Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ёдгор бахшида ба Рузи Парчами давлатию миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – ноябри соли 2019

Ҳамдиёрони иззатманд!
Мавҷудияти рамзҳои давлатӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ шаҳодат медиҳад, аз ҷумла, Парчам чун як рамзи истиқлолияти давлатӣ ва ифодакунандаи азму иродаи миллат дар таърихи давлатдорию давлатсозӣ ва инсоният мавқеи муҳим дорад. Парчам ба сифати як рамзи ҳастии кишвар ва давлатдорӣ миёни дигар рамҳои давлатӣ ҷойгоҳи хосе дошта, дар шинохту ҳуввияти ҳар як миллат аз худ нақши носутурдание гузоштааст. Ба ин маънӣ Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи муносиб ва таърихи омӯзандаеро дорост.
Нахуст зикр кардан бамаврид аст, ки Парчами давлатию миллии мо, пеш аз ҳама, тимсоли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, иттиҳоду якдилии миллатҳои дар ин кишвар зиндагидоштаро ифода менамояд.
Ҳамчунин Парчам дар баргузории чорабинҳои расмию ғайрирасмӣ , фарҳангию варзишӣ, дар маросими савгандёдкунии Президенти мамлакат нақши хос дорад. Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан ба ин мқоми олии давлатӣ – Президенти кишвар шахси интихобшуда баъд аз расми савгандёдкунӣ дар назди Парчам зону зада, онро мебӯсад ва бо ин садоқати худро ба Ватану миллат ва муқаддасоти миллии он ифода менамояд. Расми савгандёдкунӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ роиҷ буда, ҳар як сарбоз пас аз қабул шудан ба сафи ин ниҳод қасам ёд мекунад. Ба ин хотир ба Парчам чун яке аз муқаддасоти миллӣ ҳар як шаҳрванди кишвар, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ, эҳтиром мегузорад.
Рӯзи Парчам мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 – уми ноябр эълон гардидааст ва ин сана ҳамчун рузи ид дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон бошукуҳ ва тантана истиқбол гирифта мешавад.
Суннати парчамдорӣ дар таърихи кишвар ва миллати мо аз даврони хеле қадим вуҷуд доштааст ва то имрӯз низ мавқеияти хосеро дар ҷомеаи навин дорост. Ойини парчамдорӣ аз насл ба насл то замони муосир омда расидааст ва ин як далели равшани хештаншиносӣ ва ору номуси ватандории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатию миллии мо тавонист миллати тоҷикро дар атрофи худ муттаҳид созад ва дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозад. Парчам дар ниҳоди ҳар як фарзанди баномуси Ватан эҳсоси ватанпарастию худшиносӣ ва ифтихори миллиро бедор менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро махсус гӯшзад кардаанд: “Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Зеро дар он рӯҳи ниёгони некном, далериву матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос шудаанд.
Воқеан, парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад.
Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”.
Тавре Ҷаноби Олӣ ишора намудаанд, Парчам чун рамзи ҳастии миллату мавҷудияти давлат ҳанӯз аз даврони бостон мақому манзалати арзанда дошт. Парчам ба сифати рамзи асосии ватану ватандорӣ дар майдонҳои ҳарб ҷавлон мезад. Ҳанӯз дар он замонҳо парчамдорон ё худ онҳоро аламбардор мегуфтанд, пешопеши лашкар ҳаракат менамуданд ва бо ҷавлон додану парафшон намудани Парчам ҷанговаронро дар майдони набард зидди душман руҳбаланд мекарданд.
Баъди қабул гардидан ҳамчун яке аз рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ Парчам дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати сарвати маънавии ҷомеаи мо дониста мешавад ва ҳар як хурду бузурги Тоҷикистон онро қадрдонӣ менамояд. Арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ, ки яке аз онҳо Парчам мебошад, муҳаббату садоқати ҳар ватандорро ба давлати миллиаш ифода сохта, таҳти парафшонии ин ливо мардуми сарбаланди мамлакат ба меҳнати созанда машғул мебошад ва ояндаи фирӯзи худро бунёд мекунад. Суннату таърихи парчамдории мардуми тоҷик наслҳоро бо ҳам пайванд месозад, ба ин маънӣ омили муҳимест, ки иттифоқу ҳамбастагии миллати тоҷикро инъикос менамояд.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз ин рӯзи фирӯзу хуҷаста ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Парчами давлатию миллӣ табрику таҳният мегӯям ва таманнои он дорам, ки ҳамеша сиҳату саломат, осудаю хушрӯзгор, болидатабъу хотирҷамъ бошед!
Бигзор, Парчами давлатию миллии Тоҷикистон ҷовидона парафшон бошад!