ҲАМКОРӢ БАХОТИРИ ФАРДОИ НЕК

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов муаррифии лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфросохтори муҳим дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баргузор карда шуд.
Фонди тоҷикистонии Оқохон, Агентии Оқохон оид ба макони зист ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Кӯҳистон дар ҳамкори зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барномаи мазкурро дар шаҳри Хоруғ амалӣ карда истодаанд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст. Давомнокии лоиҳа 18 моҳ идома меёбад.
Ҳадафи лоиҳа ин бунёд намудани инфросохтори иҷтимоӣ, ки ба эҳтиёҷоти мардум посухгӯ аст. Ин фаъолиятҳо дар нигоҳ доштани сулҳу субот саҳми босазо гузошта, хизматрасониҳо ва инфрасохторҳои ҷамъиятиро беҳтар менамоянд ва имконияти ташкил намудани ҷойҳои кории муваққатӣ барои ҷавононро тавассути корҳои сохтмонӣ фароҳам меоваранд. Дар умум лоиҳа дар беҳтар намудани сифати зиндагии мардуми шаҳри Хоруғ саҳмгузорӣ менамояд.

Фаъолиятҳои мушаххаси барнома аз қисматҳои зерин иборат аст:

– Беҳтар намудани шароити таълим барои хонандагони мактаб тавассути сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти умумии рақами 5 дар кӯчаи Саидмир Абдураҳмонови шаҳри Хоруғ;

– Муҳайё сохтани шароити дастрасӣ ба марказҳои варзишӣ барои кӯдакон ва ҷавонони шаҳри Хоруғ тавассути бунёди шаш адад майдончаи варзишӣ дар Хоруғ;

– Таъмин намудани аҳолии маҳаллаи Бизмич бо оби нӯшокӣ тавассути сохтмони системаи оби нӯшокӣ ва пайваст намудани ҳар як хоҷагии алоҳида ба системаи обтаъминкунӣ аз тариқи ҳисобкунак барои истифодаи самараноки об;

– Коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ тавассути амалӣ намудани лоиҳаи хурди соҳилмустаҳкамкунӣ дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ;

– Ҷалб намудани гуруҳҳои ҷавонон ва шарикони лоиҳа ба чорабиниҳои гуногун, аз қабили гузаронидани маҷлисҳои ҳамоҳангсозӣ, омӯзишҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ воқифгардонӣ оиди беҳдошт, таъмин намудани нигоҳубин ва идоракуни пойдори инфросохторҳои бунёдшуда, ки таъсири лоиҳаи мазкурро беҳтар менамояд.