Офарин, собиқадорон!

28.11.2019 соати 10.00 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барномаи фарҳангии собиқадорони санъати вилоят баргузор гашт. Чорабиниро раиси шўрои собиқадорони вилоят Мамаднасим Гаваров ифтитоҳ намуда, аз нақши бузурги собиқадорони меҳнат, аз ҷумла, собиқадорони санъат дар зиндаги ва ҷомеаи имрўза ҳарф зад. Мавсуф ёдовар шуд, ки мардуми Бадахшон дар меҳнату санъату ҳунар дар сафи пеш қарор дошт. Шириншоҳ Шоҳтемур аввалин шахсе буд, ки ба Сталин дар бораи ориёи, соҳибтамаддун будани миллати тоҷик нома навишт. Мастибек Тошмуҳаммадов нахустин фарде аз Тоҷикистон буд, ки ба унвони генерал сазовор гардид. Азалшо Олимов паҳлавони бадахшони аз Тоҷикистон якумин чемпиони СССР шуд. Барои ҳамин ҷавонони вилоят бояд ин анъанаро аз даст надиҳанд. Баъдан раиси шўро аз ҳозирини толор ҳоҳиш намуд, ки ба ҳунари собиқдорони санъат таваҷҷўҳ зоҳир кунанд. Касе чашмдор набуд, ки як барномаи ҷаззобу рангину нотакроре ба бинандагон пешкаш мегардад. Ва ҳам мўҷиби ҳайрат гардид, ки собиқадорони санъаткор барномаро бе фонограмма, бо овози зинда, ба таври табии манзур намуданд. Собиқадорон бо ҳунари хақиқатан волою табии тамошобинонро чунон мафтун сохтанд, ки пас аз ҳар як ҳунарнамои чапакзани то дергоҳе хомўш намешуд. Тавре раиси вилоят Ёдгор Файзов изҳор намуданд, собиқадорон бо ҳунари худ моро дар ҳайрат гузоштанд, онҳо исбот карданд, ки ҳанўз дар сафи пеш қарор доранду ба мардуми худ хизмат мерасонанд. Раиси вилоят ба санъаткорони собиқадор як сабад гул ва дигар тўҳфаҳои арзанда тақдим доштанд. Мо бори дигар бо мардум бо як овоз мегўем: садҳо, ҳазорҳо аҳсану офарин ба Шумо, собиқадорони барнодилу серғайрат, боору номуси Бадахшон!