Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки Барномаи муштараки мақомоти иҷроия , Фонди Оғохон ва Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зист ба маблағи 1 мин 850 ҳазор доллари амрикоӣ ташкил медиҳад аз тарафи Созмони Аврупо дастгири карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки Барномаи муштараки мақомоти иҷроия , Фонди Оғохон ва Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зист ба маблағи 1 мин 850 ҳазор доллари амрикоӣ ташкил медиҳад аз тарафи Созмони Аврупо дастгири карда шуд. Маблағи мазкур барои сохтмони 6 адад майдончаи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, хати оби нӯшоки барои маҳаллаҳои Заводи Нон ва Бизмич, сохтмони мактаби рақами 5 дар марҳалаи С. Абдураҳмонов ва бехатар кардани маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ аз офатҳои табиӣ равона карда мешавад. Масоилҳои баланд бардоштани дониш ва малакаи иҷрои корҳои сохтмони муҳандисӣ, беҳтар намудани салоҳияти ҷавонон дар масоили роҳбарӣ ва таъмини ҳаёти солим, тақвият додани кори мақомоти давлати бо ҷомеа низ дар нақшаи барнома мебошанд. Барнома аз тарафи Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зист (AKAH) ва Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон (MSDSP) амали карда мешаванд. Оғози барнома моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҳамкории худро бо Шарикони рушд бахусус Ташкилотҳои Оғохон боз ҳам рушд дода, ният дорад дар солҳои наздик боз якчанд барномаҳоро рӯйи кор оварад.