ТЕРМИНАЛИ НАВИ МУСОФИРКАШИИ ДЕҲАИ БИДУРД

Имрӯз бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов терминали нави нақлиётии деҳаи Бидурди ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон, ки бо ташаббуси соҳибкори Ватанӣ Соҳибқул Қарақулов сохта шудааст мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Терминали мазкур дорои ҳамаи шароитҳои лозимӣ буда 10 адад автомобили мусофиркаш тамғаи “Спринтер” алакай барои хизмат ба мардум омода ҳастанд.
Инчунин дар терминал хонаи модару кӯдак, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, ҳамом ва ҳоҷатхона фаъолият карда истодаанд.
Хатсайри терминали деҳаи Будурд аз ҷамоати Сучон то бозори 20 солагии шаҳри Хоруғ ташкил медиҳад.
Бо иқдоми соҳибкор Соҳибқулов Қарақул роҳкиро барои шаҳрвандони чунин тавр ба роҳ монда мешавад.
Роҳкиро барои шаҳрвандон аз деҳаи Бидурди ҷамоати Сучон то бозори 20 солагии Истиқлолияти давлатии 2 сомонӣ
1.Барои шаҳрвандон аз синни 70 сола боло ройгон
2. Барои собиқадорони меҳнат ройгон
3 Барои хонандагони мактаб ройгон
4. Барои донишҷӯён 1,5 сомонӣ ташкил медиҳад

Вазифаи аввал – таъмини амният

Сафари кории Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов қариб як ҳафта боз дар вилоят ҷараён дорад. Мавсуф дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рўшон, Мурғоб бо фаъолон, ҷавонон, намояндагони дигар ќишрҳои ҷомеа вохўрию мулоќот баргузор намуда, аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободкорию созандагиҳо, таҳкими сулҳу субот, таъмини амният, тақвияти ҳамкори бо мардум ҳарф заданд. Имрўз соати 11 дар мачлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят вохўрии роҳбари ин ниҳод бо фаъолон, ҷавонон, халифаҳо, собиқадорони меҳнати шаҳри Хоруғ, намояндагони мардум аз ноҳияҳои Роштқалъаю Шуғнон сурат гирифт. Дар мулоқот ҳамчунин муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сарварони сохторҳои қудратию интизоми, иқтисодиву иҷтимои ҳузур доштанд. Вохўриро муовини Раиси Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оғоз бахшид ва зимни суханрони саҳми бузурги раиси КДАМ Саймумин Ятимов, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Аламшо, дигар роҳбарони сохторҳои интизомию ќудрати, чавонон, халифаҳо, раисони маҳаллаҳо, собиқадоронро дар мустақар намудани суботу ороми дар шаҳри Хоруғ, сурати мўътадил гирифтани низому тартибот дар шаҳр ва ноҳияҳо махсус зикр намуд ва ба сарвари ин сохтори амнияти сухан дод. Раиси КДАМ изҳори хушнуди намуд, ки авзои вилоят дар қиёс бо моҳи октябри соли гузашта хеле мўътадил гаштааст. Дар робита бо қабл аз мўҳлат – дар се рўз иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳи ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Саймумин Ятимов арзи сипоси Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмонро ба мардуми ВМКБ ба ҳозирин расонид. Дар идомаи сухан роҳбари сохтор чораҳои андешидаи роҳбарияти мамлакатро дар ободонии вилоят хотиррасон сохта, ҳамзамон тадбирҳои амниятиро роҷеъ ба пойдории сулҳу субот дар кишвар, аз ҷумла, ВМКБ зикр намуд. Саймумин Ятимов аз пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро махсус ёдовар шуд ва таъкид ба амал овард, ки баҳри устувории суботи ҷомеа ҳамкории тамоми сохторҳо бо мардум натичаи бисёр хубе ба бор меорад. Ў ба мардуми Бадахшон барои иқдоми шоистаашон барои саҳми арзанда дар барқарор намудани низому тартибот ва волоияти қонун арзи ташаккур кард. Дар мулоқот намояндагони ҷавонон, собиқадорон, чомеаи шаҳрванди пуштибонии худро аз сиёсати созандаи Сарвари муаззами давлат баён карда, ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои ғамҳориҳои пайваста ташаккури самими баён доштанд. Раиси вилоят вохўриро ҷамъбаст ва барои ширкати фаъолона дар вохўри ба иштирокдорон изҳори сипос намуд.

