Имруз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон конфронси илми- назариявӣ бахшида ба 90 солагии арбоби сиёсию давлатӣ, академик Моёншо Назаршоев баргузор карда шуд.

Имруз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон конфронси илми- назариявӣ бахшида ба 90 солагии арбоби сиёсию давлатӣ, академик Моёншо Назаршоев баргузор карда шуд. Дар конфронс муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир собиқадори меҳнат Соҳибназар Бекназаров, устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, фаъолони ноҳияи Шуғнон, хешу наздикони академик Моёншо Назаршоев ва дигарон иштирок намуданд. Конфронсро раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир кушода эълон намуда сухани ифтитоҳиро ба раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дониста шуд. Раиси вилоят аз оғози фаъолияти кории Моёншо Назаршоев сухан карда қайд карданд, ки Моёншо Назаршоев яке аз фарзандони фарзонаи миллати точик буд, ки ҷони худро баҳри ҳимояи Ватан ба душман бахшид. Тамоми ҳаёту фаъолияти ин марди ҳақиқатҷӯ ба он нигаронида шуда буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус Бадахшон ҳарчӣ зудтар аз бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ бароварда шавад. Моёншо Назаршоев ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар карда, ба ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум аз наздик ошно мегардид ва онҳоро ба сулҳу осоиш, ризоияту ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Моёншо Назаршоев моҳи феврали соли 1994 муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегаргардид нав дар Ҳукумат аз ӯ масъулияти дучандро талаб мекард. Беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, олӣ, зиёд намудани маоши коркунон ва кормандони муассисаҳои табобатию фарҳангӣ ва ғайраҳо ҳадафи ҳаррӯзаи фаъолияташ қарор мегиранд. Моёншо Назаршоев бисёр корҳоро анҷом медод, агар душманони миллат бо кирдори разилонаи худ риштаи ҳаёти ин ходими барҷастаи давлатиро моҳи марти соли 1994 барнамеканданд. Маҳз ҷонбозиҳо ва хизмати чунин ашхоси миллати тоҷик буд, ки сулҳ ба Тоҷикистон баргашт ва давраи созандагӣ шурӯъ гардид.
Бекназаров Соҳибназар собиқадори меҳнат, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Элъбон Ҳоҷибеков ва дигарон оиди зиндагинома ва фаъолияти кории Моёншо Назаршоев маърӯзаҳои худро пешкаши иштирокдорони конфронс намуданд.

ПОСИ ХОТИР

Ба хотири 90 солагии арбоби сиёсию давлатӣ, академик Моёншо Назаршоев, муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир ва собиқадорони меҳнат Бекназаров Соҳибназар ва дигарон ба оромгоҳи ин шахсияти таърихи ба деҳаи Хосаи ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд ва дар оромгоҳи Моёншо Назаршоев гулчанбар гузоштанд.
Дар назди оромгоҳи Моёншо Назаршоев осорхонаи у ҷойгир мебошад, ки Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз он дидан намуданд ва дар дафтари хотиравии Осорхона соядаст монданд.