ҶАЛАСАИ ҶАМБАСТИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2019.


Дар ҷаласаи имрӯза муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Вазири нақлиёт ва роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин, муовинони раиси вилоят ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилояти иштирок намуданд.
Машваратро раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов кушода эълон намуда сафари навбатии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзодаро ба вилоят хайри мақдам гуфтанд. Эҳтирому миннатдориро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2019 таҳти рақами АП- 1059 ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят вобаст гардиданд, ҷиҳати кӯмаку дастгириҳои ҳамаҷониба ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят иброз доштанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли 2019 ҷиҳати тадбиқи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 гузоштаанд, инчунин, дар бобати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба таљлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро анҷом дод.

Дар ин давра нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии вилоят мусбӣ арзёбӣ гардида, ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавии вилоят афзоиш ёфта дар моҳҳои январ – сентябри соли 2019, ба истиснои истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳаҷми сармоягузориҳо ба сармояи асосӣ мусбӣ арзёбӣ гардида, дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ 4,4 фоиз, гардиши бор 20,7 фоиз, мусофиркашонӣ 6,9 фоиз, гардиши савдои яклухт ва чакана 10,5 фоиз ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 7,1 фоиз нисбат ба 9 моҳи соли 2018 афзудааст.
Бо маќсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 9 моҳи соли 2019 дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз тарафи маќомотҳои дахлдори вилоят ҷиҳати идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва таъмини сифатноки буҷети вилоят корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст.
Аз рўи маълумоти Сарраёсати молияи вилоят иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар нуҳ моҳи соли 2019 аз руи даромадҳои худии буҷети вилоят ба андозаи 103,5 фоиз таъмин гардид (нақша 64 468 802 сомонӣ, иҷро 66 708 792 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 6-7 августи соли 2019 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест – 2019” баргузор шуд. Дар Форуми мазкур беш аз 170 нафар иштирокчӣ (30 нафар сармоягузорони хориҷӣ), аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Дар ин давра дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар 33 иншооти соҳа бо арзиши умумии 219,6 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ маблағи 52,2 млн сомонӣ истифода шудааст. Инчунин 59 бинои муассисаҳои таълимии вилоят, ки садамавӣ ва таъмирталаб мебошанд, аз ҷониби Пешвои миллат Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои маблағгузории онҳо аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд дастур дода шудааст.
Тибқи ҳисоботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки аз 2772 нафар хатмкунандагони соли ҷорӣ 2691 нафар, ки аз ин теъдод 1485 нафар духтар ва 565-нафар хатмкардагони солҳои пешин мебошанд, ба ќайд гирифта шуда, аз ин теъдод 1711 нафар ба донишгоҳҳо дохил шуданд, ки 916 нафари оноро духтарон ташкил медиҳанд.
Барои соли таҳсили 2019-2020 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълимии вилоят 242 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардидааст.
Дар ҳудуди вилоят 12-интернати назди мактабӣ бо фарогирии 283 нафар тарбиятгиранда ва 1-адад интернати ҷумњуриявӣ бо фарогирии 285 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамоянд. Теъдоди хонандагон дар интернатҳо 568-нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод дар ноҳияи Дарвоз 42 нафар, ноҳияи Рўшон 34-нафар, ноҳияи Роштқала 55 -нафар, ноҳияи Мурғоб 152-нафар ва дар интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рўшон 285-нафар фаро гирифта шудаанд
Дар ҳамаи шаҳру ноҳяҳо талабот нисбати муассисаҳои томактабӣ ва Маркази инкишофи кўдакони синни томактабӣ зиёд мебошад.
Дар вилоят 29000 кўдаки синни то 5-сола мавҷуд мебошанд, аз ин теъдод 2079-нафар кўдак дар 27 адад кўдакистон ва 6190-нафар кўдак ба 267 адад Маркази рушди барвақтии кўдак фаро гирифта шудаанд. Барои 20731- кўдаки синни томактабӣто ҳол кўдакистон таъсис дода нашудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019-ум дар ҳамаи сохторҳои қудратии ВМКБ 528 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 297 ҷиноятро Раёсати корҳои дохилии вилоят ва Прокуратура ба қайд гирифта, 56,3 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад. Дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 231 ҷиноят ё 43,7 фоизи шумораи умумии ҷиноятро ба ќайд гирифтаанд.
Дар маҷмўъ мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, идораю муассисаҳои вилоятӣ тамоми кўшишро барои иҷрои вазифаҳои дар пешгузошташуда равона намуда, барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва иҷрои нақшаҳо ва вазифаҳои афзалиятноки соли равон минбаъд диққати доимӣ равона намуда, корҳои созандагию ободонӣ дар партави омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба ривоҷ дода мешаванд.

Ба истифода додани муассисаи таълимии рақами 7-и деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

Дар доираи барномаҳои сохтмони бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муассисаи таълимӣ рақами 7 мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Муассисаи мазкур аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 14 млн сомонӣ барои 420 хонанда сохта шудааст. Дар муассиса 20 синфхона, толори варзишӣ, кабинетҳои фаннӣ, ошхона бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида омодаи қабули илмомӯзон мебошанд.