Табрикоти муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ сидқан ва самимона муборакбод намуда, ба Шумо сарсабзӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хотири осудаю табъи хуш таманно намоям.
Соли нави мелодӣ бо ҳазору як навиду армуғон ва умеду орзуҳо аз омад – омади худ моро муждарасон аст. Бароямон ниҳоят муҳим аст, ки соли нав ба кишвари мо дар мавриде ворид мегардад, ки як муҳити созанда, фазои сулҳу салоҳ, тинҷиву осудагӣ ҳукм меронад. Армуғони беҳтарину бебаҳотарин ба мардуми мо дар соли нав осудаҳоливу тинҷист, ки аз он неъмате бузургтар наметавон ёфт. Аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2018-2021 солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба созандагиву ободкориҳо вусъати тоза бахшида, миллати тоҷик дар остонаи соли нав ба дастовардҳои беше ноил гашт.
Ҳар соли суипаригашта аз худ нақше мегузорад ва ҳар соли нав бо худ умеду ормонҳои нав меорад. Соли рафта бо бисёр рӯйдодҳои хуш ва ҳам хавотирнокаш дар дилҳои мо нақш баст ва дар таърихномаи Ватани мањбубамон саҳифае зам намуда барои мардуми Тоҷикистон соли пурфайзу баракат буд. Дар ин сол агрегати дуюми НОБ-и Роѓун, ки яке аз иншооти бузурги гирдротехникии аср ба ҳисоб меравад, бо иштириоки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурўъ намуда, ба маблағи миллионҳо сомонӣ боз чандин иншооти хурду бузург сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин росто Бадахшони мо ҳам ба тозагӣ рушд намуд ва ба дастовардҳои назарраси илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ дар арсаи байналмиллалӣ комёб гардид.
Паёми навбатии Асосгузори судлҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи Соли нав ироа гардид, як фоли неку саривақтӣ буда, роҳнамо ва дастурамали ҳар як сокини кишварамон дар солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад. Халқи Тоҷикистон бо пайгирӣ аз ҳар як нуқтаи Паёми Пешвои миллат бо умеду боварии комил ба Соли нави 2020 қадам мениҳанд. Нияту наќшаҳое, ки аз Паёми имсола бармеоянд, туҳфаи бебаҳои солинавӣ барои кулли тоҷикон ва бахусус сокинони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон арзёбӣ мегарданд. Амалишавии ду лоиҳаи бузург, сохтмони НБО «Себзор» ва таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳи Қалъаи Хумб –Ванҷ бо арзиши 2,2 млрд сомонӣ, бунёду азнавсозии дигар иншооти хурду бузург, баланд бардоштани маошу нафақа ва дигар мақсаду адафҳои созанда, ки дар соли пешомада рўи кор хоҳанд омад, барои мардуми вилоят дар Соли нав ҳадяи беҳамто мебошанд.
Мо аминем, ки мардуми баномуси вилоят барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ, бо орзуву эътимоди қавӣ, бо талоши пайгирона, эҳсоси худшиносии миллӣ, ватанпарастиву ватандорӣ дар роҳи ободонии диёр ва беҳдошти зиндагии шоиста камари ҳиммат баста, дар ободонии диёр ва беҳбуди рӯзгор бо нерӯ ва ғайрати тоза заҳмат хоҳанд кашид. Ҳамзамон дар соли нав ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки чун фарди соҳибватан аз истиқлолияту дастовардҳои он, Вахдати миллӣ, фазои сулҳу субот ҳимоя намоем.
Дар фарҷом Шумо – ҳамдиёрони гиромиро бо соли нави мелодӣ бори дигар табрик намуда, хоҳони онам, ки ҳамаи ормонҳои некатон амалӣ гарданд.
Соли нави мелодӣ муборак бод, ҳамватанони гиромӣ!

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ, раиси шаҳри Хоруғ ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон.

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ, раиси шаҳри Хоруғ ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон.

