ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ

Ғамхорӣ ва дастгирӣ намудани қишриҳои осебпазири ҷомеа , бахусус шахсони дорои имконоти маҳдуд вазифаи муқаддаси ҳар инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад.
Ин қишри ҷомеа доимо дар зери назари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳамаи вохӯриҳо ва паёмҳояшон аҳли ҷомеаро ба кӯмаки онҳо даъват намуда, баҳри беҳбудии зиндагии ниёзмандон пайваста чорабиниҳои мушаххасро рӯи кор меоранд. 50 фоиз зиёд намудани нафақаи маъюбон, ташкили кӯмакҳои гуногуни иҷтимоӣ ва унвонӣ, таъсиси муассисаҳои гуногун барои парвариш ва тавонбахшии саломатии маъюбон аз зумраи кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Имрӯз дар қаламрави вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 762 нафар маъюбони гуруҳи як ва 3317 нафар маъюбони гуруҳи дуюм истиқомат доранд, ки аксарияти онҳо аз хизматрасонии сохторҳои давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ идораву ташкилотҳои дахлдор ва ашхоси баномус бархурдор мебошанд. Новобаста ба ин ниёзи ин ашхоси ба кӯмак мӯҳтоҷ ҳанӯз хеле зиёд аст ва мутаассифона на ҳамаи онҳо аз чунин кӯмакҳо бархурдор ҳастанд. Боиси нигаронист, ки нобаробарӣ дар дастрасӣ ба кӯмакҳо, аз мадди назар дур мондани қисмати онҳо, бепарвоӣ нисбати ҳаёти баъзе аз маъюбон мушкилоти ҷиддӣ ва чун доғи рӯзгор ҳанӯз боқӣ мондааст. Инфрасохтори номувофиқ, камчинии аробачаҳои маъюбӣ, асобағал ва дигар лавозимот имконият намедиҳанд, ки одамони маъюб дар кӯчаҳо ва манзили зисташон бе мамониат ҳаракат кунанд. Баҳри бартараф намудани чунин камбудиҳо имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сохтмончиёнро вазифадор намудааст, ки ҳангоми сохтмони биноҳои истиқоматӣ, идораҳои давлатӣ, нуҳтаҳои хизматрасонӣ, боғу гулгаштҳо ва ғайраҳо ниёзи махсуси ин табақаи аҳолиро ба инобат гиранд.
Баҳри ҳалли баъзе мушкилотҳои ин табақаи ниёзманд дирӯз дар Маркази Исмоилияи шаҳри Хоруғ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарияти Шӯрои минтақавии Имомати Исмоилия маъракаи тақдими аробачаҳои маъюбӣ ба табақаҳои ниёзмандон баргузор гардид. Дар умум 149 нафар ниёзманд соҳиби чунин аробачаҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ мегарданд. Чанде пеш бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 нафар ниёзманд низ соҳиби таҷҳизоти зарурӣ шуданд. Сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фаъолияташонро ҳамоҳанг созанд ва ягон шахси ниёзманд аз кӯмак ва ғамхорӣ дар канор намонад.
Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ имсол дар вилоят ба кушодани филиали заводи ортопедӣ ва таъсиси Маркази тавонбахшии саломатии ашхоси дорои маъюбият шурӯъ менамояд, ки ин имкон медиҳад, таъмири таҷҳизоти маъюбӣ, истеҳсоли протез ва попӯши махсус ва табобати маъюбон дар худи вилоят ба роҳ монда шавад.
Иштирокдорони чорабинии кулли бошандагони вилоятро бори дигар ба кӯмаки ниёзмандон даъват намуданд, ки ин ҳам фарз ҳасту ҳам қарзи инсонӣ.

КОНФРОНС БАХШИДА БА ИДИ САДА

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон конфаронси илмӣ – назариявӣ бахшида ба ҷашни Сада бо ҳузури раиси вилоят Ёдгор Файзов, муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Ҷонмамадов Шермамад, олимони Пажӯҳишгоҳи илмҳои иносоншиносӣ, Иниститути биологии Помир, устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ баргузор карда шуд. Олимон Ҳоҷибеков Э., Шоинбеков А,. Мирасанова Т., ва дигарон роҷеъ ба пайдоишу паҳлӯҳои мухталифи ҷашни Сада ҳарф заданд ва ҷанбаҳои ахлоқиву инсонгароии онро махсус қайд карданд. Раиси вилоят аз олимон хоҳиш намуд, ки усули равишҳои махсусиятҳои ин ҷашнро дар тарбияи наслу наврасу ҷавонон, худшиносии онҳо дарёбанд ва ва мавриди истифода қарор диҳанд. Супориш дода шуд, ки маводи конфронс дар шакли китобча алоҳида чоп карда шавад.