Иҷлосияи ғайринавбатии бисту сеюми даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баргузор карда шуд. Иҷлосия бо иқдоми нави Бадахшон хондани суруди миллӣ бо овози зинда оғоз карда шуд.

Иҷлосияи ғайринавбатии бисту сеюми даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баргузор карда шуд. Иҷлосия бо иқдоми нави Бадахшон хондани суруди миллӣ бо овози зинда оғоз карда шуд.
Дар кори Иҷлосия 43 нафар 66 фоизи вакилон иштирок намуданд.
Ҳамзамон мутобиқи моддаи 13- и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии” муовини якум, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар бораи ташкил кардани комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ҳабиб Ватаншоев сухан намуда қайд карданд, ки 1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот баргузор хоҳад шуд. Ба ин мақсад амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли соли 2019 ” Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” қарорҳои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилоят қабул гардида аз 11 то 14 декабри соли 2019 иҷлосияҳои ғайринавбатии маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо гузаронида мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 66 ҳавзаи интихоботии оид ба интихоби Маҷлиси вакилони халқи вилоят муқаррар карда шудааст. Бо пешниҳоди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо дарназардошти таклифҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар ҳудуди вилоят фаъолият доранд, комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Пешниҳодҳо аз ҷониби вакилони халқи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон якдилона дастгири карда шуданд.