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Субҳи имрӯз дар толори бинои дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон машварати назорати назди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баргузор карда шуд.
Дар машварат муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, кормандон масъули дастгоҳи раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар машварат се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи якум рафти иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 2 апрели соли 2013 , #93 “Дар бораи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 ” Дар бораи дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2023″ муовини сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Додалиев Нуралӣ баромад намуданд.
Раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз вазъияти бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардор дар вилоят изҳори нигаронӣ намуда қайд карданд, ки ” Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксари вақт сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо мегардад , ки мутаассифона, вилоят низ аз ин ҳисоб истисно нест.
Солҳои охир дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро бемории cактаи дил медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион одамонро аз байн мебарад. Сабабҳои асосии ин беморӣ- баландшавии фишори хун, болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, сигор кашидан, вазни зиёд, камҳаракатӣ ва истеъмол накардани ғизои солим мебошанд.
Фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ , ҳаракати фаъоли муносиб, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд. масъулини соҳаи тандурустии вилоят дар ҳамкор бо соҳаи тандурустии Фонди Оғохон бояд ташвиқу тарғиби ҳаёти солимро таввасути воситаи ахбори омма ва вохӯриҳо бо мардум пурзӯр намоянд. Сокинони вилоят бояд аз роҳҳои оддитарини пеш бурдани ҳаёти солим бохабар бошад”.
Аз руи масъалаи дуюм рафти иҷрои қарори Раиси ВМКБ аз 14 сентябри соли 2016 “Оиди иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли 2016 ” Дар бораи Барномаи рушди таълимии касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020″ муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар баромад намуданд.
Аз рӯи масъалаи сеюм омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода баромад намуда қайд карданд, ки имсол чорабини бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамаи қишриҳои ҷомеа дар шаҳри Хоруғ таҷлил мегардад, зеро дастовардҳое, ки давоми солҳои амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати тозабунёди мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва сиёсати оламгири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ватандӯстии халқи шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин санади тақдирсоз-шаҳодатномаи бақо ва ҳастии давлат, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта буда, баёнгари бунёди давлати ҳуқуқии соҳибистиқлоли тоҷикон, ормонҳои давлатдорӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад.»
Дар анҷоми машварат аз тарафи иштирокдорон пешниҳодҳо оиди масъалаҳои баррасигардида пешкаш карда шуданд.

ПИРУЗӢ МУБОРАК!

Пирӯзии ҷавонпаҳлавони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои кулли мардуми вилоят муборак бошад. Варзишгарӣ машуҳри тоҷик СОМОН МАҲМАДБЕКОВ- ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОНИ ДЗЮДО байни ҷавонон шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии мо мебошад.

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ дар Марокаш дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали тилло гардид. Ба хотири ин ҷаҳонпаҳлавон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, ки барои ҳар як ҷаввонпаҳлавон лаҳзаи хеле муҳим ва хотирмон мебошад.
Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза ин фарзанди ба номуси миллатро барои пирузияшон дар мусобиқаи байналмилалӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям. Амалӣ ҷавонмардонаи Шумо барои тамоми ҷавони Тоҷикистон намунаи ибрат хоҳад буд. Мо бо Шумо ифтихор дорем.
Пирузӣ муборак!

Бо эҳтиром Раиси Вилояти
Мухтори Куҳистони Бадахшон
Ёдгор Файзов

ҶАЛАСАИ ҶАМБАСТИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2019.


Дар ҷаласаи имрӯза муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Вазири нақлиёт ва роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин, муовинони раиси вилоят ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилояти иштирок намуданд.
Машваратро раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов кушода эълон намуда сафари навбатии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзодаро ба вилоят хайри мақдам гуфтанд. Эҳтирому миннатдориро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2019 таҳти рақами АП- 1059 ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят вобаст гардиданд, ҷиҳати кӯмаку дастгириҳои ҳамаҷониба ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят иброз доштанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли 2019 ҷиҳати тадбиқи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 гузоштаанд, инчунин, дар бобати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба таљлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро анҷом дод.

