Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо мутасаддиёни раёсати тандурустии вилоят, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, хадамоти Оқохон оид ба макони зист, хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ мулоқот анҷом доданд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо мутасаддиёни раёсати тандурустии вилоят, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, хадамоти Оқохон оид ба макони зист, хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот раиси вилоят диққати сохторҳои марбутаро барои пешгирии бемории каронавирус ҷалб намуда эҳтимолияти паҳншавии ин бемори тавассути сайёҳон ва шаҳрвандони дохилу хориҷ, ки тариқи гузаргоҳи Кулмаъ ба ҳудуди вилоят ворид мешаванд сухан намуд. Қайд гардид, ки айни ҳол чораҳои пешгирии ин бемории сирояти бо ҷалби мутахассисони ҳифзулсиҳати ВМКБ дар гузаргоҳи сарҳадии Кулмаъ пурзӯр гардида таҷҳизоти зарури барои муоинаи шахсоне, ки тариқи ин гузаргоҳ ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтона то ба имрӯз чунин намуди бемори ба қайд гирифта нашудааст.
Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз раёсати тандурустии вилоят, кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, хадамоти Оқохон оид ба макони зист, хадамоти Оқохон оид ба тандурустӣ даъват намуд, ки барои пурзӯр намудани назорати табиӣ- санитари дар гузаргоҳи сарҳадии Кулмаъ чораҷӯи намуда дар мавриди таъминот бо доруворӣ, махсулоти ғизоиву сӯзишворӣ ва дигар ниёзи аввал мусоидат намоянд.