Субҳи имрӯз муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия бо занону духтарон, ки дар мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фаъолият менамоянд семинар омӯзиш баргузор намуданд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия бо занону духтарон, ки дар мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон фаъолият менамоянд семинар омӯзиш баргузор намуданд. Давлатзода Зулфия қайд намуданд, ки Барномаи давлатии ” Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022 ба хотири ба кор ҷалб намудани бонувон ба шуғл ва пешниҳод намудани занони сохибкасб ба вазифаи роҳбарикунанда мебошад.

Мақсадҳои Барнома:

– амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд;

– таъмини дастрасии занону духтарон ба хизмати давлатӣ;

– таъмини ҳуқуқи баробари мардон ва занон ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда;

– ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– омода намудани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷўдухтарон.

Бо дарназардошти ҳадафҳои муайяншуда Барномаи мазкур иҷрои вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
– баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирии занҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ;

– мусоидат намудан дар болоравии маҳорату малакаи касбӣ, ҳисси масъулият ба вазифаи ишғолкарда, тарбияи ахлоқӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ;

– такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занони лаёқатманд;

– таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо оила дар самти фаъолият оид ба тарбияи шоистаи фарзандон ва ҷалби духтарбачагони синни мактабӣ ба таҳсил;

– ҳавасмандгардонии донишҷўдухтарони лаёқатманд;

– бартараф намудани номувофиқатии таносуби касбӣ бо роҳи таҳия намудани механизмҳои мусоидаткунанда барои гирифтани ихтисосҳое, ки талабот ба онҳо зиёд аст;

– рушди ҳамкории сохторҳои давлатии соҳавӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани неруи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ;

– фаъол гардонидани нақши воситаҳои ахбори омма дар масъалаи бартараф намудани қолабҳои гендерии тақсими нақшҳои мардон ва занон дар ҷомеа, ташаккул додани имиҷи зан-роҳбар.