Дар ин давра нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии вилоят мусбӣ арзёбӣ гардида, ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавии вилоят афзоиш ёфта дар моҳҳои январ – сентябри соли 2019, ба истиснои истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳаҷми сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ мусбӣ арзёбӣ гардида, дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ 4,4 фоиз, гардиши бор 20,7 фоиз, мусофиркашонӣ 6,9 фоиз, гардиши савдои яклухт ва чакана 10,5 фоиз ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 7,1 фоиз нисбат ба 9 моҳи соли 2018 афзудааст.
Бо маќсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 9 моҳи соли 2019 дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз тарафи маќомотҳои дахлдори вилоят ҷиҳати идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва таъмини сифатноки буҷети вилоят корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст.
Аз рўи маълумоти Сарраёсати молияи вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар нуҳ моҳи соли 2019 аз руи даромадҳои худии буҷети вилоят ба андозаи 103,5 фоиз таъмин гардид (нақша 64 468 802 сомонӣ, иҷро 66 708 792 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 6-7 августи соли 2019 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест – 2019” баргузор шуд. Дар Форуми мазкур беш аз 170 нафар иштирокчӣ (30 нафар сармоягузорони хориҷӣ), аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Дар ин давра дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар 33 иншооти соҳа бо арзиши умумии 219,6 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ маблағи 52,2 млн сомонӣ истифода шудааст. Инчунин 59 бинои муассисаҳои таълимии вилоят, ки садамавӣ ва таъмирталаб мебошанд, аз ҷониби Пешвои миллат Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои маблағгузории онҳо аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд дастур дода шудааст.
Тибқи ҳисоботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки аз 2772 нафар хатмкунандагони соли ҷорӣ 2691 нафар, ки аз ин теъдод 1485 нафар духтар ва 565-нафар хатмкардагони солҳои пешин мебошанд, ба ќайд гирифта шуда, аз ин теъдод 1711 нафар ба донишгоҳҳо дохил шуданд, ки 916 нафари оноро духтарон ташкил медиҳанд.
Барои соли таҳсили 2019-2020 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълимии вилоят 242 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардидааст.
Дар ҳудуди вилоят 12-интернати назди мактабӣ бо фарогирии 283 нафар тарбиятгиранда ва 1-адад интернати ҷумњуриявӣ бо фарогирии 285 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамоянд. Теъдоди хонандагон дар интернатҳо 568-нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод дар ноҳияи Дарвоз 42 нафар, ноҳияи Рўшон 34-нафар, ноҳияи Роштқала 55 -нафар, ноҳияи Мурғоб 152-нафар ва дар интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рўшон 285-нафар фаро гирифта шудаанд
Дар ҳамаи шаҳру ноҳяҳо талабот нисбати муассисаҳои томактабӣ ва Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ зиёд мебошад.
Дар вилоят 29000 кўдаки синни то 5-сола мавҷуд мебошанд, аз ин теъдод 2079-нафар кўдак дар 27 адад кўдакистон ва 6190-нафар кўдак ба 267 адад Маркази рушди барвақтии кўдак фаро гирифта шудаанд. Барои 20731- кўдаки синни томактабӣто ҳол кўдакистон таъсис дода нашудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019-ум дар ҳамаи сохторҳои қудратии ВМКБ 528 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 297 ҷиноятро Раёсати корҳои дохилии вилоят ва Прокуратура ба қайд гирифта, 56,3 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад. Дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 231 ҷиноят ё 43,7 фоизи шумораи умумии ҷиноятро ба ќайд гирифтаанд.
Дар маҷмўъ мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, идораю муассисаҳои вилоятӣ тамоми кўшишро барои иҷрои вазифаҳои дар пешгузошташуда равона намуда, барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва иҷрои нақшаҳо ва вазифаҳои афзалиятноки соли равон минбаъд диққати доимӣ равона намуда, корҳои созандагию ободонӣ дар партави омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба ривоҷ дода мешаванд.

Ба истифода додани муассисаи таълимии рақами 7-и деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

Дар доираи барномаҳои сохтмони бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муассисаи таълимӣ рақами 7 мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Муассисаи мазкур аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 14 млн сомонӣ барои 420 хонанда сохта шудааст. Дар муассиса 20 синфхона, толори варзишӣ, кабинетҳои фаннӣ, ошхона бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида омодаи қабули илмомӯзон мебошанд.

Иштирок ва суханронии раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов ҷамъбастии нӯҳмоҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Ноҳияи Ишкошим дар миёни қаторкӯҳҳои Роштқалъаву Ишкошиму Вахон воқеъ аст. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Шуғнон, дар шимол бо ноҳияи Роштқалъа, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва дар ҷануб бо вулусволиҳои Ишкошим ва Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.
Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он рӯди Панҷ гузар мекунанд.
Ноҳия 3656,0 км² масоҳат дорад.
Ноҳияи Ишкошим дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба бисёр дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардидаст. Табиати зебо ва обҳои шифобахши ин ноҳияи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Маркази ноҳияи Ишкошим бо шарофати истиқлолияти давлатӣ симҳои худро куллан тағйир додаст. Сохтмони иншоотҳои давлати ва сектори хусусӣ дар ноҳия хеле зиёд ба назар мерасанд. Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов зимни суханронии худ дар маҷлиси ҷамъбастии нӯҳмоҳаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим зикр карданд, ки ноҳияи Ишкошим дорои захираҳои табиӣ табиати дилфиреби ва обҳои шифобахш мебошад, ки метавонанд ба иқтисодиёти ноҳияи такони ҷиддӣ бахшанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон кӯшиш менамояд, ки мушкилотҳои дар ноҳия мавҷуд буда, роҳи Хоруғ – Ишкошим яке аз мушкилотҳои асоси ноҳия, ки зимистони соли гузашта роҳ ба самти ноҳия 27 рӯз маҳкам буд ва ду нафари як хонавода қурбони он рӯзҳо гардиданд.
Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим супориш дода шуд, ки муносибат бо мардумро хубтар ба роҳ монанд. Муроҷиатҳои сокинони ноҳия ба дастгоҳи Раиси ВМКБ ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷудо намудани замин, кӯмаки молияви, хизматрасонӣ тиббӣ хеле зиёд ҳастанд. Дар мадди аввал бояд сокинони ноҳия ба мақомоти ноҳия арз намоянд.
Раиси вилоят ба маъсулини соҳаи маорифи ноҳия баҳои баланд дода қайд карданд, ки новобаста аз шароити таҳсил хонандагони ин диёр дар олимпиадахои вилояти ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда истодаанд. Ин барои ҳамаи мо боиси ифтихору сарфарози мебошад.

Сафари кории раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Ишкошим

Зимни сафари кори ба ноҳияи Ишкошим ва иштирок намудан дар маҷлиси ҷамбастии ноҳия муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо фаъолияти деҳқонон аз наздик шинос шуданд ва ба меҳнати онҳо баҳои баланд доданд. Ноҳияи Ишкошим дорои заминҳои корам ва обҳои шифобахши табии буда самаранок истифода бурдани онҳо хеле ба маврид мебошад.

Имруз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон конфронси илми- назариявӣ бахшида ба 90 солагии арбоби сиёсию давлатӣ, академик Моёншо Назаршоев баргузор карда шуд.

Имруз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон конфронси илми- назариявӣ бахшида ба 90 солагии арбоби сиёсию давлатӣ, академик Моёншо Назаршоев баргузор карда шуд. Дар конфронс муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир собиқадори меҳнат Соҳибназар Бекназаров, устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, фаъолони ноҳияи Шуғнон, хешу наздикони академик Моёншо Назаршоев ва дигарон иштирок намуданд. Конфронсро раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир кушода эълон намуда сухани ифтитоҳиро ба раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дониста шуд. Раиси вилоят аз оғози фаъолияти кории Моёншо Назаршоев сухан карда қайд карданд, ки Моёншо Назаршоев яке аз фарзандони фарзонаи миллати точик буд, ки ҷони худро баҳри ҳимояи Ватан ба душман бахшид. Тамоми ҳаёту фаъолияти ин марди ҳақиқатҷӯ ба он нигаронида шуда буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус Бадахшон ҳарчӣ зудтар аз бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ бароварда шавад. Моёншо Назаршоев ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар карда, ба ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум аз наздик ошно мегардид ва онҳоро ба сулҳу осоиш, ризоияту ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Моёншо Назаршоев моҳи феврали соли 1994 муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегаргардид нав дар Ҳукумат аз ӯ масъулияти дучандро талаб мекард. Беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, олӣ, зиёд намудани маоши коркунон ва кормандони муассисаҳои табобатию фарҳангӣ ва ғайраҳо ҳадафи ҳаррӯзаи фаъолияташ қарор мегиранд. Моёншо Назаршоев бисёр корҳоро анҷом медод, агар душманони миллат бо кирдори разилонаи худ риштаи ҳаёти ин ходими барҷастаи давлатиро моҳи марти соли 1994 барнамеканданд. Маҳз ҷонбозиҳо ва хизмати чунин ашхоси миллати тоҷик буд, ки сулҳ ба Тоҷикистон баргашт ва давраи созандагӣ шурӯъ гардид.
Бекназаров Соҳибназар собиқадори меҳнат, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Элъбон Ҳоҷибеков ва дигарон оиди зиндагинома ва фаъолияти кории Моёншо Назаршоев маърӯзаҳои худро пешкаши иштирокдорони конфронс намуданд.

ПОСИ ХОТИР

Ба хотири 90 солагии арбоби сиёсию давлатӣ, академик Моёншо Назаршоев, муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир ва собиқадорони меҳнат Бекназаров Соҳибназар ва дигарон ба оромгоҳи ин шахсияти таърихи ба деҳаи Хосаи ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд ва дар оромгоҳи Моёншо Назаршоев гулчанбар гузоштанд.
Дар назди оромгоҳи Моёншо Назаршоев осорхонаи у ҷойгир мебошад, ки Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз он дидан намуданд ва дар дафтари хотиравии Осорхона соядаст монданд.