ҲАМКОРИҲО ИДОМА МЕЁБАНД

Баракати сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Тоҷикистон ва зҳмати шабонарузиву обрую нуфузи шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва шарикон рушд ҳар сол сатҳи навро касб карда истодааст. Яке аз чунин мамлакати дуст дӯст ва ҳамкор бо Тоҷикистон ин Ҳукумати Ҷопон мебошад. Ҳамкориҳои ин ду кишвар хусусан баъди сафари хизматии Пешвои миллат ба давлати Ҷопон ва вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Олии ин кишвар хеле густурда ва гуногунҷабҳа гардиданд. Ин аст, ки таи солҳои охир Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония садҳо барномаро рӯи кор оварданд. Фақат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зиёда аз 25 барномаи таъиноти гуногун амалӣ гардиданд. Фақат соли 2019 бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар вилоят сохтмонӣ беморхонаи деҳаи Конақурған, шуъбаи эҳё ва шуъбаи кӯдаконаи касалхонаи вилоятӣ, хати оби нӯшокии Санобод сохта мавриди истифодабари қарор дода шуданд. Хушбахтона имсол низ 4 барнома аз қабили азнавсозии боми Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ ва сохтмони бунгоҳҳои тибби дар деҳаҳои Кулумбаи болои болои ноҳияи Дарвоз, деҳаи Баҷуи ноҳияи Рӯшон ва деҳаи Питоби ноҳияи Шуғнон тавассути Фонди Оғохон руйи кор хоҳанд омад. Маблағи умумии шартнома 2,440741 сомониро ташкил медиҳад. (Сафорати Ҷопон 2,078303 сомонӣ ва Фонди Оғохон 362,438 сомонӣ)
Хотиррасон бояд намуд, ки Ҳукумати Ҷопон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси давлатӣ ва рушди инфросохтори зарурӣ тавассути Оҷонсии Ҷопон оид ба рушд (JIKA) бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамкории пурарзиш дорад.

Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ба усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон захираи конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаи пайдоиши табиии минералӣ, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавӣ ва дигар омилҳои табиӣ ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд ва дарёхое ки обашон дар таркибаш тилло доранд , хеле маъмул мебошад.
Аз ҳамин лихоз таҳи солҳои охир аҳоли ва роҳбарияти вилоят чандин маротиба ба хотири ташкил намудани ҷойҳои кори тавассути таъсиси гуруҳҳои худфаъолӣ ва худбиёрӣ ва инчунин ба роҳ мондани заршӯи дар дарёҳо ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дархостхо пешниход намуданд. Хушбахтона бо дастури бевоситаи Асосогузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо карори худ аз 27 ноябри соли 2019 таҳти рақами 600 “Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсонӣ воқеӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ба усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” ба ин фаъолият ичозат дод. Қабули чунин қарори нихоят саривакти баҳри муҳаё намудани шароити мусоид барои шуғли индувидалӣ, рушди соҳибкории хурд ва зиёд намудани даромади буҷети давлатӣ заминаи хуберо эчод кард. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” ва “Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо” таҳия гардида, фаъолияти шахсони воқеиро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба танзим даровард .
Тарзи додани иҷозат ниҳоят содда гардонида шуда, амалан он танҳо бақайдгирӣ мебошад. Он тавассути шуъбаи молияи ноҳия аз тарафи Вазорати молия дода мешавад. Дар додани иҷозат ба шахсони воқеӣ ягон шарт ва монеагӣ пешбинӣ нашуда ба хоҳишмандон тибқи пешниҳоди ариза ба мақомоти молияи маҳаллӣ бе мамоният иҷозат дода мешавад.
Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули мазкур аз ҷониби шахсони воқеи тибқи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояшон ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда, амалӣ карда мешавад.
Мавзеҳое, ки дар онҳо канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ истихроҷ карда мешаванд аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, ба мақоми ваколатдор яъне Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд .
Ба номгӯи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки истихроҷи онҳо бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ иҷозат дода мешавад, металлҳои қиматбаҳо ва ранга: тилло, нуқра, платина, қалъагӣ (қалъагисанг), волфрам, титан, минералҳои унсурҳои нодирзаминӣ, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо: гурӯҳи корунд – ёқути сурх ва ёқути кабут, хризолит, топаз, азрақ, лаъл, клиногумит, беҷодаҳо, нефрит, ақиқ, гуруҳи квартс, пошхӯрдаҳои сурма, флюорит ва канданиҳои фоиданоки дигар дохил мешаванд.
Хариду фурӯши канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаи истихроҷшуда тибқи Қоидаҳое, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006 №215 “Дар бораи Қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга” тасдиқ шудаанд, ба роҳ монда мешаванд. Дар вилоят айни ҳол се нуқтаи хариди металҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб ва Рушон ташкил шудаанд.
Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозат шахсони воқеӣ бо пешниҳоди ариза ва нусхаи шиноснома ба мақомоти молия дар маҳал муроҷиат менамоянд. Дар навбати худ мақомоти молия дар маҳал нусхаи ҳуҷҷатҳоро бо муросилоти почтаи электронӣ ба Комиссияи вазорат оид ба баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ирсол менамояд. Ба истиснои ҳуҷҷати болозикр талаб намудани дигар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ манъ мебошад.
Пас аз қабули қарор дар бораи иҷозатнома аз ҷониби Комиссия, ҳуҷҷати иҷозат тавассути мақомоти молия дар маҳал ба шахсони воқеӣ (довталаб) расонида мешавад. Раванди пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозат дар Тартиби баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ муфассал дарҷ ёфта, муҳлати баррасии ариза 10 рўзи кориро дар бар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои баррасии ариза як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”) ва дар сурати қабул гардидани қарор дар хусуси додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои бланк) ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. Талаб намудани дигар пардохтҳо аз довталабон манъ мебошад.
Дар навбати худ дорандагони иҷозат уҳдадор мебошанд, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷшударо ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия фурўшанд.
Ҳамзамон, қайд карда мешавад, ки роҳбарони мақомоти молия дар маҳал барои риоя кардани талаботи тартиби баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ масъулияти шахси доранд.
Айни ҳол дар ВМКБ барои гирифтани иҷозат 116 нафар ба мақомоти ваколатдор дархост пешниҳод намуда, аз он аллакай 50 нафар иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ гирифтаанд. Боқимонда дархостҳо тибқи коидахои мавчуда дар арафи барраси мебошанд.
Пушида нест ки то кабули ин карор чандин чавонон бо роҳи ғайриконуни — қочоқ ба ин кор машғул шуданд ва мутааасифона дастгир шуда маҳбаси гаштанд. Қабули қарори мазкур имкон медихад, ки ин шуғл акнун қонуни гашта ҳазорон нафар метавонанд соҳиби ҷоӣи кори гарданд.

