ҲАМОИШИ ҶАВОНОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Имруз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар ҳамоиш донишҷӯён кормандони идораву муассисаҳои вилояти ва шаҳри Хоруғ, варзишгарон, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, ки зиёда аз панҷ ҳазор нафарро ташкил медоданд иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода баромад намуда аз номи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов тамоми мардуми вилоятро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Инчунин Сураҷ Чоршанбиев сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят муроҷиатномаи ҷавонони Бадахшонро қироат намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ аз тарафи бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ пешкаши иштирокдорони ҳамоиш гардид.

МАШВАРАТИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Субҳи имрӯз машварати назорати назди Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баргузор гардид. Дар машварат муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ва дигар роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар машварат чор масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз рӯйи масъалаи якум рафти иҷрои қарори Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 12 2008, рақами 600 ” Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” Музаффаров Фарид сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят баромад намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 02 2016 рақами 68 ” Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 12 2015 рақами 772 ” Дар бораи Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016 – 2020 ” сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ Ҷумъаев Ҷумъа баромад намуданд.
Аз рӯи масъалаи сеюм ” Оид ба ҷараёни иҷрои қарорҳо ва пратаколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва қарору супоришҳои раиси ВМКБ Хушмардов Шафтолу мудири бахши назорати дастгоҳи Раиси ВМКБ баромад намуданд.
Аз рӯи масъалаи чорум “Омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода суханронӣ намуданд.
Дар охири машварат ҳамаи масъалаҳои баррасигардида мавриди таҳлил қарор дода шуданд ва аз ҷониби иштирокдорони машварат баҳри беҳбудии ҳамаи соҳаҳо пешниҳодҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

АҲДНОМАИ ҲУҚУҚИ КӮДАК

Имруз бо ташаббуси бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон семинар тренинг бахшида ба 30 солагии Ахдномаи хукуки кудак баргузор карда шуд. Дар семинар раиси Комиссия оид ба хукуки кудаки назди МИХД-ВМКБ муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов иштирок ва суханрони намуданд. Қайд карда шуд, ки
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви СММ буда, 26-уми июни соли 1993 Аҳдномаи ҳуқуқи кўдакро қабул намудааст. Баъд аз қабул гаштани он, аҳднома, чун ҷузъи қонунгузории миллӣ ҳисоб мешавад ва ҳама онро бояд риоя кунанд. Дар назди Созмони Миллали Муттаҳид кумитаи махсус оид ба хуқуқи кўдак амал мекунад, ки тамоми давлатхои ин аҳдномаро қабул карда ба ин кумита аз вазъияти ҳуқуқи кўдак дар қаламрави худ ҳисобот пешниҳод менамоянд. Нақши ин аҳднома дар ҳаёти кӯдакон хеле назарас мебошад. Дар он номгуӣ ҳуқуқи кўдак зикр шудааст, ки аз тарафи давлат барои тамоми кўдакони дар қаламрави ў воқеъбуда таъмин мегардад.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯ ДАР ВМКБ

Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ро бо Рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуда қайд карданд, ки саҳми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар таъмини волоияти қонун ва таъмини амният дар вилоят арзанда мебошад. Замоне, ки ба гузаштаи таърихи милитсияи тоҷик назар мекунем, пеши назари мо корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллати бонангу номус ва куҳанбунёду бофарҳанг ҷилвагар мешаванд, ки саршор аз эҳсосу ғурури ватандӯстӣ мебошанд. Зеро онҳо ҳамеша баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи шараф, обрӯи давлату миллат, гиромӣ доштани осору эҷоди гаронбаҳои таърихӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият дар сафи пеши муборизаҳо қарор доштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия чунин ёдовар гардида буданд: «Вазорати корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст».
Бо дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлат дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар, бахусус дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардида, мувофиқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шуд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия бо занону духтарон, ки дар мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фаъолият менамоянд семинар омӯзиш баргузор намуданд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия бо занону духтарон, ки дар мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон фаъолият менамоянд семинар омӯзиш баргузор намуданд. Давлатзода Зулфия қайд намуданд, ки Барномаи давлатии ” Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022 ба хотири ба кор ҷалб намудани бонувон ба шуғл ва пешниҳод намудани занони сохибкасб ба вазифаи роҳбарикунанда мебошад.

