Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфтанд

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оиди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Қайд карда шуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат хеле рушд ёфтааст.
Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) кӯшиши байналмилалӣ барои талаф додани гуруснагӣ ва дастгирии рушди кишварҳои аъзо дар соҳаҳои кишоварзӣ, моҳигирӣ ва ҷангалҳо мебошад. Мушкилоти ФАО ба баланд бардоштани сатҳи ғизогирӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ, беҳбудии зиндагии аҳолии деҳот ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону FAO, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзии вилоят мубодилаи афкор анҷом доданд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласа собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳамаи ноҳияи вилоят, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони Раёсати маориф, тандурустӣ, ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигарон иштирок намуданд. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба собиқадорони меҳнат барои хизмати шоиста ва саҳм гузоштан дар ободонии вилоят миннатдории самими баён намуда изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст то , ки барои собиқадорони ҷангу меҳнат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шаванд. Шумо имрӯз ба синну сол нигоҳ накарда дар хизмати халқ ҳастед. Хизмате, ки Шумо ба халқу давлат ҳанузам карда истодаед ин барои мо намунаи ибрат мебошад. Собиқадорони меҳнат аз ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов истифода бурда пешниҳодҳои худро оиди нигоҳ доштани ҷойҳои таърихи, шароити фароҳам овардан барои зисту зиндагонии собиқадорони ҷангу меҳнат ва хизмати тиббии ройгон таклифҳои худро пешниҳод намуданд.