КӮМАК БА МАЪЮБОН

Ба хотири беҳтар намудани шароити зиндагии маъюбони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо дастгирии раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюбони вилоят соҳиби 45 адад аробачаи маъюбии муосир ва 20 адад асобағал гардиданд. Ин қишри ҷомеа ҳамеша таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта ҳама сола кӯмакҳои моддию маънавӣ ба онҳо расонида мешавад. Аробачаҳои маъюбӣ дастрас гардида тибқи руйхати пешниҳодгардидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим гардиданд.

ИДИ КАСБӢ МУБОРАК!

Дар толори мақомоти молияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон иди касбии кормандони молия таҷлил гардид. Муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар кормандони молияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда собиқадорони соҳаи молияро барои хизматҳои арзанда бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома сарфароз гардониданд.