ҳар фарди миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Бо арзи чунин ниятҳои нек тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик ободиву хурсандӣ , хушбахтиву хушрузӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Инчунин мукофотҳои давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ собиқадорон ва дигар табақаҳои ҷомеа аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд. Дар охир чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳияҳои вилоят пешкаши тамошобинон гардид.

Дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Хоруғ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар назди пайкараи Қаҳрамони миллати тоҷик Шириншоҳ Шотемур гулчамбар гузоштанд.

Дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Хоруғ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар назди пайкараи Қаҳрамони миллати тоҷик Шириншоҳ Шотемур гулчамбар гузоштанд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии идона бахшида ба 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ намоиши маҳсулоти кишоварзи, ҳунарҳои мардуми ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ноҳияҳои ВМКБ ташкил карда шуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии идона бахшида ба 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ намоиши маҳсулоти кишоварзи, ҳунарҳои мардуми ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ташкил карда шуд.