Офарин, собиқадорон!

28.11.2019 соати 10.00 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барномаи фарҳангии собиқадорони санъати вилоят баргузор гашт. Чорабиниро раиси шўрои собиқадорони вилоят Мамаднасим Гаваров ифтитоҳ намуда, аз нақши бузурги собиқадорони меҳнат, аз ҷумла, собиқадорони санъат дар зиндаги ва ҷомеаи имрўза ҳарф зад. Мавсуф ёдовар шуд, ки мардуми Бадахшон дар меҳнату санъату ҳунар дар сафи пеш қарор дошт. Шириншоҳ Шоҳтемур аввалин шахсе буд, ки ба Сталин дар бораи ориёи, соҳибтамаддун будани миллати тоҷик нома навишт. Мастибек Тошмуҳаммадов нахустин фарде аз Тоҷикистон буд, ки ба унвони генерал сазовор гардид. Азалшо Олимов паҳлавони бадахшони аз Тоҷикистон якумин чемпиони СССР шуд. Барои ҳамин ҷавонони вилоят бояд ин анъанаро аз даст надиҳанд. Баъдан раиси шўро аз ҳозирини толор ҳоҳиш намуд, ки ба ҳунари собиқдорони санъат таваҷҷўҳ зоҳир кунанд. Касе чашмдор набуд, ки як барномаи ҷаззобу рангину нотакроре ба бинандагон пешкаш мегардад. Ва ҳам мўҷиби ҳайрат гардид, ки собиқадорони санъаткор барномаро бе фонограмма, бо овози зинда, ба таври табии манзур намуданд. Собиқадорон бо ҳунари хақиқатан волою табии тамошобинонро чунон мафтун сохтанд, ки пас аз ҳар як ҳунарнамои чапакзани то дергоҳе хомўш намешуд. Тавре раиси вилоят Ёдгор Файзов изҳор намуданд, собиқадорон бо ҳунари худ моро дар ҳайрат гузоштанд, онҳо исбот карданд, ки ҳанўз дар сафи пеш қарор доранду ба мардуми худ хизмат мерасонанд. Раиси вилоят ба санъаткорони собиқадор як сабад гул ва дигар тўҳфаҳои арзанда тақдим доштанд. Мо бори дигар бо мардум бо як овоз мегўем: садҳо, ҳазорҳо аҳсану офарин ба Шумо, собиқадорони барнодилу серғайрат, боору номуси Бадахшон!

Рўнамоии китоб

Рўзи 27.11.2019 дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ маросими рўнамоии китоби нависанда, шоир, журналисти номдор аз Ҷумҳурии Қирғизистон Қаноатбекова С. «Солнечные береты» баргузор шуд. Дар ифтитоҳи маросим раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз густариши равобити дўстона миёни мардуми тоҷику қирғиз изҳори қаноатманди намуда, зикр кард, ки Қаноатбекова С. узви иттифоқи журналистону нависандагони Қирғизистон, аъзои иттифоқи нависандагони Федератсияи Русия мебошад. Вай на танҳо нависандаю журналист, балки шахсест, ки бевосита дар наҷот додани одамон ҳангоми офатҳои табии ҷасорату қаҳрамониҳо зоҳир намудааст ва бо бисёр мукофотҳои давлати сазовор гаштааст. Пасон раиси вилоят аз нависандаи шўҳратёр хоҳиш намуд, ки барои ҳозирин чанд ҳарф бигўяд. Мавсуф нахуст аз чопи аввалин шеърҳояш дар рўзномаи он вақтаи «Бадахшони совети» ёдовар шуда, барои кўмаку дастгири ба мардуми Бадахшон изҳори сипос намуд. Нависанда рочеъ ба китоб ва корҳои наҷотдиҳи сухан ронда, касби душвор, вале пуршарафи кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулоддаро васф кард. Ў чанд хотираҳои дигарашро ба ҳозирон нақл карда, баъд аз он ба раиси вилоят кулоҳи миллии қирғизи тақдим намуд. Ҳамчунин роҳбари Маркази миллии фарҳангии тоҷикон дар вилояти Оши Қирғизистон Алиназаров Холиқназар барои пазироии самимона ба раиси вилоят миннатдори баён сохта, тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни ду миллати ҳамсоя таманно кард. Раиси вилоят ба нависанда тоқии урфи ва зеби гардани бадахшониро тўҳфа намуда, дар ҷамъбасти маросим меҳмононро бори дигар хайра мақдам гуфт.

Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор бахшида ба Рузи Парчами давлатию миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – ноябри соли 2019

Ҳамдиёрони иззатманд!
Мавҷудияти рамзҳои давлатӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ шаҳодат медиҳад, аз ҷумла, Парчам чун як рамзи истиқлолияти давлатӣ ва ифодакунандаи азму иродаи миллат дар таърихи давлатдорию давлатсозӣ ва инсоният мавқеи муҳим дорад. Парчам ба сифати як рамзи ҳастии кишвар ва давлатдорӣ миёни дигар рамҳои давлатӣ ҷойгоҳи хосе дошта, дар шинохту ҳуввияти ҳар як миллат аз худ нақши носутурдание гузоштааст. Ба ин маънӣ Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи муносиб ва таърихи омӯзандаеро дорост.
Нахуст зикр кардан бамаврид аст, ки Парчами давлатию миллии мо, пеш аз ҳама, тимсоли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, иттиҳоду якдилии миллатҳои дар ин кишвар зиндагидоштаро ифода менамояд.
Ҳамчунин Парчам дар баргузории чорабинҳои расмию ғайрирасмӣ , фарҳангию варзишӣ, дар маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат нақши хос дорад. Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан ба ин мқоми олии давлатӣ – Президенти кишвар шахси интихобшуда баъд аз расми савгандёдкунӣ дар назди Парчам зону зада, онро мебӯсад ва бо ин садоқати худро ба Ватану миллат ва муқаддасоти миллии он ифода менамояд. Расми савгандёдкунӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ роиҷ буда, ҳар як сарбоз пас аз қабул шудан ба сафи ин ниҳод қасам ёд мекунад. Ба ин хотир ба Парчам чун яке аз муқаддасоти миллӣ ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, эҳтиром мегузорад.
Рӯзи Парчам мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 – уми ноябр эълон гардидааст ва ин сана ҳамчун рузи ид дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон бошукуҳ ва тантана истиқбол гирифта мешавад.
Суннати парчамдорӣ дар таърихи кишвар ва миллати мо аз даврони хеле қадим вуҷуд доштааст ва то имрӯз низ мавқеияти хосеро дар ҷомеаи навин дорост. Ойини парчамдорӣ аз насл ба насл то замони муосир омда расидааст ва ин як далели равшани хештаншиносӣ ва ору номуси ватандории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатию миллии мо тавонист миллати тоҷикро дар атрофи худ муттаҳид созад ва дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозад. Парчам дар ниҳоди ҳар як фарзанди баномуси Ватан эҳсоси ватанпарастию худшиносӣ ва ифтихори миллиро бедор менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро махсус гӯшзад кардаанд: “Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Зеро дар он рӯҳи ниёгони некном, далериву матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос шудаанд.
Воқеан, парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад.
Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”.
Тавре Ҷаноби Олӣ ишора намудаанд, Парчам чун рамзи ҳастии миллату мавҷудияти давлат ҳанӯз аз даврони бостон мақому манзалати арзанда дошт. Парчам ба сифати рамзи асосии ватану ватандорӣ дар майдонҳои ҳарб ҷавлон мезад. Ҳанӯз дар он замонҳо парчамдорон ё худ онҳоро аламбардор мегуфтанд, пешопеши лашкар ҳаракат менамуданд ва бо ҷавлон додану парафшон намудани Парчам ҷанговаронро дар майдони набард зидди душман руҳбаланд мекарданд.
Баъди қабул гардидан ҳамчун яке аз рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ Парчам дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати сарвати маънавии ҷомеаи мо дониста мешавад ва ҳар як хурду бузурги Тоҷикистон онро қадрдонӣ менамояд. Арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, ки яке аз онҳо Парчам мебошад, муҳаббату садоқати ҳар ватандорро ба давлати миллиаш ифода сохта, таҳти парафшонии ин ливо мардуми сарбаланди мамлакат ба меҳнати созанда машғул мебошад ва ояндаи фирӯзи худро бунёд мекунад. Суннату таърихи парчамдории мардуми тоҷик наслҳоро бо ҳам пайванд месозад, ба ин маънӣ омили муҳимест, ки иттифоқу ҳамбастагии миллати тоҷикро инъикос менамояд.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз ин рӯзи фирӯзу хуҷаста ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Парчами давлатию миллӣ табрику таҳният мегӯям ва таманнои он дорам, ки ҳамеша сиҳату саломат, осудаю хушрӯзгор, болидатабъу хотирҷамъ бошед!
Бигзор, Парчами давлатию миллии Тоҷикистон ҷовидона парафшон бошад!

Парчами мо – мояи ифтихори мо

Рўзи 23 – ноябр соати 10.00 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи тантанави бахшида ба Рўзи Парчами давлатию милли баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов суханрони намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Парчам дар радифи Нишону Суруди милли аз муқаддасоти милли дониста мешавад, аз ин рў, арҷ гузоштан ба муқаддасоти милли вазифаи маънавии ҳар як шаҳрванд аст. Парчами давлатии мо 24 – ноябри соли 1992 зимни баргузории Иҷлосияи 16 – уми таърихи қабул гардид ва дар мустақар гардидани сулҳу субот, тинҷию ороми дар кишвари мо нақши муҳим бозид. Раиси вилоят аз таърихи Парчами тоҷикон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки он ҳанўз аз замонҳои қадим барои миллати мо чун мояи ифтихору сарбаланди маҳсуб мегардид ва дар набарду муборизаҳо зидди душман фарзандони далери Ватанро рўҳбаланд месохт. Роҳбари вилоят тамоми мардуми вилоятро бо ин рўзи муборак таҳният гуфта, барояшон рўзгори ободу табъи хушро таманно кард. Пас аз суханронии раиси вилоят барномаи фарҳанги ба иштирокдорони ҷаласаи тантанави пешкаш гардид, ки басо рангину пурмўҳтаво буд.

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА 150 СОЛАГИИ ШОИР- МАОРИФЧӢ ШОҲФИТУР МУҲАББАТШОҲЗОДА.

Дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Иниститути илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров ва шуъбаи дин танзиму анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон конфаронси илмию амалӣ бахшида ба 150 солагии шоир маорифчӣ Шоҳфитур Муҳаббатшоҳзода баргузор карда шуд, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар конфронси мазкур олимон, таърихнигорон, фаъолони ҷомеа ва хешону наздикони маорифчӣ Шоҳфитур Муҳаббатшоҳзода иштирок намуданд.
Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов зимни суханронии дар конфронс қайд намуданд, ки Шоҳфитур Муҳаббатшоҳзода яке аз донишмандони машҳури Бадахшон охири асри XIX ва ибтидои асри XX мебошад, ки осори таърихӣ ва адабии ин мутафаккир барои омӯхтани ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ин давра барои муҳаққиқ он дорои аҳамияти бузург мебошад. Охон Шоҳфитур Муҳаббатшоҳзода худ бевосита шоҳиди воқеоти сиёсӣ ва иҷтимоии замонаш буда, як нависандаи ҳақиқатнигор мебошад. Шоҳфитур Муҳаббатшоҳзода низ дар давраи сангини сиёсӣ аз зодгоҳи худ ҳиҷрат карда, ба кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд. Тавре худи Шоҳфитур Муҳаббатшоҳзода дар ” Саргузаштномаи” худ менависад, дар ин вазъияти сангин панҷ сол ба ноҳияи Дарвози Афғонистон паноҳ мебарад.
Охон Шоҳфитур Муҳаббатшоҳзода барои наслҳои асрҳои мухталиф дарси ибрат буда афкори ин донишманд ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешавад.
Дар конфронс инчунин Директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров Қаландариён Ҳ. С, мудири шӯъбаи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо Собиров Ғ, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон Шоҳзодаи Саидиброҳим ва дигарон баромад намуданд.

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҲАЛЛАИ ТЕМИ ШАҲРИ ХОРУҒИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ майдончаи варзишӣ барои бозии ФУТБОЛ сохта ва ба истифода дода шуд.
Дар маросими кушодашавии майдончаи варзишӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ва Ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Алишер Урунов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни кушодашавии майдончаи варзишӣ меҳмонони олиқадр суханронӣ намуда аҳли ҳозиринро бо ба истифода додани он муборакбодӣ намуда таъкид бар он доштанд, ки ин ҳама ободкориҳову созандагиҳо бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ояндасози миллат мебошад.
Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 5 майдончаи варзишӣ бо тарҳи нави замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд, майдони варзишии мазкур 3-юмин майдончаи варзишӣ буда, ду майдончаи дигари варзишӣ барои Футболи хурд то баҳори соли 2020 сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Дар охир ҷавонону варзишгарони шаҳри Хоруғ миннатдории самимии худро ба Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириҳои пайвастаашон изҳор сипос намуданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ
16. 11. 2019
www. badakhshon.tj
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин дар чорабинии мазкур муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Зимни суханронии хеш раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, таҳкимбахши сулҳу субот, ғамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд. Хизматҳои беназир ва фидокориҳои Сарвари муаззами давлат боис гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи вақт ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфта, дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷойгоҳи шоистаеро касб намояд ва чун давлати демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати баланд бархурдор гардад.
Солҳои баъдина собит сохтанд, ки Пешвои аъзами миллат дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун сиёсатмадори тавоною дурандеш мавқеи хешро дарёфтааст. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи У мамлакат ба натиҷаҳои чашмраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарыангӣ ноил гашт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи ин сиёсатмадори барҷаста муттаҳид шуда, дар ободонии Ватанашон саҳми бузург гузоштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ аз тарафи аҳли фарҳанги вилоят пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардид.

