БОИСИ ИФТИХОР АСТ

Моҳи январи соли ҷори маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол-2019» баргузор гардид.
Мураббиёни насли истиқлол ба майдони таълиму тарбияи кўдакон гом ниҳодаву аллакай ба муваффақияту комёбиҳо даст ёфтаанд, ки ин зимни баргузории даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» мушоҳида карда шуд.
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии«Мураббии соли Тоҷикистон-2019» насиби мураббии Маркази инкишофи Кўдак- и Хадамоти Оғохон оид ба Маориф дар ​ Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ангома Атомамадова гардид.
Аз намояндагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ мураббии кўдакистони №15-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Розия Нурматова ва мураббии кўдакистони №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Мураббии кўдакистони №1-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ойтилло Тағоева ҷойи дувум ва мураббии кўдакистони №1-и ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ғолибон аз тарафи кумитаи тадорукот ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба ҳамаи ғолибон роҳхат ба истироҳатгоҳҳои кишвар супурда шуд.