САҲМИ НОҲИЯҲОИ ВМКБ ДАР НИГОҲДОРИИ ШОҲРОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Ноҳияи Рўшон
Дар ноҳияи Рўшон 460,5 км роҳи автомобилгарди истифодаи умум мавҷуд аст. Аз он роҳи аҳамияти байналмилалӣ 93,5 км, аҳамияти ҷумҳуриявӣ 150 км ва дохилӣ 217 км ташкил медиҳад. Аз миқдори умумӣ 157% ё ки 292 км ба ҳудуди водии Бартанг рост меояд.
Ба тавозуни МДНРА-и Рушон 168,5 км мавҷуд буда аз онҳо роҳи байналмиллаи 93,5км , роҳи ҷумҳурияви 32 км ва роҳи маҳалли 43 км дар тавозуни МДНРА-и мин.Бартанги н. Рушон 292 км мавҷуд буда аз онҳо 118 км роҳи ҷумҳурияви ва 174 км роҳи маҳаллиро ташкил медиҳад.
Роҳҳои автомобилии маҳаллии истифодаи умум 211,5 км –ро ташкил дода, ба он роҳҳои маҳаллии Пастхуф-Хуф 8 км, Пастбаҷув-Баҷув 12 км, Хиљез-Равмед 23 км, Бидурд -Бардара 9 км, Нисур-Барҷадев 14 км ва Савноб-Мускул 151 км дохил мешаванд.
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия оиди омодагии воситаҳои техникӣ ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди ноҳия тадбирҳоро андешида истодааст.
Дар МДНРА-и ноҳияи Рушон дар соли 2019 5,7 км роҳ бо усули шағалпушкуни, 2 адад купрук ба масофаи 16 мери тулони ва 1 адад қубур ба масофаи 6 метри тулони аз таъмир бароварда шудаанд. МДНРА-и минтақаи Бартанг 4,1 км таъмири миёнаи роҳҳоро бо усули шағалпушки ва ваъсекуни ба иҷро расонид . Дар ќисмати роҳи байналмилалӣ бо истифодаи 24,6 тонна мум ва тайёр намудани 501 тонна маҳлул аз он, ба миқдори 2247 м2 чуқуриҳои роҳ ва 442 м2 таъмири яклухти роҳ аз 504 , 507, 509, 512-518 км аз таъмир бароварда шуд.. .
Таъмирталаб будани қисмати 93,5 км роҳи байналмилалӣ дар мавзеи Шипад-Пастбаҷув ва роҳи водии Бартанг яке аз мушкилиҳои асосии соҳа ҳисоб мешавад.
Аз 37 адад механизм ва таҳҷизоти роҳсозӣ 32 адади онҳо дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошта дар қисматҳои хавфгузари роҳҳо ҷобаҷо карда шуда, 5 адад механизмҳои роҳсозӣ корношоям мебошанд.
Дар асоси Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рушон барои солҳои 2016-2020 сохтмони роҳи автомобилгарди Рамадон – Равшарви деҳаи Деҳи Ҷамоати деҳоти М.Абдулвасиев ба масофаи 6 км аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ аввали сохтмон ба маблағи 789,4 ҳазор сомонӣва дар соли 2019 489,5 ҳазор сомонб ба ин мақсад аз худ карда шуда, азнавсозии роҳи автомобилгарди маркази ноҳияи Рушон ба масофаи 5,5 км ба маблағи 5 млн 975 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Инчунин, дар таъмири роҳи самти водии Бартанг 384 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуда, таъмири асосии роҳ дар 118-121 км мавзеъи Хатфат ба маблағи 63,9 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуд.

САҲМИ НОҲИЯҲОИ ВМКБ ДАР НИГОҲДОРИИ ШОҲРОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Ноҳияи Ванҷ
Муассисиаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ 254,1 км таъмин ва нигоҳдорӣ намуда, аз он ҷумла 40 км роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ, 61,3 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 152,8 км роҳи дорои аҳамияти маҳалӣ мебошад.
Дар соли 2019 тахту ҳамворкунии роҳ истифода аз автогрейдер дар масофаи 120 км , таъмири миёнаи роҳ бо усули асфалтпушкуни ба масофаи 0,15 км ва бо усули шағалпушкуни ба масофаи 3,1 км , таъмири 5 адад купрук ба масофаи 131 метри тулони, 21 адад қубур ба масофаи 94 метри тулони аз таъмир бароварда шудаанд.
Дар соли 2019 сохтмони купруки харобгашта дар 7 км–и мавзеъи Мотравни ҷамоати Язгулом бо маблағи 222,0 ҳазор сомонӣ оғоз гардида соли 2020 ба анҷом расонида мешавад.
Инчунин, барои сохтмони пулҳои мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Язгулом аз болои дарёи Язгулом ва болои дарёчаи Андарбак бо маблағи харҷномавии 8500,0 ҳазор сомонӣ, дар ҷамоати деҳоти Техарв болои дарёчаи Сед бо маблағи харҷномавии 8500,0 ҳазор сомонӣ, болои дарёчаи Техарв бо маблаӣ харҷномавии 7500,0 ҳазор сомонӣ, болои дарёи Ванҷоб бо маблағи харҷномавии 9000,0 ҳазор сомонӣ, болои дарёчаи Чихох бо маблағи харҷномавии 2300,0 ҳазор сомонӣ аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфросохтори муҳим ҷиҳати устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ таҷҳизоти коркарди қуму шағал васл гардида истода, сохтмони купрукҳо дар моҳи марти соли равон ба нақша гирифта шудааст.