ТАБРИКНОМАИ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор ба ифтихори Рӯзи Президент – 16 – ноябри соли 2019

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳамаи Шумо хуб огоҳӣ доред, ки аз соли 2016 инҷониб дар кишвари азизи мо – Тоҷикистон рузи 16 – уми ноябр чун Рузи Президент бошукӯҳу ва муҳташам таҷлил карда мешавад ва ин руз дар радифи дигар ҷашнҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардидааст. Мансаби Президентӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст ва дар ин санади олии мамлакат низому шартҳои интихоб гардидан ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ муайян шудааст. Моддаи 67 – уми Конститутсия муқаррар намудааст, ки Президент пеш аз шурӯъ ба иҷрои ин вазифа дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Дар таърихи Тоҷикистон омадааст, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал маросими савгандёдкунӣ ва ба адои вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Мантиқан ба рӯзи 16 – уми ноябр рост омадани таҷлили Рӯзи Президент дар он инъикос мегардад, ки маҳз аз ҳамин рӯз саҳифаи наве дар таърихи кишвар боз гардид ва маҳз аз ҳамин рӯз дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд омадан гирифтанд ва аз ҳамин рӯз шакли идоракунии Президентӣ дар мамлакат ибтидо гирифт. Аз ин рӯ, бо мақсади арҷгузорӣ ба давлати навини тоҷикон, ҳурмату эҳтиром ба давлатдориву давлатсозӣ дар кишвар, боло рафтани сатҳи сиёсатмадорӣ, афзудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва дар ниҳоят фаъолияти басе густурдаву пурмаҳсули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 16 – уми ноябр чун Рӯзи Президент дар мамлакат қабул гардид.
Дар таърихи инсоният шахсиятҳое гузаштаанд, ки бо корномаву қаҳрамониҳо, хидматҳои беназир ба давлату миллати худ, фидокорию азхудгузаштагиҳо, сиёсату давлатдорӣ, баланд бардоштани обрӯву мақоми кишвар, созандагиву ободкориҳо исми худро абадан дар саҳифаи таърихи дунё абадан сабт кардаанд.
Дар ин радиф Ҷорҷ Вашингтон, Авраам Линколн, Франклин Рузвелти амрикоӣ, Александр Невский, Пётри Кабири рус, Шарл де Голи фаронсавӣ, Уинстон Черчилли англис, Махатма Гандӣ, Ьавоыирлол Неҳруи ҳинду, Мао Тзедун, Си Ҷин Пини хитоӣ, Камол Отатурки турк, Фидел Кастрои кубагӣ, Че Гевараро аз Амрикои Лотинӣ ном бурдан бамаврид аст, ки бо кору амали худ, ҷонфидоиҳо баҳри Ватан зинданом мондаанд. Дар ин радиф номи наве зуҳур намуд. Ин шахсия, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар замони муосир раҳнамои ҳақиқӣ ва ҳодии асили миллати тоҷик шумурда мешавад.
Дар олами муосир ва ҷаҳони сиёсат имрӯз фарде муаррифӣ мегардад, ки хидмату фидокориҳояш ба миллату Ватан аз корномаҳои шахсиятҳои дар боло зикршуда кам нест. Имрӯз мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро, қабл аз ҳама, чун наҷотдиҳандаи Ватани маҳбубамон арҷ мегузорем, зеро У тавонист дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва ниҳоят мураккаб, ки Ватани азизамон – Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дошт, кишварро наҷот бахшад.
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, таҳкимбахши сулҳу субот, ғамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд. Хизматҳои беназир ва фидокориҳои Сарвари муаззами давлат боис гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи вақт ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфта, дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷойгоҳи шоистаеро касб намояд ва чун давлати демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати баланд бархурдор гардад.
Солҳои баъдина собит сохтанд, ки Пешвои аъзами миллат дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун сиёсатмадори тавоною дурандеш мавқеи хешро дарёфтааст. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи У мамлакат ба натиҷаҳои чашмраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарыангӣ ноил гашт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи ин сиёсатмадори барҷаста муттаҳид шуда, дар ободонии Ватанашон саҳми бузург гузоштанд.
Аз ин рӯ, қабул гардидани Рӯзи Президент дар сатҳи мақомоти олии қонунгузорӣ ҳам талаби рӯз, ҳам дархости мардуми шарафманди тоҷик буд. Ба ин васила миллати тоҷик дар атрофи Роҳбари заковатманди худ боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба бадхоҳони миллат ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гуна ицғою дасисаи онҳо ваҳдату якдилии тоҷикистониёнро рахна карда наметавонад ва кафолати ҳамдилии онҳо худи Ҷаноби Олӣ ҳастанд.
Ҳамаи шуморо бо ин рузи хуҷаста – Рӯзи Президент бо самимият муборакбод менамоям, ба шумо саломатии бегазанду қалби фараҳманд, осудагию ободии хонавода, зиндагии шоду фируз таманно мекунам. Шодкому обод бошед, дӯстони азиз!

ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ ФАРДОИ НЕК.

Хело муҳим аст, ки Агентии Оғо Хон оид ба макони зист (АКАН) дар чунин самтҳои муҳим – яъне паст кардани хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулодда бо як қатор идораю ташкилотҳои давлатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва пеш аз ҳама Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои зич дорад.
Хамчунин бо мақсади боз ҳам самаранок ба роҳ мондани ҳамкориҳо ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷумҳурӣ ва зинаҳои вилояти таҳти роҳбарии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода як механизми кори – Гуруҳ оид ба мутобиқат ба баҳодиҳии фаврӣ дар ҳолатҳои фавкулодда бо ном РЕАКТ таъсис дода шуда, ки бомувафақият фаъолият намуда истодааст.
Агентии Оқохон оид ба макони зист дар навбати худ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои ҳайати пурраи Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда – и вилоят 23 борхалта (рюкзак) бо зиёда аз 10 номгуи тачҳизотҳои махсус, ки ҳар кадомашон зиёда аз 2 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмуҳ маблағи 46,167 сомониро ташкил медиҳанд, харидорӣ карда имруз дар ин вазъияти тантанавӣ ба Раёсати КҲФ супорида мешавад.
Бояд қайд кард, ки Агентии Оқохон оид ба макони зист дар доираи ҳамкорихо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят баҳри баланд бардоштани потенсиали сохторҳои Кумита ва пеш аз ҳама Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар баробари як қатор чорабиниҳо оид ба омузиши мутахассисон, аз ҷумла харитасозӣ, технологияи компютерӣ, истифодаи дрон, оид ба расондани кумаки аввалияи тиббӣ ба зарардидагон ва мисоли инҳо, ҳамчунин танҳо дар давоми яку ним соли охир барои сохторҳои ноҳиявии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи граждани се автомашинахои қобиляти гузариши баланддоштаи тамғаи «Нива» бо маблағи зиёда аз 380 000 сомонӣ харидори карда, бинои маркази тайёрии начотдиҳандагон таъмир ва бо лавозимотҳои ёрирасон таъмин карда шуданд.
Ҳамаи ин натиҷаҳои бадастомада гувоҳ аз он медиҳанд, ки ҳамкориҳои байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оқохон оид ба макони зист айни замон муваффақанд ва дар оянда боз ҳам густариш хоҳанд ёфт. Зимни супоридани таҷҳизотҳои техники барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва иброз дошт, ки саҳми кормандони Агенти Оғохон оид ба макони зист дар ҳамкори бо кормандони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят ҷиҳати наҷот додани сайёҳони хориҷӣ аз ҷумла сайёҳони Исроилӣ, ки баландкӯҳҳои водии Бартанги ноҳияи Рӯшон наҷот дода шудаанд, арзанда мебошад.
Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода М роҳбарияти Агентии Оғохон оид ба макони зист барои ин кумакҳо изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки техникаи таҳвилшуда бе ягон шак ба таҳкими имкониятҳо ва зарфиятҳои воҳидҳои наҷот ёрӣ мерасонад ва кори кумак ба ниёзмандон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаро осон мекунад.
Дар навбати худ сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ изҳор дошт, ки ин ниҳод дар оянда низ идораи наҷотро ба хотири беҳбудиву некуаҳволии халқҳои Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.