ИДИ КАСБӢ МУБОРАК!

Имрӯз дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳайати шахсии Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Алишер Мирзонаботов муовини якуми раиси вилоят аз номи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҳайати шахсии ин ниҳодро бо Рӯзи касбиашон табрику муборакбод гуфта қайд намуданд, ки саҳми кормандони Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини волоияти қонун, сулҳу субот ва ободонии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон назаррас мебошад. Бо шарофоти дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддию техникии мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол мустаҳкам гардида, қодир ҳастанд, ки бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза баранд.
Инчунин дар чорабинии ҳайати шахсии Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохили ба хотири иди касбиашон бо медалҳу ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадридони карда шуданд.