Мақсадҳои Барнома:

– амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд;

– таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ;

– таъмини ҳуқуқи баробари мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда;

– ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– омода намудани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷўдухтарон.

Бо дарназардошти ҳадафҳои муайяншуда Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
– баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирии занҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ;

– мусоидат намудан дар болоравии маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси масъулият ба вазифаи ишғолкарда, тарбияи ахлоқӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ;

– такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд;

– таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо оила дар самти фаъолият оид ба тарбияи шоистаи фарзандон ва ҷалби духтарбачагони синни мактабӣ ба таҳсил;

– ҳавасмандгардонии донишҷўдухтарони лаёқатманд;

– бартараф намудани номувофиқатии таносуби касбӣ бо роҳи таҳия намудани механизмҳои мусоидаткунанда барои гирифтани ихтисосҳое, ки талабот ба онҳо зиёд аст;

– рушди ҳамкории сохторҳои давлатии соҳавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани неруи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ;

– фаъол гардонидани нақши воситаҳои ахбори омма дар масъалаи бартараф намудани қолабҳои гендерии тақсими нақшҳои мардон ва занон дар ҷомеа, ташаккул додани имиҷи зан-роҳбар.

Мулоқот бо Шоҳзода Карим Оғохони lV

Мулоқот бо Шоҳзода Карим Оғохони lV
07.11.2019
http://www.president.tj/node/21773

7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Шоҳзода Карим Оғохони IV мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оғохон оид ба рушд” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои ҳамкории воқеии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои шабакавии Хазинаи Оғохон оид ба рушд изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ омодагии худро барои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо иброз намуда, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, сохтмон, рушди деҳот, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва андешидани тадбирҳоро дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, муҳокима карданд.

Дар самти рушди иқтисодӣ ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, алалхусус тавассути Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (АКФЭД) ва ширкатҳои ҷамъиятию хусусии он дар Тоҷикистон, махсус таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои дуҷониба дар самти татбиқи барномаҳои давлатию стратегӣ, ба монанди расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пулҳо ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон, саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ барои рушди соҳаи маориф, баррасӣ карда шуд.

МАКТАБ ЛИТСЕЙИ ОҒОХОНИ ШАҲРИ ХОРУҒ АЗ ТАЪМИРИ КАПИТАЛӢ БАРОВАРДА ШУД.

Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ яке аз муассисаҳои таълимии пешқадами шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда дорад. Муассисаи таълимии 1998 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мавлоно Ҳозиримом Пешвои исмоилиёни дунё мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Имсол бошад бо маблағи 4 миллион сомони аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Дар муассисаи таълими 1080 нафар хонанда ва 72 нафар омузгор таҳсил ва фаъолият карда истодаанд. Соли ҷори 87 нафар хатмкунандагони ин муассиса ба Донишгоҳ ва донишкадаҳо дохил гардиданд, 47 нафари онҳо ба донишгоҳои хориҷи мамлакат дохил гардиданд. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз таъмири ин боргоҳи маърифат дидан намуданд. Омӯзгорон ва хонандагони мактаб литсейи Оғохонро бо 25 солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда қайд карданд, ки ин муассиса яке аз меваҳои шаҳдбори Ваҳдати милли ва ҳамкории муваффақ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Оғохон мебошад. Яке аз супоришҳои Пешвои миллат ба соҳаи маориф ин ба роҳ мондани омузиши забонҳои хориҷи аз ҷумла русӣ ва англисӣ мебошад. Ман гуфта метавонам, ки ин муассисаи таълимӣ ин Амри роҳбарияти олии мамлакатро бо сари баланд иҷро менамояд. Чунки дар ин мактаб забономузи хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва барои мо боиси ифтихор ва сарфарози мебошад, ки ҷавонони зиёд аз вилоят дар ташкилотҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва давлатҳои Аврупо ва Амрико кору фаъолият карда истодаанд, ки ин хизмати бевоситаи ин муассисаи таълимӣ мебошад. Ҷавобан ба ин дастгириҳо хатмкунандагони ин боргоҳи маърифат бояд баъди хатми мактаб ба халқу ватани худ содиқона хизмат намоянд, изҳор дошт раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН.

