Ҷамъбасти фаъолият яксолаи КВД “Почтаи тоҷик”

Ҷамъбасти фаъолият
Ҷиҳати натиҷагири аз фаьолияти яксолаи КВД “Почтаи тоҷик” ва вазифаҳо барои соли ҷори, дар назди муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ҷаласаи кори доир гардид. Роҳбарияти муассисаи почта аз фаьолияти соли 2019 гузориш дода, диққати асосиро ба маъракаи обунашави ба матбуоти даври ва сифатнок иҷро гардидани он махсус қайд намуд. Мавсуф фаъолияти хуби мақомоти маҳаллии ҳокимияи давлатии ноҳияи Ванҷи ВМКБ-ро дар ин самт арзеби намуда, зикр намуд, ки ин масъала аз ҷониби идораву муассисаҳои ноҳияи мазкур 107 фоиз иҷро гардид. Ҳамчунин иҷрои дастури давлату Ҳукумати мамлакат вобаста ба ин масъала хуб ба рох монда шуда, обунашави ба рӯзномаву маҷаллахо то 100 фисад таъмин гардид.
Алишер Мирзонаботов ба масъулини соҳа чиҳати ҳар чи беҳтар намудани фаъолияти КВД “Почтаи тоҷик” ва сари вақт таъмин намудани аҳолии ноҳияҳои дурдаст бо матбуоти даври ва ба ин васила огоҳонидани мардум аз руйдодҳои олам, супоришҳои мушаххас дод.