МАШВАРАТИ ВАСЕИ НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Дар машварати васеи назди Раиси вилоят рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти мактаб-интернатҳо дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълими нави мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зайнаб Мамадназарова, сардори филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилят оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ахборот манзур намуда, гуфт, ки соли 2019 аз тарафи филиалҳои бонк ба 2800 нафар мизоҷон бештар аз 22 млн. сомонӣ қарзҳои хурд бо асъори миллӣ пешниҳод гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн. 286 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меъёри фоизи қарзҳои ба ин самтҳо нигаронидашуда аз 20 фоиз ба 18 дарсади солона кам карда шуд.
Бақияи сандуқи қарзӣ ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ 15 млн. 813 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати соли соли гузашта 4 млн. 919 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар ин давра ба филиалҳои бонк тавассути низомҳои интиқоли маблағҳо 2 млн. 307 ҳазор доллари ИМА, 107 млн. 146 рубли русӣ 31,6 ҳазор евро ворид шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 394 ҳазор доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Cатҳи баланди пардохтпазирӣ ва кафолати давлатии пасандозҳои “Амонатбонк” имкон дод, ки шумораи пасандозгузорон ба 9 652 нафар расонида шавад. Бақияи амонату пасандози шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба санаи 1 январи соли 2020 93 млн. 388 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он 79 млн. 846 ҳазор сомонӣ бақияи пасандозҳои аҳолиро ташкил медиҳанд. Бақияи пасандозҳои муҳлатнок бошад, 48 млн. 789 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба соли 2018 5 млн. 435 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Филиалҳои “Амонатбонк” дар вилоят ҳамарӯза тавассути 13 бонкомат ва 83 постерминал ба мизоҷон хизмат расонида истодаанд. Барои таъмини бонкоматҳо ва постерминалҳо бо пули нақд дар 12 моҳи соли 2019 380 млн. 224 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят зимни баррасии масъала қайд кард, ки таваҷҷуҳи мардум имрӯз ба Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ниҳоят зиёд аст. Зеро ин бонк дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини ҳаёти осуда, кафолати амният ва хотирҷамъии мардум нақши калидӣ дорад. Бо изҳори ташвиш аз тасарруфи маблағҳои бонкӣ дар солҳои пеш раиси вилоят гуфт, ки чунин омилҳо боиси коҳиши боварии мардум нисбати бонк гардида, ба фаъолияти пурсамари низоми бонкӣ монеа эҷод мекунанд. Баъзан шаҳрвандон ба қабули раиси вилоят омада, шикоят мекунанд, ки дар бонк пасандоз кушоданд, вале бо гузашти айём маълум мегардад, ки маблағ дар суратҳисобашон надоранд. Аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муайян гардид, ки дар баъзе ҳолатҳо кормандони бонку андоз ба тариқи сохтакорӣ бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ наздики миллион сомонӣ маблағи пасандоз ё кредитиро аз они худ кардаанд.
Дар посух ба саволи раиси вилоят вобаста ба бозгардонии малағҳои ғасбгардида Зайнаб Мамадназарзода зикр кард, ки дар соли 2019 зиёда аз 117 ҳазор доллар ва 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба мизоҷони бонк баргардонида шуд. Тасарруфи маблағе, ки дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ошкор гардид, барқарор шуд. Аммо,-гуфт роҳбари бонк,-шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоб маблағи бонкро тасарруф карданд, имрӯз дар Ҷумҳурии Қирғизистон фирорӣ ҳастанд ва мушкилоти бақияи маблағҳои қарзӣ дар ноҳияҳои болозикргардида ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Дар ноҳияи Роштқалъа як нафар корманд дар маҳбас ва шарикаш дар Федератсия Руссия қарор доранд.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фаъолияти бонкомат ва постерминалҳо, ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷӣ, истифодаи кортҳои бонкӣ дар мағозаҳо, ки дар таъмини кафолати бехатарии маблағи мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, афзун намудани мизоҷони бонк ва зиёд намудани сандуқи қарзӣ мусоидат мекунад, ба масъулини бонк сопоришҳои мушаххас ироа кард.
Дар робита ба масъалаи рафти иҷрои қарори раиси вилоят оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», ки аз рӯи он сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров гузориш дод, раиси вилоят Ёдгор Файзов фаъолияти сохторҳои марбутаи соҳаи тандурустии вилоятро дар самти пешгирӣ кардани касалиҳо, аз ҷумла нашъамандӣ, ВНМО, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар байни ҷомеа, нигаҳдошти саломатии занони ҳомиладор нокифоя арзёбӣ намуда, аҳамият надодан ба одитарин қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, истеъмоли нодурустӣ ғизо, камҳаракатӣ, машғул нагардидан ба варзишро аз омилҳои гирифтор шудан ба ҳар гуна бемориҳо маънидод кард. Вобаста ба пурсиши раиси вилоят дар мавриди “коронавирус” Фарид Музаффаров гуфт, ки аз 29 нафаре, ки дар карантин қарор доштанд, танҳо як нафар ҳоло дар беморхонаи вилоятӣ қарор дорад ва хушбахтона, то ҳоло нишонаҳои ин беморӣ дар вилоят ба қайд гирифта нашудааст.
Одинашо Мардов, сардори Раёсати маорифи вилоят оид ба Рафти иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти мактаб-интернатҳо дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълими нави мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намуда, қайд кард, ки дар вилоят 13 мактаб-интернат мавҷуданд, ки аз инҳо 12 мактаб-интернати назди мактабӣ ва як интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон мебошанд.
Дар алоқамандӣ ба масъала Раиси вилоят иброз дошт, ки фаъолияти мактаб-интернатҳо дар вилоят мунназам набуда, дар аксарияти онҳо шумораи хонандагон бамаротиб кам аст. Тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд танҳо ятимони кулл ва яктарафа ба мактаб-интернатҳо фаро хонда шаванд. Дар ҳоле ки дар вилоят шумораи ятимони кулл ва яктарафа кам аст, фарогирӣ ба мактаб-интернатҳо аз дигар қишрҳои ҷомеа, бахусус аз оилаҳои камбизоат ва қишлоқҳое, ки мактаб надоранд ё аз муассисаҳои таълимӣ дуранд, ба манфитаи кор хоҳад буд. Раиси вилоят аз фаъолияти мактаб-интернатҳо дар ноҳияи Мурғоб мисол оварда, афзуд, ки имрӯз маблағҳои зиёд барои нигаҳдории онҳо ихтисос дода мешавад, вале фаъолияти онҳо дар доираи маблағҳои ҷудогардида чандон назаррас нест. Дар мавриди мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон қайд гардид, ки агарчӣ ин муассиса барои 640 нафар пешбинӣ гардида бошад, имрӯз дар ин ҷо танҳо 247 нафар таҳсил доранду халос.
Ёдгор Файзов аз маъсулини Раёсати маорифи вилоят тақозо кард, ки масъалаи мазкурро ҳамтарафа таҳлил намуда, ҷиҳати фарогирии қишрҳои мухталифи ҷомеа ба мактаб-интернатҳо ва ҷоннок кардани фаъолияти онҳо пешниҳод манзур намоянд.
Дар машварат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, муаррифии барномаҳои номзадҳо ба вакилӣ пеш аз интихобот дар ВАО, ташкили суҳбату вохӯриҳои ҳаррӯзаи номзадҳо ба вакилони ҳалқ бо сокинони вилоят, иштироки дастҷамъонаи мардум дар интихобот баррасӣ шуданд.