ЭЪЛОН

Ба диққати рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон расонида мешавад, ки санаи 14 феврали соли 2020 соати 14:00 нишасти матбуотӣ бо муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баргузор мегардад.
Муҳтарам рӯзноманигорон агар Шумо имкони иштирок кардан дар нишасти матбуотиро надоред метавонед саволҳои худро тавассути паёмак ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ( www badakhshon.tj ) ё тавассути саҳифаи мақомот дар шабакаи иҷтимоии фейсбук ( МИМҲД -и Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон) ирсол намоед. Ба саволи пешниҳодгардида ҳатман посух хоҳед гирифт.
Саволҳое,ки ному насаби муаллифи онҳо муайян кард нашудааст ба инобат гирифта намешаванд.

СОЛИ 2020 КОНИ АНГИШТИ РАВНОБ БА КОР МЕДАРОЯД.

​ ​ Машварати назоратии​ назди​ раиси​ Вилоят Мухтори Кухистони Бадахшон​ ​ бо​ иштироки​ муовини​ аввали​ раиси​ вилоят, муовинони раиси​ вилоят,​ раиси​ шаҳри​ Хоруғ, роҳбарони мақомоти​ ​ ҳифзи ҳуқуқ дар вилоят, идораву​ муассисаҳои вилоятӣ, намояндагони ВАО доир гардид, ки​ масъалаҳо​ дар бораи​ “Рафти​ иҷрои​ қарори​ раиси​ вилоят​ аз 15 апрели соли​ 2019 оид ба иҷрои​ Қарори​ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон​ аз​ 29​ марти​ соли​ 2019 “Дар бораи сари​ вақт омода​ намудани соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш​ дар​ мавсими​ зимистони​ солҳои​ 2019-2020”, “Ҷараёни иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии​ Тоҷикистон​ аз 12 октябри соли 2015 “ар бораи тайёрӣ ва гузаронидани​ барўйхатгирии​ аҳолӣ ва​ фонди​ манзили​ Ҷумҳурии​ Тоҷикистон​ дар​ соли​ 2020”​ ва “ Ахборот​ дар​ бораи​ риояи​ ​ Қонуни​ Ҷумҳурии​ Тоҷикистон​ “Дар бораи​ муроҷиатҳои шахсони​ воќеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро​ ​ мавриди​ баррасӣ қарор​ дод.​ ​ ​
​ ​ ​ ​ Латиф​ Шоҳзодаев,​ сардори​ Раёсати​ иқтисод ва савдои​ вилоят​ доир ба​ масъалаи​ якуми​ машварат​ ахборот​ дода, зикр​ намуд, ки дар масъалаи​ ​ омодагӣ​ ба зимистонгузаронӣ​ дар вилоят корҳои муайян​ ​ иҷро​ шуда, натиљаҳои​ муайян ба​ даст​ омаданд. Дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети​ маҳаллӣ барои иҷрои корҳои таъмирӣ, харидани сўзишворию равғанҳои молиданӣ, аз ҷумла ангишт ва ҳезум​ дар соли 2019 маблағи​ 9441114 сомонӣ ҷудо​ гардид, ки​ ​ 9232142 сомонӣ​ ё худ 97,8 фоизи он​ ба​ ин​ мақсад​ сарф​ шудааст.