ҲАЗОР ТОННА КӮМАКИ ИЛОВАГӢ АНГИШТСАНГ БА МАКТАБҲО ВА МУАССИСАҲОИ ТИББИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ба хотири омодагии беҳтари муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба давраи тирамоҳу зимистон солҳои 2020 – 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки иловатан аз буҷаи ҷудонамудаи давлат боз ҳазор тонна ангиштсанг ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дастрас карда шавад. Айни ҳол дастрас намудани ангиштсанги ҷудогардида оғоз ёфта дар навбати аввал ба муассисаҳои замонавӣ, ки бо буғхонаҳо гарм карда мешаванд ва хароҷоти зиёд доранд таъмин мегарданд. Таъмини муассисаҳо аз ҷумла мактабҳои рақами 4, 21 ноҳияи Ванҷ, рақами 7 ва 9 ноҳияи Рӯшон, бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа алакай 180 тонна ангиштсанг кӯмак расонида шуд. Тибқи нақша сузишвории иловагии ҷудонамуда аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ пурра ба вилоят дастрас карда мешавад.
Ин дастгирии саривақтӣ имкон медиҳад, ки гарми дар ин муассисаҳо таъмин гардад, кӯдакон ва маризон чанд ҳафтаи хунукии моҳи мартро паси сар кунанд ва маблағи сарфакардашудаи буҷа метавон барои пардохти барқ, об, партов ва хариди ҳезум истифода бурда шаванд.
Толибилмон, муаллимон ва кормандони муассисаҳои тибби аз ин дастгирии Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми сарвари давлат ба маорифчиён ва табибон ироа карда шуданд бо дили гарм ва ғайрати дучанд саҳмгузори менамоянд.

МАШВАРАТИ ВАСЕИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Дар машварати васеи назди Раиси вилоят рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти мактаб-интернатҳо дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълими нави мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зайнаб Мамадназарова, сардори филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилят оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ахборот манзур намуда, гуфт, ки соли 2019 аз тарафи филиалҳои бонк ба 2800 нафар мизоҷон бештар аз 22 млн. сомонӣ қарзҳои хурд бо асъори миллӣ пешниҳод гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн. 286 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меъёри фоизи қарзҳои ба ин самтҳо нигаронидашуда аз 20 фоиз ба 18 дарсади солона кам карда шуд.
Бақияи сандуқи қарзӣ ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ 15 млн. 813 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати соли соли гузашта 4 млн. 919 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар ин давра ба филиалҳои бонк тавассути низомҳои интиқоли маблағҳо 2 млн. 307 ҳазор доллари ИМА, 107 млн. 146 рубли русӣ 31,6 ҳазор евро ворид шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 394 ҳазор доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Cатҳи баланди пардохтпазирӣ ва кафолати давлатии пасандозҳои “Амонатбонк” имкон дод, ки шумораи пасандозгузорон ба 9 652 нафар расонида шавад. Бақияи амонату пасандози шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба санаи 1 январи соли 2020 93 млн. 388 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он 79 млн. 846 ҳазор сомонӣ бақияи пасандозҳои аҳолиро ташкил медиҳанд. Бақияи пасандозҳои муҳлатнок бошад, 48 млн. 789 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 2018 5 млн. 435 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Филиалҳои “Амонатбонк” дар вилоят ҳамарӯза тавассути 13 бонкомат ва 83 постерминал ба мизоҷон хизмат расонида истодаанд. Барои таъмини бонкоматҳо ва постерминалҳо бо пули нақд дар 12 моҳи соли 2019 380 млн. 224 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят зимни баррасии масъала қайд кард, ки таваҷҷуҳи мардум имрӯз ба Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ниҳоят зиёд аст. Зеро ин бонк дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини ҳаёти осуда, кафолати амният ва хотирҷамъии мардум нақши калидӣ дорад. Бо изҳори ташвиш аз тасарруфи маблағҳои бонкӣ дар солҳои пеш раиси вилоят гуфт, ки чунин омилҳо боиси коҳиши боварии мардум нисбати бонк гардида, ба фаъолияти пурсамари низоми бонкӣ монеа эҷод мекунанд. Баъзан шаҳрвандон ба қабули раиси вилоят омада, шикоят мекунанд, ки дар бонк пасандоз кушоданд, вале бо гузашти айём маълум мегардад, ки маблағ дар суратҳисобашон надоранд. Аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муайян гардид, ки дар баъзе ҳолатҳо кормандони бонку андоз ба тариқи сохтакорӣ бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ наздики миллион сомонӣ маблағи пасандоз ё кредитиро аз они худ кардаанд.
Дар посух ба саволи раиси вилоят вобаста ба бозгардонии малағҳои ғасбгардида Зайнаб Мамадназарзода зикр кард, ки дар соли 2019 зиёда аз 117 ҳазор доллар ва 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба мизоҷони бонк баргардонида шуд. Тасарруфи маблағе, ки дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ошкор гардид, барқарор шуд. Аммо,-гуфт роҳбари бонк,-шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоб маблағи бонкро тасарруф карданд, имрӯз дар Ҷумҳурии Қирғизистон фирорӣ ҳастанд ва мушкилоти бақияи маблағҳои қарзӣ дар ноҳияҳои болозикргардида ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Дар ноҳияи Роштқалъа як нафар корманд дар маҳбас ва шарикаш дар Федератсия Руссия қарор доранд.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фаъолияти бонкомат ва постерминалҳо, ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷӣ, истифодаи кортҳои бонкӣ дар мағозаҳо, ки дар таъмини кафолати бехатарии маблағи мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, афзун намудани мизоҷони бонк ва зиёд намудани сандуқи қарзӣ мусоидат мекунад, ба масъулини бонк сопоришҳои мушаххас ироа кард.
Дар робита ба масъалаи рафти иҷрои қарори раиси вилоят оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», ки аз рӯи он сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров гузориш дод, раиси вилоят Ёдгор Файзов фаъолияти сохторҳои марбутаи соҳаи тандурустии вилоятро дар самти пешгирӣ кардани касалиҳо, аз ҷумла нашъамандӣ, ВНМО, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар байни ҷомеа, нигаҳдошти саломатии занони ҳомиладор нокифоя арзёбӣ намуда, аҳамият надодан ба одитарин қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, истеъмоли нодурустӣ ғизо, камҳаракатӣ, машғул нагардидан ба варзишро аз омилҳои гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳо маънидод кард. Вобаста ба пурсиши раиси вилоят дар мавриди “коронавирус” Фарид Музаффаров гуфт, ки аз 29 нафаре, ки дар карантин қарор доштанд, танҳо як нафар ҳоло дар беморхонаи вилоятӣ қарор дорад ва хушбахтона, то ҳоло нишонаҳои ин беморӣ дар вилоят ба қайд гирифта нашудааст.
Одинашо Мардов, сардори Раёсати маорифи вилоят оид ба Рафти иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти мактаб-интернатҳо дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълими нави мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намуда, қайд кард, ки дар вилоят 13 мактаб-интернат мавҷуданд, ки аз инҳо 12 мактаб-интернати назди мактабӣ ва як интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон мебошанд.
Дар алоқамандӣ ба масъала Раиси вилоят иброз дошт, ки фаъолияти мактаб-интернатҳо дар вилоят мунназам набуда, дар аксарияти онҳо шумораи хонандагон бамаротиб кам аст. Тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд танҳо ятимони кулл ва яктарафа ба мактаб-интернатҳо фаро хонда шаванд. Дар ҳоле ки дар вилоят шумораи ятимони кулл ва яктарафа кам аст, фарогирӣ ба мактаб-интернатҳо аз дигар қишрҳои ҷомеа, бахусус аз оилаҳои камбизоат ва қишлоқҳое, ки мактаб надоранд ё аз муассисаҳои таълимӣ дуранд, ба манфитаи кор хоҳад буд. Раиси вилоят аз фаъолияти мактаб-интернатҳо дар ноҳияи Мурғоб мисол оварда, афзуд, ки имрӯз маблағҳои зиёд барои нигаҳдории онҳо ихтисос дода мешавад, вале фаъолияти онҳо дар доираи маблағҳои ҷудогардида чандон назаррас нест. Дар мавриди мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон қайд гардид, ки агарчӣ ин муассиса барои 640 нафар пешбинӣ гардида бошад, имрӯз дар ин ҷо танҳо 247 нафар таҳсил доранду халос.
Ёдгор Файзов аз маъсулини Раёсати маорифи вилоят тақозо кард, ки масъалаи мазкурро ҳамтарафа таҳлил намуда, ҷиҳати фарогирии қишрҳои мухталифи ҷомеа ба мактаб-интернатҳо ва ҷоннок кардани фаъолияти онҳо пешниҳод манзур намоянд.
Дар машварат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, муаррифии барномаҳои номзадҳо ба вакилӣ пеш аз интихобот дар ВАО, ташкили суҳбату вохӯриҳои ҳаррӯзаи номзадҳо ба вакилони ҳалқ бо сокинони вилоят, иштироки дастҷамъонаи мардум дар интихобот баррасӣ шуданд.

ТАБРИКНОМАИ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори 27 – умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам афсарону сарбозон!

Боиси хушнудию фараҳмандии мост, ки имрӯз дар Ватани азизамон – Тоҷикистон дар муҳити сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва фазои созандагию ободониҳо ҷашни бошукуҳ – Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин ҷашни муборак дар миёни тамоми ҷашнҳо ва кулли чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ аз аҳамияти хоса бархурдор аст, чунки Қувваҳои Мусаллаҳ кафолатбахши осудагиву амнияти кишвар ва мардуми он мебошанд. Фазои бунёдкорона ва зиндагии осудаҳолонаи мардум ба ҳастиву фаъолияти ин сохтори қудратӣ – яъне Қувваҳои Мусаллаҳ рабти бевосита дорад, бе чунин сохтор шояд, ҳеҷ давлате наметавонад мавҷудияту истиқлолияти худро нигоҳ дорад. Имрӯз мо мутмаин ҳастем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияту оромии мамлакатро таъмин карда метавонанд ва қодиранд, ки аз ҳама гуна таҳдид ва хавфу хатар ба истиқлолияти кишвар, сулҳу субот, осудаҳолии халқ ҷилавгирӣ намоянд.
Аввали солҳои 90 – уми асри гузашта, вақте ки кишварамон ба истиқлолияти давлатию миллӣ соҳиб шуд, нахустин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буд, зеро вазифаи истиқлолиятро ҳифз намудан маҳз бар дӯши ин сохтори қудратист. Дар он рӯзҳои сангин барои миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корро аз сифир оғоз кард, чунки он шабу руз на маблағе дар буҷа вуҷуд дошт, на мутахассиси соҳа ва на ягон базаи модди аз давлати Шӯравӣ мерос монд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ меъмори таъсис ва ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Бо гузашти 27 сол ва ғамхории бевоситаи роҳбарияти Олии мамлакат ва иродаи матини ҷавонони Ватан заминаи моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳ хеле таҳким ёфта, омодагии ҷисмонию касбии афсарону сарбозони мо ба маротиб афзуд. Ҳамаи ҷузу томҳои зарури таъсис дода шуданд. Дар нооромиҳо ва даргириҳо маҳорату малакаи ҷангии неруҳои ҳарбии мо сайқал ёфта, ҳоло артиши миллии мо қодир аст, ки дилпурона марзу буми мамлакатро ҳимоя намуда, ниятҳои барқасдонаи ҳар як душмани миллатро барбод диҳад.
Хизмат ба Ватан, адо кардани қарзи фарзандии худ барои ҳар як ҷавону наврас муҳимтарин ва муқаддастарин вазифаи маънавӣ маҳсуб мегардад. Ҷавонони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз он ифтихор доранд, ки таҳти солҳои охир вилоят аввалин шуда дар рӯзҳои камшумортарини рекорди аз иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад. Хизмат дар сафи нерӯҳои ҳарбии кишвар худ як мактаби мардонагию шуҷоат, ватандорию худшиносӣ ва фидокорӣ буда, дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим мебозад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки дар ин кор наврасону ҷавонон нақши пешсафӣ дошта, пешгоми ҳамагон мебошанд.
Имрӯз, тавре мебинем, барои хизмат дар сафи артиши миллӣ тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуданд ва ҳамчунин барои омӯзишу такмили маҳорати касбии ҳарбиён Донишкадаи ҳарбии назди Вазорати мудофиа, мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Омӯзишгоҳи олии ҳарбии қушунҳои сарҳадӣ фаъолият менамоянд. Дар заминаи созишномаю қарордодҳои имзошуда ҳарбиёни мамлакат касбият ва малакаи худро дар давлатҳои пасошуравӣ ва дигар кишварҳои хориҷа такмил медиҳанд. Имрӯзҳо бисёр хизматчиёни ҳарбӣ дар Русия, Ҳиндустон, Хитой, Олмон, Британияи Кабир, Амрико ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, ки ин ба сатҳи баланди касбӣ расидани иқтидори қисмҳои ҳарбӣ мусоидат мекунад. Ба ин мақсад Пешвои миллат дар Паёми ироа гардида ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ин маънӣ ишора кардаанд: “ Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд. Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд”.
Ҳамаи афсарону сарбозони диловари Ватанро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтироми тамом табрику муборакбод менамоям, барояшон сиҳатӣ, хотири хуш, дар пешбурди вазифаи муқаддас – ҳимояи Ватан ва таъмини амният пирӯзиву комгориҳо хоҳонам!

Шараф ба хизматчиёни ҳарбии баномусу ғаюри Ватан!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД.

Таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешравии мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадаф хеле ҳам назаррас буда, оғоз аз сохтмони нерӯгоҳи барқии кӯчак то иншоотҳои асрсохтмони НОБ – и Роғунро дар бар мегирад. Натиҷаи саъю кӯшиши Пешвои миллат, заҳмати фидокоронаи мардуми Тоҷикистон ва ташкили ҳамкории натиҷабахш бо шарикони рушд аст, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз бебарқиро ба гӯшаи фаромушхоитири таърих гузошта истодааст. Ба хотири 24 соат таъмин намудани аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ҳамаи фасли сол бо қувваи барқ дар ВМКБ низ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Вале то ҳол аз сабаби камии об ва талаботи зиёд ба қувваи барқ аҳолии деҳот дар вилоят ҳанӯз аз норасаоии барқ дар фасли зимистон азоб мекашад. Ба замми ин 4 фоиз аҳолии вилоят ё ин ки 12 ҳазор одам тамоман аз истифодаи қувваи барқ маҳрум мебошанд. Аз мушкилоти мавҷуда роҳборияти Олии мамлакат, вилоят ва ширкати “Помир энерҷи” дар канор наистодаанд ва пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин мушкилот ҳар чи зудтар ҳалли худро ёбад. Дар вохӯрие, ки 18 феврали 2020 бо роҳбарияти вилоят ва шарикони рушд баргузор карданд, намояндаи ширкати “Помир Энерҷӣ” бо муаррифӣ намудани нақшаи ширкат ҳамаро мутмаин сохт, ки ин мушкилот дар солҳои наздик бартараф хоҳад шуд. Дар ду – се соли оянда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар вилоят корҳои зерин ба анҷом хоҳанд расонд:
1. Сохтмони НОБ – и Себзор бо иқтидори 11 мвт, маблағи зиёда аз 43 млн долар, мӯҳлати иҷро солҳои 2020 – 2022
2. Сохтмони нерӯгоҳи офтобии 200 квт дар маркази ноҳияи Мурғоб бо маблағи 655 000 долар, мӯҳлати ба итмом расонидан моҳи июни соли 2020
3. Сохтмони 18 неругоҳи офтобӣ ва 6 гибриди (офтобӣ ва боди) 61 деҳаи ноҳияи Мурғоб ва водии Бартанг баҳри таъмини 100 фоиз аҳоли бо қувваи барқ бо арзиши лоиҳавӣ 5 млн долар муҳлати иҷро солҳои 2020 – 2022
4. Ба итмом расонидани сохтмони НОБ – и Хатфат (450 кв) дар деҳаи Рошорв баҳри таъмини аҳолии 5 деҳа бо маблағи 2,1 млн долар, муҳлати иҷро 2021
5. Сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ 110 кв: Хоруғ – Қозидеҳ, Поршинев – Буни, Буни – Вомар, Дашти Язгулом – Сурхсангови ноҳияи Ванҷ ва бо ҳамин пайваст намудани шабакаҳои барқии вилоят бо шабакаи ягонаи ҷумҳурӣ
6. Сохтмони зеристгоҳи барқӣ 35\110 кв дар мавзеҳои Помир 1 (нимаи аввали соли 2020), мавзеи Себзор ва шаҳри Хоруғ
7. Таъмин намудани 42 000 аҳолии Вилояти Бадахшони Афғонистон бо нерӯи барқ тавассути сохтмони хатҳои барқии байнимарзӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Дарвоз.
Дар умум дар мудати солҳои фаъолият ширкат бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд ширкат тавонист 111 млн доллар барои амалӣ намудани 33 барнома ҷалб намояд ва ин имкон дод, ки тавоноии қувваи барқи вилоят аз 23,7 МВт, дар соли 2003 ба 44,1 МВт дар соли 2019 ва ба 55 МВт ва дар ду ё се соли оянда расонида шавад.
Раиси вилоят ин пешравиҳоро назаррас арзёбӣ намуда, вале қайд кард, ки бо рушди саноат ва инфросохтор дар солҳои наздик 55 МВт барои вилоят боз нокифоя хоҳад хоҳад шуд ва заруриати сохтмони НОБ и бузургтар ба мисли Санобод тақозои вақт аст

Тақвияти ҳамкориҳо

Рўзи 14.02. дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон амоиши кории раиси вилоят, роҳбарони маҳомоти дахлдори давлатӣ бо намояндагони шабакаҳои Оқохон оид ба рушд баргузор гардид. Раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳозиринро хайра мақдам гуфта, дар бораи таҳкими сулҳу субот, ҷалби ҷавонон ба кору варзиш, бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ ҳарф зад. Аз ҷумла, раиси вилоят таъкид фармуданд, ки бунёди иншооти варзишӣ барои муфид ва самаранок истифода бурдани вақти холӣ аз ҷониби ҷавонон имкону заминаи бисёр хубе фароҳам меорад. Рўнамоии лоиҳаҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, ки кормандони шабакаҳои Оқохон доир намуданд, ҷолиб ва хотирмон сурат гирифт. Дар ҷамъбасти ҳамоиши корӣ раиси вилоят ҷиҳати судманд ва сари вақт пиёда кардани лоиҳаҳо тавсияҳои муфид ва мушаххас манзур карданд, ки шарикони рушд бо хушнудӣ пазируфтанд.

“ДАСТОРХОНРОЙ”: МУРҒОБ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ

Дар тарабхонаи «Бадахшон» даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Дасторхонороӣ» ҷамъбаст гардид.
Озмун дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019-2021-«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардида, даври аввали он дар шаҳру навоҳии вилоят гузаронида шуд.
Ҳадафи баргузории он пеш аз ҳама арҷгузорӣ ба расму русуми аҷдодӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ, додани авлавият ба маҳсулоти ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ манфиатбахш, тарзи дурусти ороиши дастархон ва риояи сарфаю сариштакорӣ дар баргузории маросиму маърака арзёбӣ мегардад.
Дар озмуни вилоятии «Дасторхонороӣ» бонувони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб ширкат варзиданд.
Ҳар як кадбону вобаста ба завқу истеъдоди худ ва бо тайёрии пухта ба озмун ҳозир шуда, кӯшиш мекард, ки бо муаррифии беҳтарин хӯриш ва таомҳои миллӣ мақоми вижаро соҳиб гардад.
Таомҳои миллӣ, аз қабили қурутоб, шакароб, навъҳои мухталифи атола, оши бурида, оши боқило, нонҳои ҳархелаи танӯрӣ, чапотӣ, кулча, бурусоқ, ғӯзқамоч, самбӯса, шириниҳои гуногун, намудҳои меваи хушк, шарбату афшураҳои меваю сабзавот аз файзу баракат ва арзонии ҳар хонадон дарак медод.
Муаррифии таомҳои пешниҳодшуда, таркиб ва тарзи тайёр кардани онҳо, хусусияти хос ва ҷойгоҳи таоми миллӣ дар рӯзгори мардум, пешниҳоди намудҳои мухталиф, тарзи суханварӣ ва либоспӯшии кадбону аз шартҳои асосии озмун маҳсуб меёфтанд.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва ҳайати ҳакамон аз намоиши таомҳои миллӣ, маҳсули кадбонувон дидан намуда, ба маҳорат ва истеъдоди ҳар яки онҳо баҳои баланд доданд.
Ҷараёни баҳогузорӣ ба ҳар кадом дастархони орододашуда ҷиддӣ сурат гирифта, камтарин ҷузъиёти ороиши дастархон мавриди муҳокимаи ҳайати доварон қарор гирифт.
Назира Амирбекзода дар ҷамъбасти озмун аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон ёдовар шуда, афзуд, ки фазои мусоиди даврони соҳибистиқлолии кишвар имкон фароҳам овардааст, ки занон дар дилхоҳ самти ҳаёт мавқеи муайян дошта бошанд. Ба иштирокдорони озмун барои заҳмат кашидан дар баргузории он изҳори сипос намуда, ҷиҳати нишон додани маҳорати баланди кадбонугӣ ва дасторхонороӣ ба ҳар кадомашон таҳсину офарин хонд.
Дастархони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб, ки бо таомҳои ду халқи дӯсту бародар-тоҷику қирғиз оро дода шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардид. Ноҳияи Шуғнон дар зинаи дуюм қарор гирифта, ноҳияи Роштқалъа ҷойи сеюмро касб кард.
Ғолибон дар фазои мутантан аз ҷониби муовини раиси вилоят бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд. Барои иштироки фаъол кадбонувони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон Ишкошим ва шаҳри Хоруғ низ бо мукофот сарфароз гардиданд.
Ғолибони ҷойҳои якуму дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Дасторхонороӣ”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат меварзанд.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН МУҲТАРАМ ЁДГОР ФАЙЗОВ

Дар нишасти матбуотӣ муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, баъзе роҳбарони идораҳои вилоятӣ, намояндагони нашрияҳо ва телевизионҳои марказӣ дар вилоят, рӯзноманигорони Телевизиони Бадахшон, “рӯзномаи Бадахшон”, рузонаманигорони мустақил ва дигар намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов оиди ҳамаи соҳаҳои вилоят дар назди хабарнигорон ҳисобот дода қайд кардаанд:

Иҷрои буҷет
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо дар назар дошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,1 фоиз иҷро гардид. Даромадҳои худӣ дар ин давра 6,1% – ро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин давоми соли 2019 сифатнокии қисми даромади буҷети вилоят аз ҳисоби 1 намуди андоз, андоз аз арзиши иловашуда танҳо ба андозаи 86,3 фоиз таъмин гардид. Сабаби асосии иҷро нашудани ин намуди андоз ин нисбати соли сипаришуда кам гардидани ҳаҷми кори аксарияти корхонаҳои сохтмонї ва зиёд намудани наќшаи ин намуди андоз мебошад.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят ба маблағи 186 млн 127 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст.
Қисми хароҷоти буҷети вилоят 97,6 фоиз иҷро гардидааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2020 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иљтимої) 2 353,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол ба маблаѓи 159,8 њазор сомонї кам гардидааст.
Дар давраи моҳҳои январ-декабри соли 2019 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 65 миллиону 910,1 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 14,8 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

Соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Соли 2019 аз тарафи нозироти андоз 2181 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 1071 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, 18 шахси ҳуқуқӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд.
Ба ҳолати имрўза 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 12 млн 900 њазор доллари америкоӣ амалӣ шудаанд.
Аз 109 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020, ки 4080,8 млн сомониро дар бар мегирад, ба ҳолати 1 январи соли 2020 28 лоиҳа ба маблағи 875,8 млн сомонӣ ба иҷро расонида шудааст, ки танхо 26 % -ро ташкил медихад. Зарур ба таъкид аст, ки сабаби дар сатхи паст иҷро шудани Барномаи мазкур мисли солхои пеш, ин номуайян мондани манбаъҳои маблағгузори ва аз тарафи масъулони иҷро дарёфт нашудани маблағхо ва хамчунон мушаххас нашудани муҳлати иҷрои бандҳои ин Барнома мебошад.
Ҷалби сармояҳои ватанию хориҷї дар ин давра барои қарз ва грантҳо бо кафолати давлатӣ ҷалбшуда 181 млн 063,6 ҳазор сомонӣ ва сармояҳое, ки дар бахши хусусӣ ворид шудаанд, 35,4 млн сомониро ташкил медиҳанд.

Соҳаи саноат ва энергетика
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2018 24,7 миллион сомонӣ ё 111,6 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷ 149,6 фоиз, саноати коркард 76,0 фоиз, истеҳсоли неруи барқ 109,8 фоиз зиёд гардид.
Аз 45 корхонаи саноатӣ ба ҳолати имрўза 7 корхона фаъолият накарда, 9 коргоҳҳо бо 25 ҷои кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Дар соли 2019 дар вилоят 192 млн 879 ҳазор кВт соат қувваи барќ ворид гардида, талафоти неруи барќ 21 млн 092 ҳазор кВт соатро ташкил дод. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 190 млн 918,9 ҳазор кВт соат барқи босифат, ба маблағи 62 млн 027,8 ҳазор сомонӣ интиқол ёфта, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 102,2 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 141 фоизро ташкил дод.
Соҳаи нақлиёт ва алоқа
Масофаи умумии роҳҳои вилоят 2728,4 километрро ташкил медиҳад, ки 1276,3 километри онро роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ, 383,5 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1068,6 километр аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят маблағи 3543,5 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ шуда, барои корҳои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо истифода гардидааст. Барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 799,2 хазор сомонӣ масраф гардид.
Дар 6 иншоот ба маблағи 535,8 ҳазор сомони корҳои таъмир ва барқароркунии роҳҳо анҷом дода шуд. Инчунин дар 11 иншооти сохтмонӣ 4570,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо пешбинӣ гардида, 4168,4 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардида, идома дода мешаванд. Дар соли ҳисоботӣ дар роҳҳои автомобилгарди вилоят 7 садамаи налиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 16 нафар ҳалок ва 5 нафар маҷруҳ гардиданд.
Давоми соли 2019 бо кӯмаки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон тавассути барномаи “Лоиҳаи нигоздорӣ ва рушди роҳҳо, ки дар асоси Созишномаи грантӣ ва қарзӣ бо Бонки Аврупии таҷдид ва рушд зиёда аз 37 техникаю механизмҳои роҳсозии муосир кумак расонида шуд. Инчунин моҳи феврали соли 2019 низ 11 адад техника ва механизмҳои роҳсозӣ ба муассисаҳои роҳсозии вилоят кумак расонида шуд, ки ин барои муассисаҳои роҳсозони минтақа натиҷаи беҳтарин арзёбӣ мегардад. Ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, нисбати ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 2,4 фоиз ва мусофиркашонӣ 0,1 фоиз зиёд гардидааст. Ҳаҷми даромади филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Точиктелеком”дар вилоят, нисбат ба соли 2018 6 фоиз зиёттар аст. Ҳаљми хизматрасонї ба аҳолӣ 66,3 фоизи ҳамин давраи соли 2018-ро ташкил медиҳад.

Соҳаи кишоварзӣ
Яке аз соҳоҳое ки то ҳадде дорои пояи моди барои тараққии баъдии он мавчуд бошад хам, вале вазъи кунунии вокеии кишоварзи ба тахлилхои дакиктар зарурат дорад.
Дар соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоьагидории вилоят ыаьми умумии маысулоти кишоварз= 503214 ыазор сомониро ташкил медиыад, ки ин нисбати ыамин давраи соли соли гузашта 110107 ыазор сомон= кам мебошад.
Дар мавсими соли 2019 дар майдони 10514 гектар кишти зироатыои кишоварз= гузаронида шуд, ки аз он зироатыои цалладонаг= майдони 4443 гектар, картошка 1999,2 гектар, сабзавот 670 гектар, полезиыои х\рока 2 гектар ва х\роки чорво 3399,8 гектарро ташкил медиыад.
Аз майдони умумии кишт кардашуда дар соли 2019 ба мищдори 6378 тонна цалладонаг=, 26362 тонна картошка, 10618 тонна сабзавот истеысол гардида, ки ин нисбати ыамин давари соли 2018-ум 3196 тонна цалладонагиыо,9185 тонна картошка, 765 тонна сабзавот кам мебошад.
Зиёдшави танхо дар саршумори чорво ба кайд гирифта шудааст. Аммо бояд таъкид шавад, ки камшавии махсулоти хочагии кишлок, пеш аз хама ба тачдиди назар кардани омори мавчудаи соха ва ба тадрич ба вокеият мутобик кардани он вобастаги дорадм. Дуруст кардани омори вокеи дар кишоварзи дар оянда хам идома хохад ёфт, то дар робита карорхо ва тасмимхои дуруст кабул шаванд ва идоракунии дурусттари захирахои соха ба рох монда шавад.

Соҳаи маориф
Дар 312 муассисаи таълимии вилоят 38 ҳазору 123 хонанда ба тазсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 5649 омўзгор, аз ҷумла776 нафар зан таълим медиҳад. Аз ин шумора 4601 нафар бо маълумоти олӣ, 207 нафар олии нопурра, 816 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 25 нафар бо маълумоти миёнаи умумї фаъолият доранд.
Дар 26 муассисаи томактабӣ 2104 кўдак ва 6455 нафар кўдакони синни 5-6 сола ба 283 адад маркази инкишофи кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Аз 2745 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят 1320 (681 духтар) нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои тазсилоти олии кишвар ва 391 (235 духтар) ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби Ҷумҳурии Товикистон дохил шуданд, ки ин 1711 (916 духтар) нафарро ташкил медиҳад. 13 нафар ба омўзишгоњи ќудратӣ, ба литсей, коллеҷ, омўзишгоҳҳо 184 нафар, 267 нафар ба хориљи кишвар, аз ҷумла 113 нафар ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, 94 нафар ба мактабҳои олии Қирғизистон, 2 нафар ба макотиби олии Қазоқистон, 30 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии халқии Хитой, 6 нафар ба ИМА, 5 нафар ба Полша, 1 нафар ба Гурҷистон, 1 нафар ба Африка, 1 нафар ба Сингапур ва 1 нафар ба Ҷопон дохил шуданд.
Иљрои барномаи компютеркунонї ба 134 фоиз расонида шудааст, ки ин нишондод нисбат ба дурнамои барнома 32-то зиёд мебошад.
Дар вилоят 1 коргоҳи дўзандагӣ- “Кохи Бонувон”-и ноҳияи Дарвоз ба духти либоси мактабӣ машғул буда, фаъолият дошта, аз ҳисоби он 35975 хонанда бо либоси мактабӣ таъмин карда шуданд, ки 94,4 фоизи шумораи умумии хонандагонро ташкил медињад.
Дар ин давра дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар 42 иншоот бо арзиши умумии 241,7 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, ба ҳолати 1 январи соли 2020 маблағи 65,2 млн сомонӣ истифода шудааст. Ба ифтихори чашни бошукухи 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 19 адад муассисаҳои таълимӣ ва 4 адад кудакистон сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ҳоло бинои кудакистони рақами 1 шаҳри Хоруғ барои 100 ҷой бо арзиши 4207,5 ҳазор сомонӣ сохта шуда мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин 54 бинои муассисаҳои таълимии вилоят, ки садамавӣ ва таъмирталаб мебошанд, аз ҷониби Пешвои миллат Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои маблағгузории онҳо аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд дастур дода шудааст.

Соҳаи тандурустӣ
Дар соҳаи тандурустии вилоят 491 духтур, аз ин шумора 107 нафар бо категорияи олї ва 289 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар муассисаҳои тиббию профлактикии вилоят аз 760 басти воҳиди корӣ 491 табиб бо банди 701 воҳиди корӣ фаъолият дошта, 59 басти воҳидҳои корӣ холӣ ва 71 нафар мутахассисони фаъолиятдошта дар синни нафақа қарор доранд. Ба сокинони вилоят 400 адад муассисаҳои шифоиву пешгирӣ, аз қабили 227 адад муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 36 адад муасссисаҳои Хадамоти бистарикунонӣ, 9 адад МНДСЭ ва 62 адад муассиса бо фаъолияти ҳамгироӣ хизмат мерасонанд. Инчунин дар вилоят 9 адад муассисаи хусусии соҳа, аз ҷумла 3 муассисаи дандонпизишкӣ, 6 муассисаи ташхисӣ, ҳамчунин 58 адад дорухонаҳои шахсӣ фаъолият доранд.
Сохтмони бинои нави шабакаи ёрии таъҷилӣ бо маблағи 2млн 779 ҳазор ва бинои Коллеҷи тиббӣ бо хобгоҳ барои 70 ҷой бо маблағи 15 млн.304 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин таъмири асосӣ ва азнавсозии марказҳои саломатии Ҷамоатҳои деҳоти Вранг бо маблағи 1 млн 360 ҳазор сомонӣ ва Зонги ноҳияи Ишкошим бо маблағи 1млн 415 ҳазор сомонӣ ба анҷом расида, мавриди истифода ќарор дода шуданд.
Сохтмони беморхона барои 70 кат бо арзиши лоҳавии 22млн 778 ҳазор сомонӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон, беморхонаи минтақавӣ дар Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим бо маблағи 6 млн 300 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Барои муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят дар давоми сол 7 адад нақлиёти санитарӣ, 6 адад мошини ёрии таъҷилӣ, 1 адад яхдон барои интиқоли ваксина, ҳамчунин бо маблағи умумии 5млн 643 ҳазору 998 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ дастрас гардидааст.
Тибќи ҳисоботи оморӣ хизматрасонии пулакӣ дар ин давра 4 млн 677 ҳазору 265 сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод 90,2 фоизи наќшаи пешбинишударо дар бар мегирад.
Дар вилоят 837 нафар гирифторони бемории сили фаъол ба ќайд гирифта шудааст. аз инҳо 179 нафар сили шушӣ, 80 нафар сили ғайришушӣ ва 21 нафари дигар сили шакли мутобиќгашта мебошанд.
Шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ 537 ва вируси норасоии масунияти одам 684 нафарро ташкил медиҳад.

Соҳаи Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ
Шумораи ҷавонон 82759 нафар мебошанд, ки аз ин 7610 нафарашро хонандагон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 154 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 76 мулоқоту вохўриҳо гузаронида шудааст.
Дар вилоят 402 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, майдончаҳои варзишӣ 293, варзишгоҳ 11, Қасри варзиш 3, толорҳои варзишӣ 67-торо ташкил медиҳанд. 10 мактаби варзишии кўдакону наврасони вилоят бо фарогирии 3754 нафар варзишгар фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Ҷавонони вилоят дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалї иштирок намуда, сазовори 240 медал, аз ҷумла 56 медали тилло, 74 медали нуќра ва 110 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар вилоят 32 меҳмонхона бо имконияти кабули 437 нафар дар як шабонарўз фаъолият доранд.
Теъдоди сайёҳони ба вилоят воридшуда дар соли 2019 7813 нафар, аз ҷумла 4848 сайёҳи хориҷӣ ва 2 965 нафар сайёҳи дохилӣ мебошад.

Вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ
Дар ҳамаи сохторҳои қудратии ВМКБ 666 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 354 ҷиноятро раёсати корҳои дохилии вилоят ва Прокуратура ба қайд гирифта, 53,1 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад. Дигар мақомоти ҳифзи ҳуқу 312 ҷиноят ё 46,9 фоизи шумораи умумии ҷиноятро ба қайд гирифтаанд. Кушодашавии ҷиноятҳо дар ин давра 88,5 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2019 53 ҷинояти вазнин, дуздӣ 50 ҷиноят, авбошӣ ва қаллобӣ 50 ҷиноят, 20 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриќонунии маводи мухаддир ва 99 ҷиноятҳои иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст.

Омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси вилоят бо нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Нақшаи чорабиниҳо аз 613 банд иборат буда, аз ҷумла, 441 банд аз ҳисоби мақомотҳои маҳаллӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, 58 банд дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки зимни сафари кориашон ба ВМКБ баён доштанд ва инчунин 114 банд аз тарафи вазоратҳо, кумитаҳо ва дигар идораҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар асоси барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шуданд, дар бар мегирад. Ба ҳолати 1 январи соли 2020, аз 613 банди Нақшаи чорабиниҳо 229 банд , ё 37,8 фоиз ба маблағи 145,0 млн. сомонӣ пурра иҷро гардида, дар 255 банд ё 41,6 фоиз корҳои сохтмонӣ рафта истоданд ва иҷрои 75 банд ё 12,2 фоиз дар солҳои 2020-2021 ба нақша гирифта шудааст.
Аз иншооти тибқи нақшаи чорабиниҳо пешбинишуда сохтмону бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, кўдакистонхо, майдончахои варзишӣ, толорхои варзишӣ, беморхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, нуќтаҳои хатнакунии кўдакон, меҳмонхонаҳо, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, дўзандагӣ, ва дўконҳои ҳунарҳои мардумиро ташкил медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар кутоҳтарин муддати таърихи истиқлолият тавонист ҳамчун кишвари сулҳҷуй, демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ру ба инкишоф, дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устувори худро ба даст оварад. Хамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои доғи глобалӣ, эътироф ва эҳтироми умумро хам ба даст овардааст. Тамоми ин дастовардхои бузург масъулияти ҳар сокини кишварро, ба хусус сокинони ВМКБ-ро дар саҳмгузории бештар нисбати тақдири ояндаи Ватан, миллат боз дучанд мекунад. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар самти ба кишвари пешрафтатар табдил додани Ватани ачдоди, мавқеву ҳиссагузории ВМКБ, новобаста аз мушкилиҳои муваққатии зикргардида ба дарачаи баландтар расонда хохад шуд.

Бахши таҳлилӣ- иттилооти дастгоҳи раиси ВМКБ

Табрикоти муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори 31 умин солгарди бозгашти ҳайҳати маҳдуди Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон

Муҳтарам ҷанговарони интернатсионалист!
Санаи 15 феврал дар саҳафоти китоби таърих чун рӯзи бозгашти Қӯшунҳои Ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон ба Ватан бо хатҳои зарҳалин сабт гардидааст. Инак аз ин санаи таърихӣ 31 сол мегузарад, вале он дар қалби ҳар яки мо чун рӯзи фаромӯшнашаванда нақш бастааст. Дарду доғ, воқеоту печидагиҳои он ҳаводиси пурмуфаҷо аз ёдҳои он нафароне, ки дар иҷрои вазифаву супоришҳои Ватан ҷон бозиҳо намудаанд, фаромӯш намешавад. Он лаҳзаҳои фоҷиабор аз лавҳи хотири зиёда аз 13 ҳазор модарону ҷигарбандони он ҷавонони навраста аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар хоки Афғонистон дар муҳорибаҳои хунин ҷонро ба ҷонофарин супурданд ва барои беш аз 1 миллион шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар ҳодисоти Афғонистон иштирокчии бевосита буданд, заррае ҳам зудуда нахоҳад шуд.
Мусалламаст, ки 25 декабри соли 1979 қӯшунҳои маҳдуди Шӯравӣ бо дархосту талаби Ҳукумати онвақтаи давлати Афғонистон дохили қаламрави ин кишвар гардидаанд. Нерҳои Шӯравӣ пурра ба амалиётҳои ҷангӣ кашидашуда ва дар саросари Афғонистон амалиётҳои шаддиди ҷангӣ муддати 10 сол идома ёфтанд.
15 феврали соли 1989 қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз қаламрави Афғонистон пурра бароварда шуданд.
Зиёда аз 200 000 сарбозони Шӯравӣ барои иҷрои вазифаи интернасионалӣ дар хоки Афғонистон бо ордену медалҳо қадрдонб гардида, 71 нафар ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сарафроз гаштанд.
Ҳайати маҳдуди қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вазифаи худро дар хоки Афғонистон сарбаландона ба ҷо овард.
Аз фурсат истифода бурда аввалан ба Шумо барои хизмати содиқона ба Ватан ва дастгирии сиёсати давлат ташаккури самимии худро баён намуда, 31-умин солгарди аз хоки Афғонистон берун шудани Қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравиро ба Шумоён муборакбод мегуям. Ба Шумо тани сиҳат, рӯзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳои беназир орзумандам. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвари баҳам дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Афғонистон баҳри рушди ҳамаҷониба боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.