ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯ ДАР ВМКБ

Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ро бо Рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуда қайд карданд, ки саҳми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар таъмини волоияти қонун ва таъмини амният дар вилоят арзанда мебошад. Замоне, ки ба гузаштаи таърихи милитсияи тоҷик назар мекунем, пеши назари мо корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллати бонангу номус ва куҳанбунёду бофарҳанг ҷилвагар мешаванд, ки саршор аз эҳсосу ғурури ватандӯстӣ мебошанд. Зеро онҳо ҳамеша баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи шараф, обрӯи давлату миллат, гиромӣ доштани осору эҷоди гаронбаҳои таърихӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият дар сафи пеши муборизаҳо қарор доштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия чунин ёдовар гардида буданд: «Вазорати корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст».
Бо дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлат дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар, бахусус дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардида, мувофиқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шуд.