ИҚДОМИ НЕК

Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Хатлон ба маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон шаҳри Хоруғ 80 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дастрас карда шуд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ ба нархи арзон ба фурӯш бароварда шуд. Дар майдони намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ мардуми зиёд гирд омад ва одамон маводи мавриди ниёзашонро дастрас менамуданд. Бисёр сокинон ба Пешвои миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои чунин иқдоми хуб дар остонаи ҷашни Соли нав арзи сипос карданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО ДАР ВМКБ

Дар маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов Рӯзи кормандони соҳаи энергетика қайд карда шуд. Зимни суханронӣ раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов тамоми кормандони соҳаи энергетикаи вилоятро бо Иди касбӣ – Рӯзи энергетикҳо, ки ҳар соли 22 декабр дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон сидкан табрику муборакбод намуданд. Раиси вилоят аз таърихи аввалин қадамҳо баҳри ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дар вилоят ҳарф зада қайд карданд, ки дар он рузҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ки иқтисодиёти мамлакат хеле заиф буд, фикр кардан дар бораи таъмини барқ барои сокинони вилоят ғайри имкон буд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои Фонди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ масъалаи дигаргун намудани системаи идоракунии пештара ва ташкил намудани муассисаи давлатии энергетикӣ бо сармояи хориҷӣ фаъолияткунанда ба миён гузошта шуд. Баъди ба анҷом расидани марҳилаи ташкилӣ ва матраҳ намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ Ширкати ” Помир Энерҷӣ” ба имзо расид. Дар давоми 17 сол Ширкати ” Помир Энерҷӣ” бо кумаку дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Хазинаи Оқохон корҳои назаррасеро ба анҷом расонида ба пурра барқарор намудани системаи ягонаи энергетикии ҳудуди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва ба хориҷи кишвар содирот намудани он ноил гардид ва албатта саҳми роҳбари ҷавони ин муассиса Директори генералии ширкати “Помир Энерҷи” Далер Ҷумаев дар рушди соҳаи энергетикаи вилоят хеле калон мебошад. Ба хотири саҳми арзанда гузоштан дар соҳаи энергетикаи вилоят аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Зимни сафари кори ба ноҳияи Роштқалъа раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз шароити зимистонгузаронӣ бинои Касалхонаи рӯҳии ноҳияи Роштқалъа дидан намуданд.

Зимни сафари кори ба ноҳияи Роштқалъа раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз шароити зимистонгузаронӣ бинои Касалхонаи рӯҳии ноҳияи Роштқалъа дидан намуданд. Раиси вилоят системаи гармидиҳии бинои мазкурро аз назар гузаронида ба роҳбарияти Касалхонаи рӯҳии ноҳияи Роштқалъа барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.

«Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон»-ҳамоиши илмӣ бахшида ба 120-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олимону донишмандон ва таърихнигорони тоҷик ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани имконият ва мусоидат ба таҷлили бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷашни 110- солагии Шириншоҳ Шоҳтемур 20 октябри соли 2009 изҳор намуданд, ки «Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри 20 рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он иҷро намуда, тамоми қувваю дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртаззоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш ва сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст».
Раиси вилоят аз таърихи сулолаи Сомониён ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки “ин давлати муқтадири тоҷикон дар натиҷаи зулму истибдоди аҷнабиён ба парокандагӣ дучор шуд. Аммо дар ҳар давру замон иродаву тасмими дурусти шахсиятҳои ватандӯсту аз сиёсати замон огоҳ миллатро аз парокандагиву парешонҳолӣ наҷот медоданд, ки яке аз чунин чеҳраҳои сиёсӣ Шириншо Шоҳтемур ба шумор меравад. Бо чунин вазъияти печидаву мураккаб ҳатто дар охири асри 20 низ халқи тоҷик рӯ ба рӯ гардид, аммо ин бор фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонфидиҳои беши хеш нагузошт, ки ватану миллат аз ҳам пош бихӯранд”.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода матни табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 120- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳузури иштирокдорони ҳамоиши илмӣ қироат намуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки “зуҳури пантуркизму панисломизм ва паниронизм дар муҳити Бухорои онвақта ба авҷи аълои худ расида буд ва гурӯҳҳои зиёди ин ҷараёнҳо ҳамақидаҳояшонро дар атрофи худ ҷамъ менамуданду ба муқобили миллати тоҷик мубориза мебурданд. Ҳатто баъзе аз ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд. Дар чунин айёми мураккаби сиёсӣ абармардони миллати тоҷик, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддини Айни гирди ҳам омада, дар бораи мавҷудияти миллати тоҷик, таъриху фарҳанги бою пурғановати он садо баланд менамуданд. Баъди инкилоби Октябр ҳам барои таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон монеа эҷод карданд, аммо мавҷудияти Точикистонро бо намояндагӣ аз миллати тоҷик маҳз Шириншоҳ Шоҳтемур бо далелу бурҳони қотеъ ва санаду арқоми мушаххас муаррифӣ кард. Ва исбот намуд, ки халқи тоҷик аз қадим соҳиби давлату забон, расму суннати хос ва таҷрибаи бои давлатдорӣ буд. Ба он қонеъ нашуда, ба унвони роҳбари онвақтаи шӯравӣ И. Сталин нома навишт ва зарурати ташкили Ҷумҳурии мустақил дар ҳайати ин Иттиҳодро тақозо кард. Танҳо аз пас аз ин Тоҷикистон чун ҷумҳурии алоҳида ба ин иттиҳод шомил шуд”.
Дар ҳамоиши илмӣ Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Амонулло Салимзода дар бораи саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар поягузории давлати тоҷикон ибрози назар намуданд.
Пас аз ҳамоиши илмӣ иштирокдорони он ба пояи пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузошта, аз осорхонаи ин ходими намоёни давлатӣ, ки дар зодгоҳаш-Ҷамоати деҳоти Поршинев ҷойгир аст, дидан намуданд.