Зимни​ муҳокимаи​ масъала Ёдгор​ Файзов, раиси​ вилоят зикр кард, ки​ зимистони​ соли​ гузашта​ моро​ ҳушдор​ дод, ки он дар шароити​ ​ Бадахшон​ ба​ чӣ​ қодир​ аст.​ Имсол​ зимистони​ вилоят​ нисбатан хеле​ камбориш​ омад,​ аз​ ин набояд​ ​ хотирҷамъ​ шуд. Зеро аслан​ зимистони​ Бадахшон​ дар​ пеш​ аст. Боришоте, ки​ пешгӯӣ​ мешавад​ ва дар манотиқи​ болоии​ вилоят​ ҳукми​ анъана​ дорад, роҳбарони идораву муассисаҳоро водор месозад, ки ба он​ ҳамаљониба омода бошанд. Бахусус муассисаҳои​ нигаҳдории роҳҳо бояд аз​ мушкилоти​ ​ зимистони​ гузашта хулосаи​ даркорӣ бароранд.
Раиси вилоят ҳамчунин таъминоти муассисаву идораҳо ва аҳолиро бо ангиштсанг ҷињати​ гаронии нархи он дар​ вилоят​ аз мушкилоти мавсими​ зимистонгузаронӣ арзёбӣ намуд. Тавре таъкид шуд, нархи​ як тонна ангишт​ дар​ худи​ конҳои​ ҷумҳурӣ​ вобаста​ ба​ сифат​ аз 265 то 295​ сомониро ташкил медиҳад. Вале​ нархи​ он​ мувофиқи​ ҳуҷҷатҳои​ тендерӣ то​ ноҳияи​ Ишкошим​ ба​ 1400​ сомонӣ мерасад. Яъне​ роҳкирои овардани​ як тонна​ ангишт нисбат​ ба​ нархи худи он 3-4 баробар​ қиматтар​ меафтад. Раиси вилоят аз он​ изҳори​ нигаронӣ​ кард, ки сифати ангишт на дар ҳамаи муассисаҳо​ мувофиқи матлаб​ аст. Мушоҳида​ мешавад, ки​ дар як​ муассиса сифати​ ангишт бад бошад​ ҳам, нархи он баланд, дар​ мавриди​ дигар сифати​ ангишт​ хубтар,​ вале​ нархи​ он​ ​ пасттар​ аст. Ҳодисаҳои дахолати​ раисони​ ​ ноҳияҳо​ ба масъалаи дастраскунии​ ангишт​ ба​ муассисањо​ низ​ љой​ доранд. Нисбати баргузор намудани​ тендери​ харид​ эрод​ гирифта​ шуд. Таъкид​ гардид, ки​ минбаъд бе​ гузаштани тендер​ ангишт​ ба​ муассисаҳо​ дастрас​ карда​ нашавад. Раиси​ вилоят​ дастур​ дод, ки​ айни​ замон​ масъалаи​ таъминот​ бо​ ангишт​ дар​ ҳамаи​ муассисаҳои​ маориф​ ва​ тандурустӣ бори​ дигар​ санҷида шуда, муассисаҳое, ки аз талаботи воқеиашон камтар сўзишворӣ гирифтаанд, аз ҳисоби​ маблағҳои​ аз​ дигар​ сарчашмаҳо​ ​ дастрасшуда​ ​ бо​ ​ маводи​ сўхт​ пурра​ таъмин​ карда​ шаванд. Мушкилоти​ вилоят дар таъмини​ муассисаҳои​ соҳаи​ иҷтимоӣ ва​ аҳолии​ вилоят​ дар​ самти​ таъминот​ бо ангиштро​ ба​ инобат​ гирифта,​ ​ Пешвои миллат​ ​ муҳтарам​ Эмомалӣ​ Раҳмон​ дар​ маҷлиси​ Ҳукумати​ Ҷумҳурии​ Тоҷикистон​ ба​ ширкати​ “ТАЛКО”​ дастур​ доданд, ки​ ҷиҳати​ коҳиш​ додани​ нархи​ ангишт​ дар​ вилоят​ ва​ сифати​ он​ ​ ​ соли​ равон​ кони​ Равноби​ ноҳияи​ Дарвоз​ ба​ истифода​ дода, тобистони​ ҳамин​ сол​ вилоятро​ пурра​ бо​ ангишт таъмин намояд.​ Ҳамзамон​ раиси​ вилоят супориш​ дод, ки​ сохторҳои​ дахлдор соли​ равон маблағҳои​ барои​ зимистонгузаронӣ равонашудаи​ буҷаро​ таҳти​ назорати​ қатъӣ​ гирифта, ба​ он​ бояд​ ноил​ гардид, ки​ дар​ заминаи​ паст​ кардани​ нархи​ ангишт​ ҷиҳати​ дастрас кардани он аз​ кони​ ангишти​ Равноб​ таъминоти​ он​ дар​ муассисаҳо 30-40​ фоиз​ зиёдтар​ карда​ шавад.

