ТАҒИРОТИ КАДРӢ

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баъзе аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро, ки солҳои зиёд барои халқу Ватан хизмат карданд ба нафақа гусел намуданд. Раиси вилоят аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои хизматҳои шоистаи онҳо изҳори сипос намуда бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони намуданд;

– Маҳтобшозода Арамбегим Бозор – мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ
– Азорабеков Сардорбек – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ
– Раҳматшоева Покиза Назаршоевна – сармутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдо Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон
– Рамазонов Рамазон Гулаёзович – намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар шаҳри Душанбе.

Инчунин кадрҳои бо лаёқат ба вазифаҳои зерин таъин гардиданд;

– Кучакшоев Акрамхон ба вазифаи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар шаҳри Душанбе
-Асламшоева Нилуфар ба вазифаи мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ
– Имомназар Хоҷаназар Лутфулло ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ таъин гардиданд.
Раиси вилоят аз кадрҳои нав таъиншуда даъват ба амал овард, ки содиқона ба Ватану миллати худ хизмат намоянд.

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Ба максади боз хам самаранок ба роҳмондани ҳамкориҳои хадомотҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо ташкилоту созмонхои байналмиллалӣ ҷиҳати пешгирӣ ва сари вакт бартарафнамудани ҳамагуна ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими зимистону баҳори соли 2020 таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Носирзода Умедҷон ҷаласа оид ба мутобикат ва баҳодиҳи баргузор карда шуд. Аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодҳо оид ба фаъолият дар пешгирию бартарафсозии офатҳои табии дар соли сипаригашта ва нақшаҳо ҷихати паст кардани хавфи офатҳои табии ва харҷи кам кардани зарари эътимоли дар мавсими тармафароии зимистони дар пеш истода баррасӣ карда шуданд.

Рохбарони ташкилотхои шабакаи Оқохон аз чумла Барномаи ҷонибдории рушди иҷтимоии манотиқи кӯхистон (MSDSP)-и Хазинаи Оқохон ва Хадамоти Оқохон оид ба ҳифзулсиҳат дар ВМКБ, Барномаи Озуқавории Ҷахонӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ВМКБ, Идораи Хазинаи Кӯдакони СММ ва Идораи Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ш. Хоруг ​ пешниҳод доштанд, ки метавонанд дар тоза кардани роҳҳои​ мошингард, расондани кӯмаки моддӣ ба оилахои зарардида саҳми худро расонанд.

Хамчунин таъкид гардид ки диққати махсус ба боз хам фаъол гардонидани масъулият ва ширкати ҷомеаи шаҳрванди дар чорабинихои прфлактикию пешгирикунандаи ҳодисаҳои нохуш равона карда шавад.

Қарор кабул карда шуд, ки таҳти назорати доими карор гирифтани вазъият дар ҳудуди вилоят ва сари вақт андешидани чораҳои зарури дар мавсими зимистони соли 2020 аз ҷониби роҳбарияти гуруҳи РЕАКТ – Раёсати Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда, Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) ҳар моха вохурии аъзоёни гуруҳи РЕАКТ гузаронида шавад.

Кӯдакистони рақами яки шаҳри Хоруғ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Кӯдакистони рақами яки шаҳри Хоруғ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Дар кушодашавии бино раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов иштирок намуданд. Кӯдакистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон сохта ба истифода дода шуд. Маблағи умумии сохтмон 4 млн 208 ҳазору сомонӣ ташкил медод. Кӯдакистон бо тамоми шароитҳои муосири гармидиҳии таъмин буда 100 нафар кӯдакро ба таҳсил фаро мегирад.