Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори иди касбии кормандони раёсати минтақавии гумрук дар ВМКБ
Мўҳтарам кормандони мақомоти минтақавии гумрук!
Собиқадорони гиромиқадри соҳа!
Мақомоти гумрук яке аз сохторҳои калидии давлат маҳсуб гардида, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъмини сифатноки воридоти молу таҷҳизот, ғанӣ гардонидани буҷети мамлакат, пешгирӣ аз молу маводи сифаташ паст нақши муҳим мебозад. Имсол ба таъсис ва фаъолияти ин ниҳод 28 – сол пур мешавад ва ин санаи муборак буда, як давраи кору пайкори ин сохторро ҷамъбаст менамояд.
Ин марҳала собит намуд, ки сохтори гумрук аз рўзи таъсис ёфтанаш чун яке аз сохторҳои муҳимтарини давлатдорӣ шинохта шуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ амал намуда, дар ин росто ба бисёр комёбиҳо даст ёфтааст.
Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти мо дар радифи дигар сохторҳои давлатӣ дар доираи ваколату салоҳияташон корҳои зиёде ба анҷом расонида, дар самти афзун намудани буҷети давлат, ҷилавгирӣ аз амволи бесифат ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, пешгирии қонуншиканиҳо, ҳифзи амнияти иқтисодии кишвар, густариши равобити иқтисодиву иҷтимоӣ бо мамолики бурунмарзӣ, таҷдиду такмили муносибатҳои бозоргонӣ, ҳифзи манфиати истеъмолкунандагон дастовардҳои арзанда дорад.
Талошҳои ҳамешагии Шумо – кормандони гумрук баҳри таъмини волоияти қонун дар қатори дигар сохторҳо, адои вазифаҳои хизматӣ дар доираи салоҳияту ваколат ва қонуният мўҷиби таҳсину офарин аст.
Тамоми кормандону собиқадорони раёсати минтақавии гумруки вилоятро бо даррасидани иди касбӣ бо камоли эҳтиром табрик мегўям, ба Шумо тани сиҳату табъи болида, зиндагии осудаю рўзгори хуш таманно менамоям!