НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ ТАНДУРУСТӢ: “КАРОНАВИРУС” БА СОКИНОНИ ВИЛОЯТ ТАҲДИД НАМЕКУНАД.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти хабарӣ бо Раёсати тандурустии вилоят ва сохторҳои он доир гардид.
Фарид Музаффаров, сардори Раёсати тандурустии вилоят зимни посух ба саволи хабарнигорон вобаста ба эҳтимолияти сироятёбии сокинони вилоят аз «коронавирус» гуфт, ки айни замон ягон нафар бо нишонаҳои ин беморӣ дар ҳудуди вилоят ба қайд гирифта нашудааст. Дар минтақаи наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии халқии Хитой аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тандурустӣ ситоди доимоамалкунанда ба таври шабнарӯзӣ фаъолият мекунад. 28 нафар шаҳрвандон, ки тариқи гузаргоҳи наздисарҳадӣ дар ноҳияи Мурғоб вориди вилоят гардиданд, аз ташхиси тиббӣ гузашта, чор нафари онҳо бо табъи баланд дар шуъбаи сироятии беморхонаи минтақавии ноҳияи Мурғоб бистарӣ гардиданд. Хушбахтона, дар онҳо нишонаҳои ин беморӣ муайян нашудааст. Муассисаҳои тиббии назди сарҳадӣ бо маводи аввалияи доруворӣ ва хӯрок таъмин мебошанд.
Вобаста ба бозгашти шаҳрвадони Тоҷикистон, бахусус сокинони вилоят аз давлати Хитой ва имкониятҳои табобат дар кишвар, сардори Раёсати тандурустӣ зикр кард, ки дар марҳилаи кунунӣ 30 нафар сокинони вилоят дар ин кишвар қарор доранд. Дар сурати интиқол ёфтани онҳо ба вилоят тариқи гузаргоҳи Қулма барои дар карантин нигоҳ доштани онҳо 20 кати хоб дар заминаи беморхонаҳои минтақавии Тохтамиш, Кунакурған ва Аличур омода мегардад. Илова бар ин, дар назди терминали якуми наздисарҳадӣ барои бистарикунонии 30-50 нафар шароит муҳайё гардидааст.
Дар мавриди табобати «коронавирус» қайд гардид, ки дар худи давлати Хитой то ҳоло доруи зидди вирусӣ истеҳсол нагардидааст ва айни замон барои табобати «коронавирус» истифода аз ҳар гуна доруҳои табобатӣ тавсия дода шудааст.
Санҷишҳои назоратӣ пурзӯр мегарданд
Соли 2019 аз тарафи мутахассисони Раёсати хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят 143 санҷиши нақшавӣ ва 62 санҷиши ғайрнақшавӣ дар муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ гузаронида шуданд, ки дар натиҷа 34 нафар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 48 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима гардиданд. Дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар рафти санҷиш дар дорухонаҳои шаҳри Хоруғ ва муассисаҳоли тиббию профилактикии вилоят 71 номгӯи маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 3 ҳазору 480 адад аз муомилот гирифта шуданд. Ба тариқи мактубҳо бошад, аз дорухонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ 56 номгуи маводи доруворӣ мусодира гардида, нисбати 13 нафар ҷаримаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 32 ҳазору 480 сомонӣ татбиқ шуд.
Дар ин бора сармутахассиси Раёсати хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят Зуҳро Олимшоева ба хабарнигорон иттилоъ дод.

КӮПРУКИ “СЕЛХОЗТЕХНИКА” -и ШАҲРИ ХОРУҒ; ҚАРОРДОД БА ИМЗО РАСИД.

Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди таъмир, азнавсозии роҳҳо ва кӯпрукҳои ВМКБ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат бахусус аз тамбашавии нақлиёт ва гузаштани мошинҳои гаронвазн аз маркази шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ карданд.
Ба хотири иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона кор карда ду руз пеш шахсан Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Худоёрзода Х.З ба мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистни Бадахшон мужда расонд, ки Вазорат бо иниститутҳои лоиҳакаши оиди сохтмони купруки мошингузари маҳаллаи “Селхозтехника” и шаҳри Хоруғ шартномаро имзо намуд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои зиёд маблағи он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо гардид. Таъкид шуд, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат корҳои лоиҳакашӣ барои сохтмони долони зиддӣ тармавӣ дар қитъаи роҳи дар натиҷаи селфуроӣ харобгаштаи деҳаи Барсем низ оғоз гардиданд. Ба замми ин таъмири роҳи Хоруғ – Мурғоб низ дар солҳои наздик оғоз хоҳад гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки айни ҳол сохтмони роҳи Кулоб – Шамсиддин Шоҳин ва Ёгед – Қалъаи Хумб бомаром идома дорад ва дар моҳҳои наздик сохтмони роҳи Қалъаи- Хумб – дарвозаи Рушон оғоз хоҳад ёфт.
Ба замми ин фазаи якуми сохтмони 9 кӯпруки мошингузар дар вилоят оғоз гардид ва дар фазаи дуюм сохтмони боз 9 купрук дар солҳои 2021- 2022 дар нақша аст.
Ба замми маблағгузор дар ин корҳои давлати ва институтҳои молиявӣ, инчунин шарикони рушд низ хеле фаъол мебошанд. Масалан тавассути Фонди Оғохон барои таъмири роҳи Бартанги ноҳияи Рушон 600 000 долари ИМА ҷудо карда шуд.
Умуман масоили сохтмон ва таъмири роҳҳову купрукҳо ниёзи аввалиндараҷаи сокинони вилоят буда хушбахтона дар марказӣ диққати Сарвари давлат ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун ва рӯйхати адабиёти тавсияшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари дӯстдорони каломи бадеъ чораҷӯӣ карда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2020 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намуда, оид ба хароҷоти он ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 феврали соли 2020
№АП-1339

РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ЗАРАРДИДАГОНИ ВМКБ-ро ДАСТГИРИИ МОЛИЯВӢ НАМУДАНД. ​

Тоҷикистон бо табаити зебои худ машҳури дунё гардида бахусус бо ҳайвонҳои нодири худ аз ​ қадимулаём диққати оламиёнро​ ба худ ҷалб кардааст.​ Яке аз чунин ҳайвони нодир ,ки ба хотири минбаъд нигоҳдоштани ин намуди ҳайвон чандин конфоронсҳо ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ амалӣ мешаванд, ин Бабри барфи ё озодапаланг мебошад. ​ Озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир то баландиҳои 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном​ мебаранд. Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ е дар ҳолати пирӣ ки дигар қувваи шикор карданро надорад ​ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд. Солҳои пеш мардуми Бадахшон пусташро истифода мебурданд. Дар солҳои соҳибистиқлоли бо баланд бурдани корҳои​ зиёди экологӣ, ҳифзи табиат, минҷумла ҳайвононти нодири ваҳши ва даровардани онхо ба китоби сурх мафкура ва муносибати инсон нисбати ин боигарии табии хеле тағир ёфт. Аҳоли наботот ва ҳайвоноти нодирро ҳамчун як ​ офаридаи Худо ва зебогии табиат қадр мекунанад ва ​ онро ҳаматарафа ҳифз менамоянд. Куҳҳо, кулҳо, пиряхҳо ва табаиати нотакрори Тоҷикистон имкон медиҳанд ки аз тарафи ​ Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ эълон шудани солҳои 2018 – 2021 Солҳои рушди сайёҳи, ҳунарҳои мардуми ва деҳот як самараи дилхоҳ диҳанд. Чанд соли охир Озодапаланг ба маҳалҳои аҳолинишин фуромада зиёда аз 280 сар чорвои хурдро нобуд кард, вале мардум онро бо эҳтиёт дастгир намуда ба ихтиёри кормандони соҳаи ҳифзи табаит супориданд. Фақат дар​ се ​ моҳи охир 4 сари он дсатгир карда шуд ва ба макони махсус, ки аз тарафи ҷамъияти ,, Барс ​ “ ташкил карда шудааст, интиқол дода шудаанд. Албатта ҳар сар чорво дар шароити куҳистон қисмате дорад ва барои аҳоли ин зарари ҷидди аст. Мақомотҳои давлати ва шахсони саховатпеша​ ба ҳар роҳ кушиш​ ба харҷ медиҳанд, ки зарари расонида ҷуброн карда шавад. Яке аз чунин шахсиятҳое, ки чандин бор ба мардуми баландкуҳ дасти ёри дароз кардааст ин раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Бо дастури бевоситаи мӯҳтарам раис Ассотсиатсияи шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои дароз бошандагони ноҳияи Мурғобро бо сузишвори ва маводи хурока дастгири намуда, тобистони соли гузашта зиёда аз 200 нафар кӯдакро кӯмак карданд, ки онхо дар урдугоҳҳои нохияи Варзоб истироҳат намуданд. Ҳангоме, ки бабри барфи зимистони имсола ​ 132 сар​ чорвои мардумро нобуд кард, ки ин мушкилот низ аз мадди назари муҳтарам Рустами Эмомалӣ дур намонд ва бо супориши ӯ ассотсиатсия маблағи зарарро пурра ҷуброн намуд, ки аҳоли аз ин дастгирии Раиси шаҳри Душанбе ​ ​ хеле хушҳол ва шукргузор гардиданд.
Гуруҳи кории макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ​ ба ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ​ ва водии Бартанг сафар намуда , маблағро дастраси зарардидагон гардониданд. Бояд зикр кард, ки соли гузашта вақте, ки ғафсии барф дар шаҳри Хоруғ ба 1.5 метр расид, Раиси шаҳри Душанбе мухтарам Рустами Эмомали барои шаҳри Хоруғ ду техникаи гаронарзиш такдим намуд. Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯмаки раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар солхои 2018 -2019 дар шаҳри Хоруғ се майдончаи замонавии футбол сохта мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст. Бо дастгирии шарикони рушд, бахусус Ташкилотҳои Оғохон ва дигар ташкилотҳои ғайридавлати чандин қароргоҳҳои чорводори сохта шуданд. Таваҷҷуҳи мардум ба ҳифзи олами ҳайвонот аз ҳамкории босамар ва кори хуби фахмондадиҳии мутахассисони ҳифзи муҳити зисти ​ мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар бахши зарурати ҳифзи олами вахши​ шаҳодат медиҳад.