ҲАМКОРИҲО ИДОМА МЕЁБАНД

Баракати сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Тоҷикистон ва зҳмати шабонарузиву обрую нуфузи шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва шарикон рушд ҳар сол сатҳи навро касб карда истодааст. Яке аз чунин мамлакати дуст дӯст ва ҳамкор бо Тоҷикистон ин Ҳукумати Ҷопон мебошад. Ҳамкориҳои ин ду кишвар хусусан баъди сафари хизматии Пешвои миллат ба давлати Ҷопон ва вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Олии ин кишвар хеле густурда ва гуногунҷабҳа гардиданд. Ин аст, ки таи солҳои охир Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония садҳо барномаро рӯи кор оварданд. Фақат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зиёда аз 25 барномаи таъиноти гуногун амалӣ гардиданд. Фақат соли 2019 бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар вилоят сохтмонӣ беморхонаи деҳаи Конақурған, шуъбаи эҳё ва шуъбаи кӯдаконаи касалхонаи вилоятӣ, хати оби нӯшокии Санобод сохта мавриди истифодабари қарор дода шуданд. Хушбахтона имсол низ 4 барнома аз қабили азнавсозии боми Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ ва сохтмони бунгоҳҳои тибби дар деҳаҳои Кулумбаи болои болои ноҳияи Дарвоз, деҳаи Баҷуи ноҳияи Рӯшон ва деҳаи Питоби ноҳияи Шуғнон тавассути Фонди Оғохон руйи кор хоҳанд омад. Маблағи умумии шартнома 2,440741 сомониро ташкил медиҳад. (Сафорати Ҷопон 2,078303 сомонӣ ва Фонди Оғохон 362,438 сомонӣ)
Хотиррасон бояд намуд, ки Ҳукумати Ҷопон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси давлатӣ ва рушди инфросохтори зарурӣ тавассути Оҷонсии Ҷопон оид ба рушд (JIKA) бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамкории пурарзиш дорад.