НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВИИ ХОЧАГИДОРОНИ ВИЛОЯТ РӮБА КАМШАВӢ ДОРАД

Тавре аз маълумоти пешниҳоднамудаи муовини сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Исматзода дар нишасти матбуотӣ маълум гардид, соли сипарӣ дар натиҷаи тафтишу санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории 206 идораву муассисаҳои вилоят беш аз 2 680 ҳазор сомонӣ маблағи зарари молиявӣ ошкор гардид, ки ин рақам нисбат ба соли 2018 қариб 1 400 ҳазор сомонӣ камтар аст.
Фисади бештари зарари молиявӣ ба кам ҳисоб гардидан ва рӯйпуш намудани андозҳо, ки маблағи беш аз 1,5 млн. сомониро ташкил дод, рост омад. Дар ҳисоби маблағҳои зарар расонида беш аз 500 ҳазор сомонӣ хароҷоти ғайримақсадноки молию пулӣ, 160 ҳазор камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 122 ҳазор изофанависӣ дар таъмиру сохтмон, 340 ҳазор талафи воситаҳои пулию молиро ташкил дод.
Аз натиҷаи тафтишу санҷишҳо қариб 1 930 ҳазор сомонӣ зарари молиявии расонидашуда рӯёнда шуда, аз ин ҳисоб 1 826 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлатӣ ва беш аз 102 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби корхонаву муасcисаҳо барқарор карда шуд.
Мувофиқи иттилои манбаъ дар соли ҳисоботӣ ҳамчунин 186 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуданд. Маблағи умумии зарари аз ин аъмол ошкоргардида беш аз 3,5 млн сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2018 беш аз 3 млн. сомонӣ камтар аст. Бинобар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коруппсионидошта 122 нафар, ки 70 нафарашон шахсони мансабдор мебошанд, муайян гардиданд.
Вобаста ба ҷиноятҳои содиршуда 86 парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурд қабул шуда, дар зинаҳои гуногуни тафтишотиву баррасӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Зарари умумии ошкоргардидаи ин ҷиноятҳо беш аз 3 549 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб беш аз 2 585 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд.
Ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбор посух дода муовини сардори раёсати агентӣ, изҳор намуданд, ки ба мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия дар давраи ҳисоботӣ раёсат як катор чораҳои маъмурӣ, ба роҳбарони идораву муассисаҳо дастурҳои хаттиву шифоӣ ирсол намуда, бо сокинони вилоят вохӯриву суҳбатҳо ва тариқи воситаҳои ахбори умум маводҳои таҳлиливу иттилоотӣ пахшу нашр намуданд.