БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ


Муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ!

Ин лаҳзаҳое, ки зодрӯзи мубораки Шумо расидааст, барои мо низ басе фархундаю сурурбахшанд ва ҳам хеле хушҳол ҳастем, ки имкони мусоид дорем Шуморо бо ин рухдоди фараҳангез табрик бигӯем. Мо аз дастгириву пуштибонии Шумо ҳамешаву пайваста бархурдорем ва ба ин хотир, мардуми Бадахшон – як гӯшаи фирдавсгунаи Тоҷикистони маҳбуб дуогӯи Шумо буда, ба Шумо саломатӣ ва дар коратон комгориҳои бузург хоҳонем.
Бо эътимоди том гуфта метавонем, ки мардуми сарафрози Бадахшон сиёсати дурандешонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро комилан дастгирӣ намуда, дар ростои ободиву созандагиҳо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Мо бовари дорем, ки ояндаи наздик Бадахшон ба қуллаҳои баландтарини рушд хоҳад расид.
Дар симмати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа карданатон аз муҳаббату эҳтироми Шумо нисбати ин халқу Ватан, кордониву масъулияти баланди Шумо, аз иродаи матини Шумо дар роҳи амалӣ намудани сиёсати созандаиҶаноби Олӣ дарак медиҳад. Мо хуб медонем, ки Шумо ҳар лаҳзаи вақти ноёбро барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз масраф карда истодаед.
Дар ин мавриди муносиб Шуморо аз номи мардуми Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо зодрӯз ва соли нави мелодӣ сидқан табрик мегӯем, дуогӯем, ки ҳамеша саратон сабз бошаду рӯзгори пурфайзу баракат насибатон гардад!


Бо арзи эҳтироми самимӣ
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ЁДГОР ФАЙЗОВ