​ ​ ​ ​ ​ Раиси​ вилоят​ аз он изҳори​ ташвиш​ кард, ки​ дар​ асари​ хуруҷи​ касалии​ ба​ ном “коронавирус”​ дар​ Ҷумҳурии Мардумии Чин​ шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ- Кулма​ баста​ шуд. Ин​ ба баланд шудани​ нарху​ наво​ боис​ мегардад. Вале​ онро​ кушода​ мондан ҳам​ аз​ ин​ хавфноктар​ аст. Зеро касалӣ​ метавонад, тариқи гузаргоҳи​ ​ Кулма​ ба​ Тоҷикистон​ гузар​ кунад. Раиси​ вилоят​ бо​ такя​ ба​ иттилои​ мақомотҳои​ дахлдор иттилоъ​ дод, ки​ ​ Ҳукумати​ Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ҷиҳати​ пешгирии​ ​ интиқоли​ “коронавирус”​ ба​ кишварамон​ тамоми​ чорабинињоро​ роҳандозӣ намудааст. Дар​ худи​ гузаргоҳи​ Кулма​ ва​ ноҳияи​ Мурғоб барои​ безараркунонии​ шахсоне, ки​ аз давлати​ Хитой​ ба​ Тоҷикистон​ ворид​ мешаванд, тадбирҳои​ зарурӣ​ андешида​ шуда, айни​ ҳол 27 нафар​ дар​ ин​ ҷо​ дар​ карантин​ қарор​ доранд. Иззори​ боварӣ карда​ шуд, ки​ имконияти вуруди​ ин​ касалӣ​ ба​ Тоҷикистон​ хеле​ маҳдуд​ аст. Дар​ баробари​ ин​ ба​ мақомотҳои​ дахлдор​ дастур​ дода шуд, ки доир​ ба​ ин​ масъала байни​ мардум корҳои​ фаҳмондадиҳиро​ ба​ роҳ​ монанд.
​ Раиси вилоят ҳамчунин доир ба маъракаи интихоботи​ дарпешистода, пеш бурдани корҳои фањмондадиҳӣ, ташкили​ муташаккилонаи​ он​ дастурҳо дод.
Дар​ машварат масъалаҳои​ дигари​ рўзнома низ шунида,​ муҳокима​ шуда, доир​ ба​ онҳо​ қарорҳои дахлдор​ қабул гардиданд.

Иштирок дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

12 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XX Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба доираҳои тиҷоратӣ дар асоси роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ, соддагардонии расмиёти фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, фаъолияти шӯроҳои машваратии минтақавӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ, ташкили рейтинги миллӣ, низоми электронии Равзанаи ягона барои амалиётҳои содиротию воридотӣ, таъмини сифати баланди алоқаи интернет барои роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ташкил ва рушди занҷираи иловашудаи маҳсулоти ниҳоӣ (кластерӣ) дар бахши агросаноатии ҷумҳурӣ, тибқи занҷираи “ашёи хом – истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – дарёфти бозори фурӯш” ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

Дар ин робита вобаста ба маротибаи чаҳорум ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидан ва 20 зина боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни 190 кишвари ҷаҳон ҷои 106-умро соҳиб шудани он дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” барои соли 2020, то декабри соли 2023 татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар соҳаи маориф 5 фоиз ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 7 фоиз, ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми соддакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудани субъектҳои хоҷагидории соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, инчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои мазкур воридотшаванда, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво, қабули “Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ”, аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахсони воқеӣ тибқи номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва аз пардохти андозҳо озод гардидани онҳо, аз 2 январи соли 2020 аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, аз байн бардоштани меъёри 1%-и андоз аз фоида, тибқи механизми “Равзанаи ягона” оғоз гардидани фаъолияти Маркази амалигардонии “Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ” дар шаҳри Душанбе ва аз 1-уми марти соли 2019 дар реҷаи мустақим роҳандозӣ шудани қабули аризаи шаҳрвандон барои пешниҳоди шартҳои техникӣ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ ва тибқи он давоми 10 рӯз баррасӣ гардидани он, иттилоъ дода шуд.

