ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ
16. 11. 2019
www. badakhshon.tj
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин дар чорабинии мазкур муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Зимни суханронии хеш раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, таҳкимбахши сулҳу субот, ғамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд. Хизматҳои беназир ва фидокориҳои Сарвари муаззами давлат боис гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи вақт ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфта, дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷойгоҳи шоистаеро касб намояд ва чун давлати демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати баланд бархурдор гардад.
Солҳои баъдина собит сохтанд, ки Пешвои аъзами миллат дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун сиёсатмадори тавоною дурандеш мавқеи хешро дарёфтааст. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи У мамлакат ба натиҷаҳои чашмраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарыангӣ ноил гашт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи ин сиёсатмадори барҷаста муттаҳид шуда, дар ободонии Ватанашон саҳми бузург гузоштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ аз тарафи аҳли фарҳанги вилоят пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардид.