НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ СОҲАИ МАОРИФИ ВМКБ БЕҲБУДӢ МЕЁБАД.

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
СОҲАИ МАОРИФИ ВМКБ БЕҲБУДӢ МЕЁБАД.
Дар 312 муассисаи таълимии вилоят 38 ҳазору 123 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 5649 омўзгор, аз ҷумла 776 нафар зан таълим медиҳад. Аз ин шумора 4601 нафар бо маълумоти олӣ, 207 нафар олии нопурра, 816 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 25 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд.
Дар 26 муассисаи томактабӣ 2104 кўдак ва 6455 нафар кўдакони синни 5-6 сола ба 283 адад маркази инкишофи кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Аз 2745 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят 1320 (681 духтар) нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 391 (235 духтар) ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд, ки ин 1711 (916 духтар) нафарро ташкил медиҳад. 13 нафар ба омўзишгоҳи қудратӣ, ба литсей, коллеҷ, омўзишгоҳҳо 184 нафар, 267 нафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла 113 нафар ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, 94 нафар ба мактабҳои олии Қирғизистон, 2 нафар ба макотиби олии Қазоқистон, 30 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии халқии Хитой, 6 нафар ба ИМА, 5 нафар ба Полша, 1 нафар ба Гурҷистон, 1 нафар ба Африка, 1 нафар ба Сингапур ва 1 нафар ба Ҷопон дохил шуданд.
Иҷрои барномаи компютеркунонӣ ба 134 фоиз расонида шудааст, ки ин нишондод нисбат ба дурнамои барнома 32-то зиёд мебошад.
Дар вилоят 1 коргоҳи дўзандагӣ- “Кохи Бонувон”-и ноҳияи Дарвоз ба духти либоси мактабӣ машғул буда, фаъолият дошта, аз ҳисоби он 35975 хонанда бо либоси мактабӣ таъмин карда шуданд, ки 94,4 фоизи шумораи умумии хонандагонро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар 42 иншоот бо арзиши умумии 241,7 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, ба ҳолати 1 январи соли 2020 маблағи 65,2 млн сомонӣ истифода шудааст. Ба ифтихори чашни бошукухи 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 19 адад муассисаҳои таълимӣ ва 4 адад кудакистон сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.Ҳоло бинои кудакистони рақами 1 шаҳри Хоруғ барои 100 ҷой бо арзиши 4207,5 ҳазор сомонӣ сохта шуда мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин 54 бинои муанссисаҳои таълимии вилоят, ки садамавӣ ва таъмирталаб мебошанд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои маблағгузории онҳо аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шудааст.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон, фармон медиҳам:

1. Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигаре, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлати се моҳ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
31 январи соли 2020
№1445