Субҳи имрӯз бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов чорабинии идона бахшида ба 25 солагии бахтномаи миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов , муовинон, раиси шаҳри Хоруғ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо ин санади муҳими сиёси табрик намуда қайд карданд, ки таърих гувоҳ аст, ки Конститутсияи имрузаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар вазъияти номутташаниҷи сиёсӣ қабул карда шудааст. Агар ба таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имруз 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Аммо дар таърихи тоҷикон Конститутсияи имрузамалкунанда Конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард. Конститутсия ин кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам китобе ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт», «Бахтнома» мегӯем, зеро дар ин китоб, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар сабт шудааст. Бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ ин китоби муқаддаси миллатро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намояд.
Баъди суханронии раиси вилоят барномаи консертӣ бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи аҳли фарҳанги шаҳри Хоруғ пешкаши иштирокдорон гардид.

КОРХОНАИ КОРКАРДИ АСФАЛТ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ

Корхонаи коркарди асфалт дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ванҷ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Искандаров Воҳид таъсис дода шудааст. Дар корхонаи мазкур 7 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд, ки дар як шабонарӯз 30 тонна асфалти баландсифатро истеҳсол мекунанд. Технологияи зарурии муосир барои ин корхона аз Ҷумҳурии Чин дастрас гардидааст.

БУНЁДИ СЕ КОРҲОИ КОРКАРДИ ТАХТАСАНГҲОИ МАРМАРИН ДАР ПОДОМОНИ ПИРЯХҲОИ ХИРСОН ВА ФЕДЧЕНКО ДАР ДЕҲАИ ПОЙМАЗОР

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз маҳалли сохтмони корхонаҳои мазкур аз наздик шинос гардид. Таъкид шуд, ки корхонаҳои саноатӣ дар масоҳати чор гектар замини санглохи ин мавзе то ҷашни 30 юмин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад гардид. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов роҳбарияти ширкати “Хурусталро” дастур дод, ки ҳар чи зудтар ба корҳои созандагӣ оғоз башанд. Файзов Ёдгор таъкид дошт, ки соли соли 2005 аввалин нерӯгоҳи хурди барқии обиро бо дастгири шарикони рушд бунёд намудем, то имрӯз хонадони ин деҳаро равшан кард. Ба роҳбарияти ширкати мазкур дастур дода шуд, ки нерӯгоҳи хурдро, ки иқтидорашон аз 150 киловат иборат аст то ба 600 ва баъдан ба ҳазор киловат-соат бардорад. Ҳамзамон аз ҷониби ширкати Помир знержӣ корҳои сохтмонӣ дар хатти интиқоли 35 ба 10 киловолта идома дошта, то маҳаллӣ кони Мармари Поймазор рӯзҳои наздик бурда расонида мешавад. Аз ҷониби ширкати ” Хурустал” дар деҳаи Гармчашма ҷамоати деҳоти Раванди ноҳияи Ванҷ бунёди аввалин Осоишгоҳи истироҳатӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2020 “Солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” ба нақша гирифта шудааст. Корхонаҳои сохтмонӣ дар осоишгоҳ дар мӯҳлати ду сол бояд бунёд ва мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳанд шуд.