Тибқи банди дуюми рӯзнома Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло вобаста ба натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ баромад намуда, аз ҷумла лоиҳаҳои Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди кластери агросаноатӣ, масъалаҳои марбут ба фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандарти байналмилалии ГЛОБАЛ ГЭП (GLOBAL G.A.P-иро дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Вазири саноат ва технологияҳои нав Файзуллозода Заробиддин баромад карда, масъалаи таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сабине Олтҳоф, роҳбари намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, узви Шӯрои машваратӣ, роҳбари ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” Равзанабону Негматуллоева, раиси Ассотсиатсияи миллии истеҳсолкунандагони шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон Умед Шомуродов ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.

БА КОР БУРДАНИ САНГҲОИ ТАБИИ МАҲАЛЛӢ ДАР СОХТМОНҲОИ НАВБУНЁДИ ҲУДУДИ ВМКБ

Истифодаи сангҳои табии Бадахшон дар иншооти сохташавандаи ҳудуди вилоят аз масъалаи меҳварии мулоқоти раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо масъулини Ширкатҳои сохтмонии вилоят унвон шуд.
Ба кор бурдани сангҳои табии маҳаллӣ дар сохтмонҳои навбунёди худуди ВМКБ аз вазифаҳои мухими рушди минбаъдаи сохтмонҳои асосӣ ном бурда шуд. Ин масъала зимни мулоқоти раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо масъулини ЧДММ -ҳои ҳудуди вилоят, ки ба тайёр намудани навҳои гуногуни ашёи сохтмонӣ аз санг тайёркарда шуда, сару кор доранд садо дода буд. Роҳбари вилоят бо баёни ин хабар тазакур дод, ки ВМКБ дорои манбаъи захираи бузурги сангҳои гуногуни табии буда, истифодаи ин сангҳо дар сохтмонҳо аз як су агар ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани буҷҷаи андоз мусоидати хуб дошта бошад аз суи дигар он ба намуди зоҳирии сохтмонҳо ҳамчун манбаъаи ашёи сохтмонии аз ҷиҳати экологи тоза ва муҳлати истифодабарии тӯлони хизмат хоҳад кард. Дар мулокот бо роҳбарони ҶДММ «Помирстон» ва ҶДММ «Суман» ки асосан ин ду ҷамъияти ватанӣ ба тарошидани сангҳои маҳаллӣ сару кор доранд аз омодагии худ ҷиҳати анҷоми фармоишҳои паймонкорон маълумот доданд. Роҳбари вилоят афзуд дар навбати аввал истифода намудани маҳсулоти ин ду ширкати сохтмони барои ороиши театри навбунёди вилояти ва атрофии он истифода хоҳад шуд. Зеро таҷрибаи фаъолияти ин ду ширкат дар бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази тиббӣ Оғохон дар шаҳри Хоруғ собит намуд, ки махсулоти тайёрнамудаи онҳо мутобитқ ба меъёрҳои байналмиллалии сохтмони буда, ба тасмими раиси вилоят идома додани ин анъана дар сохтмони муассисаҳои таълимии навбунёд ва аз нав кардани роҳравҳои марказии шаҳр бо мақсади мувофиқ мебошад.
Дар мулоқоти раиси ВМКБ Ёдгор Файзов роҳбари гуруҳи назоратии муассисаи давлатии иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, масъули шуъбаи саноат, энергети ва комуникатсияи ВМКБ ва роҳбарони чамъиятҳои дорои масъулияташон махдуди «Суман» ва «Памирстон» ширкат варзиданд