Ҳайати расмӣ бо роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар назди пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузоштанд.

Ҳайати расмӣ бо роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар назди пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузоштанд.

ПОСИ ХОТИР


Ба хотири гиромидошти хотири нек ва 120 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҳайати расми аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеа муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз хона – осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур дидан карданд.

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЛАКАИ КАСБӢ

Бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Дар омӯзиш қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси одоби хизматчии давлатӣ, омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Раиси вилоят дар машварат бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қайд карданд, ки кадрҳои ҷавони мақомот бояд ба талаботҳои давлати ва байналмиллалӣ ҷавобгӯ бошанд.

Ба Волоҳазрати Воломақом, Шоҳзода Карим Оқохон – Мавлоно Ҳозир Имом

Волоҳазрати Воломақом,

Бо як хурсанди ва ифтихори бузург имкон дорам Шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумхурии Тоҷикистон ва мардуми он бо Рӯзи мавлудатон самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо тани сиҳат, умри дароз ва дар фаъолияти сермаҳсулатон комёбиҳоро таманно намоям. Ифтихор аз он дорам , ки Шумо умри пурбаракати худро вақфи беҳбуди зиндагии инсоният намудаед ва имрӯз дар ҷаҳон Шуморо на фақат ба ҳайси Имоми ҷамоати исмоилия, балки чун ҳомии кулли исломи ноб, шахсияти сулҳпарвар ва ободкору инсондӯст қадру эътирофу эҳтиром менамоянд. Хеле хушҳол ҳастам, ки ҳамкории Шабакаҳои АКДН ва Ҷамоат бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар руз ба сатҳи сифати олии рушд карда дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол чун шарики боэътимод нақши арзанда доранд. Шоҳиди гуфтаҳои боло ин вохурии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон бо Шумо дар кишвари Фаронса Волоҳазрати Воломақом маҳсуб меёбад, ки аз тарафи мардуми Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва ҳамчунин ҷумҳурӣ хеле хуш истиқбол гардид ва моро мутмаин месозад, ки ҳамкориҳои минбаъда боз ҳам густариш хоҳанд ёфт ва чандин ташаббусхои мутобиқи замони навро рӯӣ кор хоҳанд овард.
Дар ин Рӯзи нек мехостам сидкан барои кулли дастгирихои Шумо дар он рӯзхои хеле душвор ва шукуфони имрӯзи Тоҷикистон ба Шумо ташаккури зиёд иброз намуда бори дигар аз даргоҳи Аллоҳ ба Шумо Мавлоно Ҳозир Имом бардавомии зиндаги ва қувваю нерӯи тамонашаванда ҷисмонию маънавӣ таманно намуда, орзу дорам иншоолоҳ инсоният боз солҳои тӯлони аз дуову баракат ва хизматҳои бесобиқаи Шумо баҳра хоҳад бурд ва онро қадр хоҳад кард .

Бо ихлос ва эҳтиром Раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов